Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Гузориши Авфи Байналмилалро эътироф намекунем»


Дар ин бора мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳорот дод.

Ҷумъахон Давлатов, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи президент дар порлумон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар гузориши тозаи созмони Афви Байналмиллал ё Amnesty International-ро эътироф намекунад. Аммо ҳамзамон ин мақоми тоҷик гуфт, ки «инкор низ намекунем, ки шиканҷа дар Тоҷикистон вуҷуд надорад».

Сабаби ноқаноатмандии ҳукумати Тоҷикистонро аз гузориши Афви Байнулмилал мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон чунин шарҳ дод, ки гузориши он дар асоси баъзе маводи "зиёдаравона"-и созмонҳои ғайридавлатӣ ва матбуоти тоҷик таҳия шудааст. Ба таъкиди Давлатов, дар замони Шӯравӣ ва муддати 20 соли истиқлоли Тоҷикистон алайҳи шиканҷа тибқи банди «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» муборизаи беамон бурда мешуд.

Аммо мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистно гуфт, ки бо сабаби мувофиқа мутобиқ намудани қонунгузории кишвар бо Конвенсияи байналмилалии зидди шиканҷа, банди алоҳидае ба Қонуни ҷиноӣ ворид карда шуд ва ҳадаф низ он аст, ки то омори дақиқ дар маврид ин навъи ҷиноят ба даст ояд. Вай афзуд, ахиран аз Тоҷикистон гузоришгари вижаи СММ дидан кард ва ба вазъ шиканҷа дар ҳама муассисаҳои марбут ба он ошно гакрдид, ки Тоҷикистон мунтазири гузориши ин мақоми СММ аст, то тибқи он, дар ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷода вуҷуд дорад, ҷаҳду талош хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи гузашта Рашид Гулмадшоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон низ гуфт, додситонӣ бо нигаронии созмони Amnesty International, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистонро бо шиканҷаи фарогири боздоштшудагон муттаҳам мекунад, мувофиқ нест.

Улфатшоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, «“Ин санҷиш расмӣ нест. Дар ҳоле, ки ин ташкилот (Амнести Интернешинал) санҷиши расмӣ нагузаронидааст, далелҳои аниқ надорад, ин фикри як ташкилот асту халос. Моҳи гузашта намояндаи хоси СММ Хуан Мендес ба ин ҷо омада, бо мақомоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ин масъалро матраҳ кард. Ҳатто рафта бо маҳбусон сӯҳбат намуд. Ҳолати маишиву модии онҳоро бо чашми худ дид. Ӯ як моҳ дар Тоҷикистон гашту тафтиш кард. Камбудӣ воқеан ҳаст. Мендес ҳам гуфт, ки камбудӣ ҳаст, вале намояндаи хоси СММ баҳои мусбат дод ва гуфт, ки дар Тоҷикистон қонуне дар иртибот бо шиканҷа қабул шуд, мубориза ҳаст, ҳаракат ҳаст ва ҳамин чораҳоро давом дода, вазъро бояд беҳтар кунем."

Дар гузориши ахири созмони Amnesty International ва ё Афви байналмилал гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ворид кардани банди алоҳидаи шиканфа дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон вазъ ҳанӯз тағйир нкакардааст ва хатми шиканҷа масъулияти давлат аст. Ин аст, ки дар изҳороти ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки шиканҷаро маҳкум карда, баҳри решакан кардани он талош варзад.

Дар ҳамин ҳол як масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, нигаронии Amnesty International ва созионҳои ба он шабеҳ ба хотири он аст, ки давлати Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар ба Конвенсиуни байналмилалии зидди шиканҷа шомил шавад. Аммо ин масъул мегӯяд, ки Тоҷикистон дар замина шитоб намекунад, зеро шомил шудан ба ин санади байналмилалӣ масъулияти гаронтаре дорад.

Чун ба таъкиди вай дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба ин санад ва баъдан агар Тоҷикистон натавонад тааҳудоташро иҷро кунад, фишор болои ҳукумат бештар хоҳад шуд. Ба қавли ин масъул шиканҷа мавзӯи бисёр ҳасос аст ва ин гуна маворид дар гузашта низ буд ва ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад.

Бо ин ҳам ин масъул иродаи Тоҷикистон барои мубориза алайҳи шиканҷаро муҳим хонд ва гуфт, ки боздошти як маъмури пулис дар вилояти Хатлон, ба ин иттиҳом пас аз ворид кардани банди алоҳида ба қонуни ҷиноӣ, худ далели собитқадамии ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ҳама гуна зӯроварӣ аст.
XS
SM
MD
LG