Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи истифодаи балонҳои газ дар баландошёнаҳои Душанбе


Чанд сол қабл дар яке аз баландошёнаҳои Душанбе аз зарфи газӣ таркиш ба амал омада буд, ки шаш нафар ҷароҳат бардоштанд. Акс аз бойгонӣ.
Чанд сол қабл дар яке аз баландошёнаҳои Душанбе аз зарфи газӣ таркиш ба амал омада буд, ки шаш нафар ҷароҳат бардоштанд. Акс аз бойгонӣ.

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки Хадамоти оташнишонӣ онҳоро барои истифодаи зарфҳои газӣ дар хонаҳои баландошёна ҷарима мекунад. Масъулони Хадамот мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯхтор истифодаи зарфҳои газӣ мамнӯъ шудааст.

Рухшона Ҳайдарова, як сокини 28-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, зарф (балон)-и гази моеъро солҳо боз барои пухтупаз истифода мекард, аммо се рӯзи пеш маъмурони Хадамоти оташнишонӣ ӯро барои ин 600 сомонӣ ҷарима карданд. Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба хотири зудтар омода кардани хӯрок ва сарфаи нерӯи барқ, бо воситаи газ хӯрок омода мекарданд.

Ин сокини шаҳри Душанбе гуфт, "омаданд, гуфтанд, ки барои балони гази 10-литра шумо бояд 600 сомонӣ ҷарима супоред. Гуфтанд, ки агар насупоред, тариқи суд аз ин бештар мегиред. Ҳашт сол аст, ки дар сеюм ошёна зиндагӣ мекунам, вале касе нагуфта буд, ки газ мумкин нест. Агар мо пухтупазу обҷӯшониро бо барқ кунем, маблағи зиёдамон сарф мешавад. Балони газ ҳам дар бебарқиҳо ва ҳам дар барқ будан барои мо хубтар буд."

Маҳалли таркиш аз зарфи гази дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе. Соли 2007. Акс аз бойгонӣ.
Маҳалли таркиш аз зарфи гази дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе. Соли 2007. Акс аз бойгонӣ.

Аксари сокинони хонаҳои баландошёна дар Душанбе мегӯянд, манъ кардани зарфҳои газӣ барои пухтани хӯрок дар баландошёнаҳо ҷиддитар шудааст.

Ҳамид Шокиров, як сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, дар хона набуд, аммо пушти дараш огоҳӣ насб шуда буд, ки агар зарфи газӣ дошта бошад, онро дигар истифода накунад: "Дар хона набудем. Вақте омадам, дидам ки як огоҳӣ навишта шуда буд, ки агар балони газӣ дошта бошеду онро берун накунед, ҳангоми тафтиши навбатӣ ҷарима хоҳед шуд."

​Санҷиши Хадамоти оташнишонӣ дар ҳолест, ки солҳои гузашта чунин талаботе барои сокинони баландошёнаҳо дар Душанбе набуд. Каромат Абдуллоев, сухангӯи Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, манъ кардани балонҳои газӣ дар баландошёнаҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯхтор аст.

-Таҷриба нишон дод, ки як балони газ дар як хона мекафад, вале як баландошёна оташ мегирад. Тибқи қоидаҳои бехатарӣ, истифодаи ин гуна балонҳои газ дар баландошёнаҳо манъ аст. Ҳоло шароити барқрасонӣ ва гармидиҳӣ дар Душанбе хуб шудааст ва ба хотири бехатарӣ сокинон, набояд аз балонҳои газ истифода кунанд,-гуфт,ӯ.

Сухангӯи Хадамоти оташнишонӣ афзуд, кормандони ин ниҳод талош мекунанд, то бидуни ҷарима аз истифодаи балонҳои газӣ ҷилавгирӣ кунанд. Дар сурати иҷро нашудани ҳушдорҳо, баъдан ин Хадамот сокинонро то 200 сомонӣ ҷарима мекунад.

Зарфҳои хурди газӣ, ки аз 5 литр то 30 литр ғуноҷиш доранд, дар Тоҷикистон зиёд истифода мешавад. Дар фасли сармо, ки дар аксари манотиқи Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ тариқи реҷа сурат мегирад, сокинон барои пӯхтани хӯрок аз ин навъи балонҳои газӣ истифода мекунанд.

Тобистони имсол масъулони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки нозирони милиса аз онҳо хоҳиш кардаанд, то афродеро, ки аз ду балон бештар газ мехаранд, номнавис кунанд. Мақомот гуфтанд, масъулони Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ бояд афроди машкукро, ки газ мехаранд, сабти ном ва ба мақомот хабар диҳанд.

Солҳои пеш борҳо аз таркиши балони газ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сӯхтор ба амал омада, фавти сокинон низ сабт шудааст. Манъи истифодаи ин навъи балонҳои газӣ танҳо дар Душанбе ҷараён дорад. Дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон чунин назоратҳо вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG