Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тақрибан 100 мошинро дар марз бо Чин боздошт


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳаракати тақрибан 100 мошини борбарро дар марз бо Чин боздоштааст. Моликони мошинҳо барои интиқоли аз меъёр зиёди бор муттаҳаманд.

  • Ин мошинҳо аз 2-юми май ба ин тараф дар терминали Тохтамиш, ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баландӣ дорад, нигаҳ дошта мешаванд.
Чанд нафар бемор аст, ҳаво намерасад ва нафас кашидан мушкил аст. Нон 8 сомонӣ аст ва як коса шурбо 20 сомонӣ.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки мошинҳои боркаш аз ҳаҷми пешбинишуда бештар бор интиқол додаанд, ки хилоф ба меъёрҳои роҳҳои Тоҷикистон аст. Як масъули Вазорати нақлиёт рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар роҳҳои Тоҷикистон ҳаракати мошинҳо бо 40 тонна бор иҷозат аст, “вале дар аксар маврид ронандаҳо ин меъёрро нақз мекунанд”.

"Аз 50 то 80 тонна бор меоранд"

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Ин мошинҳои боркаш, ба гуфтаи масъули Вазорати нақлиёт, ҳоло аз 50 то 55 тонна вазн доранд ва дар сурати бо ин вазн ҳаракат карданашон ба роҳу пулҳо осеб мерасонанд. “Аксар мошинҳои боркаш аз 50 то 80 тонна бор ворид мекунанд, ки боис ба вайрон шудани роҳҳо мегардад. Бахусус, пулҳо корношоям мешаванд, ки бардоштани аз 30 то 40 тонна борро доранду бас. Ҷанҷоли вазорат бо ширкатҳои боркашонӣ доим сари ин масъала ҳаст”, - афзуд ӯ.

Ҷойе, ки ҳоло мошинҳои боркашонӣ қарор доранд, тарозуи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон насб шудааст. Масъулони вазорат мегӯянд, чанд дафъа ба ширкатҳои боркашонӣ ин масъаларо матраҳ кардаанд, вале онҳо ба интиқоли бори аз меъёр зиёд давом медиҳанд.

Ронандаҳо: "Вазъи бад дорем"

Ронандаҳои мошини боркаш мегӯянд, қаблан дар ин минтақа ба чунин як мушкиле дучор нашуда буданд. Онҳо мегӯянд, дар ин минтақаи сарди баландкӯҳ, ки нафаскашӣ душвор аст, маблағу захираи хӯрокашон тамом шудааст ва аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Сироҷ Асоев, ронандаи мошини боркаш, ки аз Қошғари Чин вориди Тоҷикистон шудааст, рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳамон вазн бор ворид карданд, ки қаблан ворид мешуданд ва мушкиле надоштанд. Асоев мегӯяд, ҳоло барояшон мегӯянд, бо вазни аз 40 тонна бештар ба Тоҷикистон ворид намешуданд.

“На ҷаримаамон мекунанд ва на бори зиёдатиамонро поён меоваранд, то иҷозаи рафтан пайдо шавад. Чанд нафар бемор аст, нафас кашидан мушкил аст, ҳаво намерасад. Нон 8 сомонӣ аст ва як коса шурбо 20 сомонӣ. Пули бисёриҳо тамом шудааст. Як роҳашро бояд пайдо кунанд ва моро ҷавоб диҳанд, ки равем, чун вазъиятамон бад аст”, - гуфт ӯ.

"Агар як-ду рӯзи дигар давом кунад..."

Алишер Аҳмадов, ронандаи дигари мошини боркаш, гуфт, даҳ рӯз боз сару тан нашустаанд ва ҳоло ҷое қарор доранд, ки оби кофӣ барои нӯшидан надоранд. Вай гуфт, “ҳама ронандаҳо аз чирк буй гирифтаанд. Аз хона берун шуданамон як моҳ шуд. Дар ҷойе, ки ҳастем, ҳеҷ шароит барои зиндагӣ вуҷуд надорад”.

Ноҳияи Мурғоб
Ноҳияи Мурғоб

Ғолиб Ёров, ронандаи дигари мошини боркаш мегӯяд, ин мавзеъ сард аст ва аз ин рӯ, барои гарм шудан мошинҳояшонро дар ҳолати кор кардан нигоҳ медоранд: “Сӯзишвории зиёд сарф шудааст. Агар як-ду рӯзи дигар давом кунад, сӯзишворӣ ҳам тамом мешавад. Мошин кор накунад, ронандаҳоро сармо мезанад.”

Ронандаҳои дармонда дар ин масир мегӯянд, 4 ҳазор сомонӣ маош мегиранд ва моҳе як бор аз Чин ба Тоҷикистон бор интиқол медиҳанд. Тасмими чанд тонна бор интиқол додани онҳоро аксаран ширкатҳои нақлиётӣ мегиранд. Намояндаҳои ширкатҳои нақлиётӣ ин мавзуъро шарҳ надоданд.

"Дар Чин иҷоза намедиҳанд"

Вале ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Вазорати нақлиёт гуфт, бар асоси иттилое, ки дастрас шудааст, аз Чин то марзи Тоҷикистон молу маҳсулотро бо се мошин меоранд, вале пеш аз ворид шудан ба кишвар онро ба як мошин бор мекунанд: “Дар Чин иҷоза намедиҳанд, вале ширкатҳои боркашонӣ ба дунболи манфиати худ харобшавии роҳҳоро сарфи назар карда, бо як мошин ва ҳаҷми зиёд ворид мешаванд.”

Роҳе, ки ҳоло мошинҳои боркаш дармондаанд, ягона роҳи воридоти молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон аст. Аз марзи Чин то Душанбе беш аз ҳазор километр роҳ аст, ки аксари қитъаҳои он душворгузар аст.

Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин солона ба ҳисоби миёна 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Чин яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG