Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳамлаҳои террористӣ дар Порисро маҳкум кард


Тоҷикистон ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Порис -- пойтахти Фаронсаро, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд, маҳкум кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои ваҳшатноки террористӣ дар шаҳри Пориси Фаронсаро, ки беш аз 100 кушта ба ҷой гузошт, қотеъона маҳкум кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ба худ ба Франсуа Олланд, ҳамтои фаронсавиаш ин ҳамлаҳоро амали ғайриинсонии як идда ҷинояткорон хонд, ки бо истифода аз номи ислом онро пӯшиш медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар ғаму андӯҳи мардуми Фаронса шарик ҳастанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин нерӯҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем."

Шомгоҳи 13 ноябр дар шаш нуқтаи шаҳри Порис -- пойтахти Фаронса тирандозӣ ва таркишҳо рух дод. Ба гуфтаи мақомоти Фаронса, ба асари ин ҳамлаҳои даҳшатнок беш аз сад нафар кушта шуданд.

Ҳамлаҳои маргбор дар пойтахти Фаронса ҷомеаи ҷаҳониро такон дод ва маҳкумиятҳоро дар пай дошт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Қасри Сафед гуфт, ки ин ҳамлаҳо на танҳо ҳамла болои Порис ва Фаронса, балки ҳамла болои инсоният ва арзишҳои муштараки ҷомеаи башарӣ аст. Барак Обама гуфтааст, ки Амрико дар баробари ин ҳамла дар паҳлӯи Фаронса истодааст.

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо тасаллият бо давлат ва миллати Фаронса хостори иттиҳод дар мубориза бо терроризм шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Ватикан низ ҳамлаҳои террористӣ дар Порисро маҳкум кардаанд.

Ҳасан Рӯҳони раиси ҷумҳури Эрон низ дар паёме ба ҳамтои фаронсавии худ Франсуа Олланд ҳамлаҳоро маҳкум кардааст. Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми худ гуфтааст, ки "аз номи миллати Эрон, ки қурбонии терроризм аст, ин ҷиноятҳоро маҳкум мекунам."

Ҳамлаи шаби гузашта даҳшатноктарин амали террористӣ дар таърихи Фаронса гуфта мешавад. Дар пайи ин ҳамлаҳо, президенти Фаронса дар саросари он кишвар вазъияти фавқулодда эълон кард ва дастур дод, ки марзҳои кишвар баста шаванд. Бисёре аз мактабҳои Фаронса, ки маъмулан рӯзҳои шанбе боз ҳастанд, таътил шудаанд ва мусобиқаҳои варзишӣ дар ин кишвар ба таъхир гузошта шудааст.

Мақомоти Порис аз мардум тақозо кардаанд, ки хонаҳояшонро тарк накунанд. Ҳамчунон ҳаракат дар метро манъ шудааст. Президенти Фаронса Франсуа Олланд тавассути телевизион гуфт, ҳамлаҳо «назир надоранд» ва амалиёт дар ҷараён аст. Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Фаронса сафари худ ба Туркияро лағв кардааст.

Ҳамлаҳои хунбор дар Порис
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

XS
SM
MD
LG