Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳиби насрониро дар Хуҷанд ба додгоҳ бурданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳо, қарор аст, ба зудӣ дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи роҳиби калисои баптистҳо дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шавад.

Хабаргузории “Форум-18”, ки дар бораи аққалиятҳои мазҳабӣ ва озодии мазҳабу эътиқод менависад, хабар додааст, ки парвандаи ҷиноии Баҳром Холматов, роҳиби калисои Сонмин Сунбоҷим дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 22-уми июн ба додгоҳ расидааст ва қарор аст, муҳокимаи ӯ ба зудӣ шурӯъ шавад. Баҳром Холматовро 10-уми апрели имсол баъд аз тафтиши калисояшон дар шаҳри Хуҷанд дастгир кардаанд.

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Форум-18 гуфтаанд, ки ҳанӯз санаи муҳокимаро маълум накардаанд. Наздикони Баҳром Холматов, ки солҳо боз роҳиби калисои баптистҳо дар шаҳри Хуҷанд аст, рӯзи 2-уми июн зимни сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи қазия ва гуфтани иттиҳоми расмӣ алайҳи рӯҳонии масеҳӣ худдорӣ карданд.

Аммо дар як саҳифаи масеҳиён дар Русия аз пайравони ҷараёни баптистӣ хоста шудааст, ки дар ҳаққи Баҳром Холматов, ки “58 рӯз боз дар боздоштгоҳ аст” дуо кунанд, зеро муҳокимаи ӯ то ду ё се рӯзи дигар шурӯъ мешавад ва мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, калисои онҳоро дар Хуҷанд бубанданд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи иттиҳомот ба зидди Баҳром Холматов чизе нагуфтаанд, аммо моҳи апрел баъди боздошт эълон кардаанд, ки Баҳром Холматов ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар гузашта пайравони дигар мазҳабҳоро на ба ифротгароӣ, балки ба “барангехтани ихтилофу адовати мазҳабӣ” муттаҳам кардаанд.

Аз пайравони ҷараёни баптистӣ хоста шудааст, ки дар ҳаққи Баҳром Холматов, ки “58 рӯз боз дар боздоштгоҳ аст” дуо кунанд,

Ба гуфтаи пайравони калисои Сонмин дар Хуҷанд, рӯзи 10-уми апрел маъмурони амниятии Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ вориди калисо шудаанд ва мардумеро, ки барои ибодат омадаанд, латукӯб карда ва адабиёти диниашонро мусодира кардаанд. Як шӯъбаи калисои мазкур дар шаҳри Конибодомро моҳи феврал бастаанд.

Ба навиштаи “Форум-18”, ҳеҷ яке аз хешовандон ва ё пайравони калисои Сонмин дар бораи сарнавишти роҳиб, ки тақрибан 2 моҳ аст, ки дар боздоштгоҳ аст, сӯҳбат намекунанд, зеро метарсанд, ки аз тарафи мақомот ба мушкил дучор мешаванд.

Хабаргузорӣ ҳамчунин мегӯяд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 11 -уми июн як ҳамоиши пайравони мазҳаби калисои баптистиро, ки дар хонаи роҳибе дар Душанбе баргузор мешуд, пароканда кардаанд ва аз онҷо адабиёти мазҳабиву рӯзномаҳои онҳоро бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, азбаски пайравони ин гурӯҳ расман созмони мазҳабии худро дар кишвар сабти ном накардаанд, ҳаққи фаъолият надоранд. Давлати Тоҷикистонро солҳои ахир пайваста барои нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ ва озодии эътиқод танқид мекунанд.

Моҳи апрели имсол Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар кишвар ҳаққи мардуми мусулмон ва пайравони мазҳабҳои дигар поймол мешавад.

Дар ин гузориш аз рӯзи 26-уми апрел омадааст, ки “дар Тоҷикистон, аз ҷумла мусулмонҳо, протестантҳо, равияи насронии Шоҳидони Яҳворо зери фишор қарор ҳастанд ва бархе аз рӯҳониён бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.”

XS
SM
MD
LG