Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон Қонуни ҳолати ҷангиро тасвиб кард. ВИДЕО


Дар сурати ҳаргуна ҷанг, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз ин марказ мудирият мекунанд.
Дар сурати ҳаргуна ҷанг, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз ин марказ мудирият мекунанд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон қонунеро тасвиб карданд, ки ба ҳукумат иҷоза медиҳад, дар шароити ҷангӣ моликияти мардумро бигирад ва дастрасии онҳоро ба иттилоъ маҳдуд кунад.

Бар асоси қонун "Дар бораи ҳолати ҷангӣ", ки рӯзи 29-уми май дар Маҷлиси намояндагон қабул шуд, "шаҳрвандон вазифадоранд, дар сурати ҳамлаи кишваре ба Тоҷикистон, ба ҳимояти он ҷалб шаванд ва молу амволашонро ҳам дареғ надоранд". Барои амволи мусодирашудаи сокинон аз тарафи давлат ҷуброн пардохт мешавад.

Дар банди дигари қонун омадааст, ки давлат ҳақ дорад, дар шароити ҷангӣ иртиботи телефониро қатъ ва матбуотро сонсур (сензура) кунад.

Маҷлиси намояндагон Қонуни ҳолати ҷангиро тасвиб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

​Эмомалӣ Собирзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки тарҳи қонунро ба вакилон ошно мекард, гуфт: "Дар ҳолати ҷангӣ бо мақсади мудофиаи давлат, метавонад иншооту нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода шавад. Барои риоя накардани реҷаи ҳолати ҷангӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст."

Ба гуфтаи вакилон, мақомот ҳақ доранд, на танҳо дар сурати ҳамлаи кишваре ба Тоҷикистон, балки дар сурати таҳдид ба кишвар "ҳолати ҷангӣ" эълон кунанд.

Зайниддин Сафаров, вакили порлумон гуфт: "Лоиҳаи қонун бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои мудофиаи Тоҷикистон пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз ба муқобили Тоҷикистон, мукаммал кардани иқтидори мудофиавии давлат пешниҳод шудааст."

Дар Тоҷикистон фақат раисҷумҳур ва порлумон ҳақ доранд, ҳолати ҷангӣ эълон кунанд. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, қонун нопурра аст ва бо моддаи 30-юми Конститутсия мухолифат дорад, ки мегӯяд, "сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст".

Дар Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ мақоме дар бораи таҳдиди ҳамлаи мустақим ё таҷовуз ба қаламрави кишвар суҳбат накардааст. Ончӣ ки то ҳол гуфтаанд, дар бораи эҳтимоли сирояти ноамнӣ аз Афғонистони ноором аст, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистону Русия дар марзҳои шимолии он беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯ ҷамъ омадаанд.

Аммо Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст, ки дар он 6 кишвар аз ҷумла Русияву Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Беларус, Арманистон шомиланд. Бино бар оинномаи он ҳамла ба яке аз аъзои паймон ҳамла ба ҳамаи онҳо шумурда шуда, ҳама бояд ба он посухи ҳарбӣ диҳанд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, эълони ҳолати ҷангӣ метавонад, дар сурати ноором шудани яке аз кишварҳои ҳампаймон барои Тоҷикистон ногузир бошад. Вай афзуд, дар ҳолати хатари берунӣ ба яке аз аъзои паймон Тоҷикистон "маҷбур хоҳад буд бо ворид кардани нерӯҳои худ ба он кишвар, вориди ҷанг шавад ва дар дохил низ ҳолати ҷангӣ эълон кунад."

Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳеҷ мақоме дар фикри ҷангидан бо кишвари бегонае нест, лек "агар ба таҷрибаи Венесуэлла ва Украина назар андозем, мушоҳида мешавад, ки мақомоти баландпоя талош карданд, бо истифода аз ҳолати ҷангии кишвар мӯҳлати салоҳияти худро тамдид кунанд. Ҳарчанд, фикр намекунам, ки дар Тоҷикистон ин қонун ба ин хотир тасвиб шуда бошад."

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати мудофиа, ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ мақомот ҳақ доранд, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, равуои шаҳрвандонро маҳдуд кунанд. Тибқи қонун, дар ҳолати ҷангӣ харидуфурӯши силоҳ ва машрубот манъ мешавад.

Дар Тоҷикистон, ки ҷанги 5-солаи дохилиро пушти сар кардааст, то кунун қонуне дар бораи ҳолати ҷангӣ вуҷуд надошт. Солҳои 90-ум дар замони ҷанги дохилӣ, муқаррароти "қуюди шабгардӣ" ва "ҳолати фавқулода" эълон шуд.

XS
SM
MD
LG