Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеи ман - “Қишлоқи тиллоӣ”


Маркази Душанбе
Маркази Душанбе

​Ман чанд сол пеш дар як озмуни байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Норвегия дар мавзӯи “Шаҳри орзуҳои ман” ширкат кардам ва дипломи махсусеро ба даст овардам, ки онро бисёр қадр мекунам.

Бар асоси шарти озмун, иншо бояд ба забони англисӣ мебуд ва ҳоло мехоҳам онро ба забони тоҷикӣ ва бо баъзе ихтисору тағйирот ба хонандагон пешниҳод намоям.

Ҳафиз Қаландаров - мутахасиси соҳаи ҳифзи муҳити зист

«Шаҳри идеалӣ»

Масъалаи шаҳри идеалӣ дар ҳар замон таваҷҷуҳи мардумони хирадманди ҷомеаро ба худ кашидааст ва то имрӯз масъалаи доғу мавриди таваҷҷуҳ аст.

Масалан Афлотун дар Юнон масоҳати шаҳри идеалӣ ва аҳолии онро нишон додааст ва муайян кардааст, ки ба сокинон бояд чӣ қадарӣ замин дода шавад. Баъди ин ҳама тақсиму таъйинот Афлотун ба раҳбарони шаҳрдорӣ тавсия медиҳад, ки дар майдони марказии шаҳр савганд бихӯранд, ки ҳеҷ гоҳ қарорҳои худро дар бораи тақсими замин ва сарҳади шаҳр дигар намекунанд.

Дар тафсирҳои асримиёнагӣ дар бораи меъмории шаҳри идеалӣ омадааст, ки зиндагии сокинони шаҳр чунин аст, ки зери назари ҳамдигар сурат мегирад, дар майдонҳо, ки ҷавонон ҷамъ меоянду хушҳолӣ мекунанд, ҷое, ки куҳансолон менишинанду суҳбат мекунанд.

“Шаҳри идеалӣ бояд эҳсосро тарбият кунад, ақлу равонро ислоҳ кунад.”

Ман дар аввали иншоям дар бораи ғояҳо ва тассавурот дар бораи шаҳри идеалӣ навиштам, дар бораи давлати тоҷикон ва масалан дар бораи достони “Қишлоқи тиллоӣ”- и Мирсаид Миршакар.

Ман навиштам, ки “Достон соли 1942 ҷоизаи давлатии ба номи Сталинро ба даст овард, ки баробар бо ҷоизаи адабии Нобел дар шӯравӣ ва ё ҷоизаи адабии Пулитзер дар Амрико буд.

«Қишлоқи тиллоӣ» - Мирсаид Миршакар

Як марди камбизоат, падари Шараф дар кӯҳҳои баланди Помир дар бораи “қишлоқи тиллоӣ” мешунавад ва барои ҷустуҷуи он кӯҳҳову биёбонҳоро тай мекунад.

Дар ниҳояти амр, “қишлоқи тиллоӣ”-ро пайдо намекунад ва хаставу зор ва дар яъсу навмедӣ ба хона бармегардад. Дар тасаввури ӯ дар ин қишлоқ тилло арзиш надорад, дару деворҳояш аз тилло ҳастанд, ҷое, ки ҳама баробаранд ва сиҳату саломат ва хушбахт зиндагӣ мекунанд...

Вақте бармегардад, мебинад, ки “Қишлоқи тиллоӣ”- қишлоқи орзуи онро дар зодгоҳаш дар колхози ба номи Сталин месозанд.

Албатта вақти ҷустуҷу хаставу пир мешавад, вале аз дидани қишлоқаш илҳом мегирад ва ба “сохтмони умумии қишлоқи тиллоӣ” мепайвандад. Ӯ абзорҳои дастии сохтмониро бо худ мегирад, дар ҳоле, ки атрофи ӯ ҳама бо мошину трактор кор мекунанд. . .

Шарти озмун зери шиори “Шаҳри соддаи рӯъёии худро бисоз” талаб мекард, ки ба далелу ваҷҳи қотеъ биёред ва барои ҳамин ман далелу арқом овардам, то касро ба андеша ва кор водор кунад ва пеш аз ҳама аз усулҳои хаторо ислоҳ кунад.​

Душанбе- пойтахти Тоҷикистон

пойтахти яке аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Осиёи Марказӣ аст, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ кишвари ҷаҳони саввум ба ҳисоб меравад.

Кишварҳои ҷаҳони саввум бо тамоми мушкилоту чолишҳо: Ба мисли камбизоатии зиёд, фасодкорӣ, дастрасии номуносиб ба барқу оби пок, хадамоти тиббиву иҷтимоӣ ва мушкилоти экологӣ.

Тақрибан як миллион нафар аз тоҷикон пайваста барои кор ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд.

Ҳамаи ин мушкилотро дар баробари мушкилоти дигар дорад, ҳамроҳ бо хушкидани Баҳри Арал, истифодаи захираҳои обу энержӣ, об ва шабакаҳои обрасонӣ ва густаришу қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиди ифротгароӣ.

Ман ин масалро ёд овардам, ки “Гоҳо дӯст доштани тамоми ҷаҳон осонтар аз дӯст доштани ҳамсоя аст” ва аз марзҳои минакоришудаи “кишварҳои бародар” ёдовар шудам, ки ҳар вақт як нафар онҷо ҳалок мешавад.​

Мушкилот ва роҳҳои ҳалли кӯчаҳои Душанбе

Ин масалро ҳам ёдовар шудам, ки “Вақте се инсон ба ҳам меоянд, тамоми ҷаҳон ба як оила табдил мешавад” ва онро чунин тафсир кардам:

Душанбе бо меҳмононаш, ки аз Афғонистону Ҳинду Покистон, Эрон ва Русияву дигар кишварҳо барои кору зиндагӣ меоянд, дар худ мушкилот ва чолишҳои ҷаҳониро инъикос мекунад.

Идеяҳову анъанаҳо гоҳо бисёр радикалӣ ҳастанд, бемориҳо ба мисли вируси норасоии масунияти бадан, домана ва вараҷа, ки дар Тоҷикистон аз байн рафтаанд, ҳоло аз марзҳои боз ҳаракат мекунанд ва мисли одамон ба ҳам омехта мешаванд.

Дар ин миён, истеъмоли маводи мухаддир ва густариши он дар кишвар ва транзити он ба Русия ва сипас ба Аврупо яке аз таҳдидҳои асосӣ ба шумор меравад.

Паоло Лембо, раҳбари пешини Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, як замон ба ҳамкорӣ ба минтақа даъват карда ва гуфт, ки мушкилоти зиёде дар кӯчаҳои Амстердам ва Парижро метавон дар инҷо дар Осиёи Марказӣ ҳал кард.​

Мо ҳам суолҳое дорем

Аз тарафи дигар мо низ ҳақ дорем, бипурсем, ки роҳи ҳалли мушкилоти зиёди мо маҳз дар кӯчаҳои Аврупо аст. Ба мисли онки талабот ба маводи мухаддирро кам кунанд, то мо қочоқбар надошта бошем. (Чанде пеш раиси ҷумҳур гуфт, ки маводи кимиёвӣ барои омода кардани маводи мухаддиро аз кишварҳои пешрафта меоранд.”

“Айни чиз бо идеяҳои зиёновари зиддиҷамъиятӣ ва ифротиест, ки ба вуҷуд меоянд ва дари сарҳо мечарханд. Бояд бисёр ва боэҳтиёт кор кард, то пеши роҳи ин бемориро дар замони хуруҷаш гирифт.” Муҳим он аст, ки ин хатарро на бо технологияҳои навтарин ва гарон мисли мушаку бомб, ки тамоми деҳотро нобуд мекунанд, рафъ кард." ​

Душанбе – шаҳри хушиқбол ва муқаддас

Ман дар иншо навиштам, ки ҳама чӣ дар мо бад нест ва ба тасвири ҷанбаҳои мусбати зиндагиамон пардохтам. Ноумедӣ нест, дар воқеъ баръакс аст.

Қисман ба шарофати замони шӯравӣ сатҳи саводнокӣ хуб аст, бесаводии хоси кишварҳои ҷаҳони саввум тақрибан нест, хадамоти тиббӣ ва маориф тақрибан дар тамоми кишвар ҳаст, зербунёдҳои лозимаи шаҳр, шабакаҳои обрасонӣ, фозилоб, роҳу хати барқ ва ғайраву ҳоказо вуҷуд дорад. Ҳамаи инро мо қисман нигаҳ доштем, баъзеро аз нав сохтем ва ҳоло бояд тараққӣ бидиҳем. Барои ин бояд фавран чизҳои зиёдеро ба шароити иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ кунем.

Толеи Душанбе ҳамеша баланд будааст. Аввал ҷойи бозор буд, ки ин толеъро на ҳамаи рустоҳо доштанд ва баъдан фиристодаҳои Русия табибони рус Душанберо ҷойи бунёди шифохона интихоб карданд ва инҷо аз ҳисоби Русия барои тамоми минтақа шифохона сохтанд.

Баъди бунёди ҳукумати шӯравӣ Душанберо пойтахти Тоҷикистони советӣ интихоб карданд ва муддати тӯлонӣ номи барои он замон пурифтихори Сталинободро дошт.

Дар солҳои 90-ум дар замони ҷанги дохилӣ хиради мо имкон дод, ки Душанберо эҳтиёт кунем ва аз харобиҳои фалокатбор эмин нигаҳ дорем. Ҳоло Душанбе яке аз амнтарин шаҳрҳои дунёст. Иқболи Душанбе бо назардошти баъзе истисноҳо аз назари шаҳрдорон баландӣ кардааст.

Дарки воқеиятҳои зиндагӣ

Дар замони шӯравӣ дар замони дар ивази тамоми имтиёзҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҳукумати марказӣ медод, мо бояд пахта парвариш мекардем, бо сиёсати он розӣ мешудем, ба капитализму империализм нафрат медоштем, шиорҳои онҳоро дар чорабиниҳое ба мисли таҷлили рӯзи инқилоб ва зодрӯзи Ленин мебардоштем.

Ҳамаи ин осон набуд. Парвариши пахта мушкил аст, баъдан ҷамъоварии он ва бо ҷалби донишҷӯёну пиру ҷавонон. Баъзе аз ин афрод, ки ҳоло ҳам зиндаанд, дар ёд доранд, ки бо омадани ҳукумати шӯравӣ, идеологияи бунёди низоми нав ва инсони нав омад. Диндорон таъқиб мешуданд, масҷидҳоро вайрон мекарданд, моликияти хусусӣ ба умумӣ ва моликияти сотсиалистӣ табдил дода шуд.

Ба фарҳанги коргарӣ бояд ҷомаи миллӣ мепӯшониданд ва баъдан шӯхиомез мегуфтанд, ки ин фарҳанг нӯшидани водкаи русӣ дар чойнику пиёла аст. Зимнан ҷойи фарҳанги бумӣ ва забони миллӣ ба тадриҷ танг шуд ва онҳо мақоми худро аз даст медоданд. Ҳатто худи Душанбе то соли 1961 номи Сталинобод, шакли тоҷикии Сталинградро дошт.

Як замони талх ҳам буд, ки тамоми аҳолии кишварро бесавод карданд ва аз соли 1922 алифбои лотиниро ба роҳ андохтанд ва баъди 20 сол онро ба хати кириллӣ табдил доданд.

Барои таърих зоҳиран таҷриба кам буд, ки дар охири асри гузашта боз ҳам бо ташаббуси марказ, ҳамаро билкулл тағйир доданд. Баръакси гузашта хусусигардониро пеш гирифтанд, ба бунёди саросарии масҷидҳо шуруъ карданд ва бо иштиёқ ба дин рӯ оварданд…

(Шояд аз ҳамин аст, ки баъзан зиёиёни мо ҳангоми баъзе аз мусоҳибаҳо худро гоҳе мусулмон ва гоҳо марксист меноманд.​

Шаҳри рӯъёии худро бисоз

Чунин ба назар мерасад, ки аз замони шӯравии собиқ дар ҷомеаи мо ин ақида роиҷ аст, ки ҳамаи мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳамчунин экологии моро бояд ҳукумат ҳал кунад. Дар баёни бисёриҳо ин ақида роиҷ аст, ки обу барқ бояд ройгон бошад, чунки аз ин сарватҳо “зиёд дорем”.

Ба сабаби ҳамин ақидаҳост, ки мардум аслан ба лӯлаи бози об дар ҳавлӣ ва чароғи рӯшан даромадгоҳи бино аҳамият намедиҳанд. Буридани дарахтҳо, андохтани партоб дар ҳарҷо яке дигар аз одатҳост. Дар замоне, ки ҳама аз гармтар шудани иқлим дар изтироб ҳастанд дар маркази шаҳр лӯлаҳои оби гарм ва бе рӯкашро мебинем ва чунин ба назар мерасад, ки мехоҳем, тамоми шаҳрро гарм кунем.

Партобро дар мошинҳои боз мебаранд ва бод онро ба ҳар тараф пароканда мекунад. Тақрибан ҳар мавсими боронгарӣ, бо тарс мунтазири хуруҷи бемориҳои сироятӣ мемонем. Ҳарчанд мо метавонем ва бояд худамон мушкилоти зиёдеро ҳал кунем, албатта вақте мушкилотро возеҳ дарк кунем. Зарур аст, ки худамон зиндагиамонро дуруст кунем.​

Душанбе- шаҳри сулҳ

Яке аз коргарони муқими Душанбе бо шӯхӣ мегуфт, ки «Беҳтарин ҷойи назорати Душанбе, гӯристон дар шарқи шаҳр аст”.

Вале ман ба ин масъала амиқтар менигарам, ва ба масоили ҷиддӣ: Оромгоҳи Душанбе метавонист, рамзи ойини мадоро ва эҳтироми фарҳангҳо бошад. Дар инҷо оромгоҳҳои мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён дар канори ҳам ҷойгиранд ва мисли он ба назар мерасанд, ки идомаи ҳамдигаранд.

«Онҷо бисёр ҷолиб ва омӯзанда аст ва барои ҳамин мо ҳатман меҳмонони хориҷии худро ба онҷо мебарем. Шумо аз як дарвоза ворид мешавед, то ба оромгоҳҳои муштарак бирасед, оромгоҳи соддаи мусулмонон, панҷараҳои атрофи гӯрҳои масеҳиён ва гӯрҳои боҳашамати яҳудиён бо аксҳои зебои ҳаккокишуда дар сангҳои мармарӣ.

Дарвозаи муштаракро пирамардони тоҷик посбонӣ мекунад. Як дӯсти руси мо бисёр ҳайратзада буд. Мегуфт, ки чунин оромгоҳи боз ва алоҳидаи яҳудиёнро шумо дар бисёре аз кишварҳои Аврупо намеёбед.​

Зиндагӣ ва марги Татяна Ивановна

Дар фарҳанги мо ҳеҷ гоҳ хусумати диниву қавмӣ набуд, ҳарчанд мо ҷанги дохилие доштем, ки чанд гуруҳи ташнаи қудрат барангехтанд. Ҷамшед Тӯраев, муҳассили тоҷик таърихи омӯзандаи як зани руси муқими шаҳракеро навишт, ки чӣ гуна зиндагии хуб дошт ва баъди марг ӯро ҳамсояҳои мусулмонаш бар асоси фармудаҳои дини масеҳӣ дафн карданд.

Ҷамшед барои иншо аз дасти худи Комиссионери Ҳуқуқи Инсони Созмони Милал ифтихорнома гирифт. Дар иншо ман аз ҳамшаҳриҳои худ хостам, обрӯи баланди байналмилалии Душанберо, ки бо шарофати хислатҳои хуби мо, кӯшиши мардум ва раҳбарияти шаҳр ба даст омадааст, ҳифз кунанд.

Душанбе ба бисёриҳо хуш меояд, бахусус ба меҳмонон, аммо барои ман Душанбе “Қишлоқи тиллоӣ” аст, бо дару тирезаҳои тиллоӣ, ки онҷо мардум баробар ва бо кӯмаки ҳам зиндагӣ мекунанд. Ва шаҳрест, ки бояд ҳамроҳ бисозем.​

Ба ҷойи охирсухан.

Дар иншои худ ман як ҷанбаи бисёр муҳимеро зикр кардам. Инро ки Шаҳри рӯъёҳо ё “Қишлоқи тиллоӣ”- ро бояд ва метавон бо нерӯи худ ва дар ватан сохт… Ман бовар дорам, ки хонандаи ин навишта бо ман мувофиқ аст, ки дар муддати кӯтоҳе дар Тоҷикистон бисёр чиз тағйир ёфт!

Ҳоло дар бораи “оби бепул, ки дар мо зиёд аст”, камтар мегӯянд. айни чиз бо нерӯи барқ аст. Ҳоло акнун мардум мефаҳманд, ки на барои обу барқ, балки барои таҷҳизоту хадамоте пул мепардозанд, ки обу барқро мерасонанд. Чизе ки бепул буда наметавонад. Душанбе ба як маркази қавии саноатӣ ва технологияҳои пешрафта табдил меёбад.

Баъди дидани Кохи Наврӯз, як меҳмони олмонӣ гуфт, ки мо метавонем, Мерседес ҳам истеҳсол кунем. Душанбе ба боғ табдил меёбад. Покизагии шаҳри моро ба покизагии шаҳрҳои Аврупо монанд мекунанд ва дигар партобро дар мошинҳои боркаши боз намебаранд.

Душанбе шаҳри дӯстӣ аст ва меҳмонону сайёҳон ҳама чунин андеша доранд. Хушбахтона чанд вақт пеш ва ба манфиати мардумони кишварҳои мо, муносибот бо Узбекистони ҳамсоя дар ниҳоят дуруст шуд ва кор барои барчидани минаҳо идома дорад.

Айни замон мо анъанаҳои беҳтарини худ, масалан, таҳаммул, меҳмоннавозӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ба бузургон ва эҳтиром ба афкори умумро нигаҳ медорем.

РАДИОИ ОЗОДӢ ИН МАТЛАБРО БАРОИ РИОЯТИ ГУНОГУНАНДЕШӢ ЧОП МЕКУНАД. МАТЛАБ ХОС НАЗАРИ МУАЛЛИФ АСТ ВА НАБОЯД НАЗАР ВА Ё АНДЕШАИ РАДИОИ ОЗОДӢ ПИНДОШТА ШАВАД.

XS
SM
MD
LG