Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду инфиҷор дар Душанбе


Дар натиҷаи инфиҷор тирезаҳо ва панҷараи назди ин бино рехтааст
Дар натиҷаи инфиҷор тирезаҳо ва панҷараи назди ин бино рехтааст

Тақрибан соати 7-и субҳи имрӯз дар як бинои истиқоматӣ, воқеъ дар 60-метрии бинои ҳукумати шаҳри Душанбе, инфиҷор ба вуқуъ пайваст.

Бар асари ин таркишҳо бинои сеошёнаи рақами 64-и хиёбони Рудакӣ хисорот бардоштааст ва панҷараҳои ин бино рехтааст. Касе аз сокинони ин бино зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Ба гуфтаи бархе аз сокинони ин маҳалла, тахминан соати 7-и субҳ пайи ҳам се садои баланди таркиш паҳн шудааст.

Дар ҳоли ҳозир гурӯҳе аз кормандони вазоратҳои амният ва корҳои дохилии Тоҷикистон маҳалли ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки сарчашмаи инфиҷор балони газ будааст. Ин мақомоти умури дохила амали терористӣ будани ин ҳодисаро рад кардаанд.

Инфиҷор дар бинои 64-и хиёбони Рудакӣ рух дод

Вале ҳамзамон намояндагони гуруҳи ОМОН-и вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, ҳини тафтиш аз маҳалли ҳодиса пораҳои норинҷаки дастӣ кашф шудааст, ки бо ин фарзияҳои дигари ҳодисаро наметавон рад кард.

Дар ду ҳафтаи ахир чунин ҳодиса дар маркази шаҳр бори дуввум аст, ки рух медиҳад, Ахиран, 19 январ, дар назди бинои дигари истиқоматӣ, воқеъ дар паҳлуи Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ), таркиш рух дод ва мақомоти амниятӣ дар натиҷаи таҳқиқ дар он ҷо низ пораҳои норинҷакро пайдо карда будаанд.

XS
SM
MD
LG