Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО, АКС


Гузаргоҳи "Ҳаштяк" дар ноҳияи Спитамен

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 1-уми март дар марз бо Узбекистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт. Дар миёни онҳо гузаргоҳи байналмилалии "Саразм-Ҷартеппа" низ ҳаст, ки дар канори шаҳри Панҷакент ва дар сарҳад бо Самарқанд воқеъ буда, солҳо боз баста буд. Девори байни ин гузаргоҳро, ки бо номи “Девори Ислом Каримов” маъруф буд, рӯзи 18-уми феврали имсол вайрон карданд.

Қатори Кӯлоб-Маскав аз тариқи роҳи оҳани Амузанг мегузарад

Гузаргоҳи "Ҳаштяк" дар 60-километрии шаҳри Хуҷанд ва дар марз бо вилояти Бекободи Узбекистон ҷойгир аст

Ифтитоҳ ё дубора фаъол шудани гузаргоҳҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ду ҳафта пеш бо шурӯи кори "Патар" дар шаҳри Конибодом ва "Сарбанд" дар ноҳияи Спитамен оғоз ёфт. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи якуми март гузаргоҳҳои "Ӯротеппа - Кушкент", "Ҳавотоғ - Учқурғон", "Зафаробод - Ҳавастобод", "Ҳаштяк - Бекобод", "Навбунёд - Поп", "Равот", "Айвоҷ" (Гулбаҳор) ва гузаргоҳи роҳи оҳани "Ҳошади - Амузанг" низ кори худро дубора оғоз карданд. .

Интизор меравад, баъд аз чанд сол, рӯзи 7-уми март қатори мусофирбар аз Кӯлоб ба Маскав ба воситаи роҳи оҳани "Хошади - Амузанг" ҳаракат кунад. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ин рӯзро мардуми ду кишвар дер боз интизор буданд.

Ифтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбeкистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:01 0:00

ВКХ: Ин рӯзро мардум дер боз интизор буданд

То кунун аз 16 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон танҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ва гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ фаъол буд.

"Ин равуои шаҳрвандони ҳар ду кишварро ба таври чашмгир осон мекунад. Барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хидмат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад", - гуфта шудааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Аксҳо аз маросими ифтитоҳи гузаргоҳи Ҳаштяк:

Манобеи ҳукумати вилояти Суғд низ гуфтанд, ки маросими ифтитоҳи гузаргоҳҳо рӯзи 1-уми март бо ҳузури мақомот, сокинони ду тарафи марз ва фаъолон сурат гирифт. Аз ҷумла, дар расми ифтитоҳи гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Тӯробҷон Ҷӯраев иштирок кардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи "Ҳаштяк-Бекобод", воқеъ дар марзи ноҳияи Спитамен бо вилояти Бекободи Узбекистон, иштирок кард. Муовини ҳокими вилояти Тошканд Алимардон Қаршиев гуфт, ин ҳодиса саҳифаи навро дар робитаҳои ду кишвар боз кард. Ӯ изҳори умед намуд, ки муносибатҳо миёни ду кишвар боз ҳам беҳбуд хоҳанд ёфт.

Гузаргоҳи "Ҳаштяк" воқеъ дар ноҳияи Спитамен дар 60-километрии шаҳри Хуҷанд ва дар марз бо вилояти Бекободи Узбекистон ҷойгир аст ва то шаҳри Тошканд ҳудуди ду соат фосила дорад. Ин гузаргоҳ дорои дидбонгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ буда, бо васоили пешрафта муҷаҳҳаз аст.

​Нармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Узбекистон ба Душанбе, як қатор созишномаҳои муҳим, аз ҷумла содда кардани низоми раводид дар байни ду кишвар матраҳ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG