Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ва Душанбе ба ҳам дар соҳаи нақлиёт сабукиҳо доданд


Узбакистон ба убури қаторҳои Тоҷикистон аз роҳи оҳани навбунёд иҷозат дод ва Тоҷикистон боҷи нақлиётиро барои Узбакистон кам кард.

Уткур Астанов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Идораи боркашонӣ ва тиҷоратии ширкати «Узбекистон темир йуллари» аввали ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо «Гудок»- нашрияи расмии ширкати роҳи оҳани Руссия «РЖД» гуфтааст, Тоҷикистон аз онҳо ду дархост кардааст, ки якеаш аллакай иҷро шуд ва дуввумӣ дар ҳоли баррасӣ аст: «Дархости ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон натанҳо дар мавриди коҳиш додани боҷҳо, балки тағйири масири роҳҳо низ буд. Тибқи ин дархост, аллакай дар мавриди иҷозат додани ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон бо хатсайри нав қарор қабул шуд. Масъалаи кам кардани боҷ дар ҳоли баррасӣ аст».

Ба таъкиди Астанов, масири наве, ки ба қаторҳои Тоҷикистон дода шудааст, масофаи роҳро камтар мекунад. Ин мақом ҳамчунин гуфтааст, ки Тоҷикистон низ дар навбати худ мизони боҷи нақлиётиро барои қаторҳои Узбакистон довталабона поин бурдааст.

Анварҷон Латипов, роҳбари дастгоҳи ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” рӯзи 7-уми август ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, “мо боҷи нақлиётиро барои қаторҳои Узбакистон, ки аз роҳҳои Тоҷикистон убур мекунанд аз 30 то 50 дарсад кам кардем. Ҳамин гуна сабукиро ба қаторҳои Қирғизистон ҳам додем, ки аз роҳҳои оҳани мо истифода мекунанд”.

Ҷаноби Латипов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки онҳо боҷи гумрукиро барои Узбакистон коҳиш доданд, ҳамзамон аз роҳҳои дипломатӣ аз ин кишвар дархост карданд, ки Узбакистон низ низ боҷи гумрукиро барои Тоҷикистон то 50 дарсад кофиш диҳад.

Уткур Астанов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати «Узбекистон темир йуллари» гуфтааст, кишвараш дархости давлати ҳамсояро баррасӣ мекунад. Солҳои охир Узбакистон мизони боҷи нақлиётиро барои Тоҷикистон пай дар пай боло мебурд. Бори охир ин кишвар мизони боҷро то 32 дарсад боло бурд ва барои интиқоли як тонна сӯзишворӣ аз хоки ин кившар беш аз 197 доллар меситонд. Дар сурати то 50 дарсад коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ, арзиши интиқоли бор аз қаламрави Узбакистон ҳудудан 100 доллар аз ҳар тонна кам мешавад.

Бинобар омори ширкати давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», пас аз гарон шудани шудани боҷи нақлиётии Узбакистон соҳибкорони тоҷик боркашониро аз роҳи оҳан чаҳор маротиба кам карданд. Ширкати алюминии Тоҷикистон, бузургтарин муштарии Идораи роҳи оҳан низ аз ин хадамот бинобар гаронии боҷ даст кашид ва ҳамакнун аз нақлиёти автомобилӣ истифода мекунад. Аммо масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, аз коҳш ёфтани боркашонӣ натанҳо онҳо, балки худи Узбакистон ҳам солона ҳудуди 100 миллион доллар зарар мебинад. Тоҷикистон дар гузашта ҳам борҳо аз Узбакистон хоста буд, ки боҷи нақлиётиро кам кунад, аммо ин дархостҳо беҷавоб монда буданд.

Нозирони умур мегӯянд, ин далел, ки хабари эҳтимоли коҳиши боҷи нақлиётии Узбакистон барои Тоҷикистон аз тариқи матбуот эълон шудааст, метавон умедвор шуд, ки Узбекистон мавқеи худро дар баробари ҳамсоякишвари Тоҷикистон нармтар мекунад. Брюс Панир, таҳлилгари Радиои «Озодӣ» дар умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, якчанд омил Тошкандро водор кардааст то муносибатро бо ҳамсояҳои наздикаш, аз ҷумла Тоҷикистон беҳтар кунад

«Пеш аз ҳама хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ва хатароти амниятии ношӣ аз он Узбакистонро водор кардааст, ки муносибаташро бо кишварҳои ҳамсоя беҳтар кунад. Баъзе гузаштҳои ин кишвар барои Тоҷикистон дар заминаи нақлиёти роҳи оҳан ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон тарҳи роҳи оҳани нав аз Туркманистон тариқи Афғонистонро рӯи даст гирифт, ки ин ҳам бархеҳоро дар Тошканд ба андеша водор кард».

Ҷаноби Панир мегӯяд, чун Русия воридоти аксари маводи ғизоро аз Аврупо қатъ кард, бояд бозорҳои худро аз маҳсулоти кишварҳои дигар аз ҷумла Осиёи миёна пур кунад. Аз ин рӯ ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, Узбакистон дар ин лаҳзаи барои Русия ҳассос, аз эҷоди монеа дар равуои қаторҳои Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Узбакистон аз 109 километр роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои интиқоли борҳояш аз марказ ба вилояти Фарғона истифода мекунад. Аммо ягона роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷа пайваст мекунад, маҳз тариқи Узбакистон мегузарад, ки 1 ҳазору 700 километр тӯл дорад. Ин роҳ борҳо дар гузашта бо баҳонаи “таъмири техникӣ” баста шудааст.

XS
SM
MD
LG