Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Мирзо: "Тоҷикистон аз вазъ дар Афғонистон нигарон аст"


Шералӣ Мирзо гуфт, ки Тоҷикистон аз вазъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон ҳаст ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар барои муқобила бо ҳар гуна таҳдид аз хориҷ, омодагиҳо доранд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 19-уми март дар маросими ҷамъбасти размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” воқеъ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баргузор шуд, гуфт, ки раҳбарияти сатҳи олии кишвар аз вазъ дар он сӯи марз бо Афғонистон нигарон ҳастанд ва ҳама талошашонро ба харҷ хоҳанд дод, то мардуми Тоҷикистон дар оромӣ ва амният ба сар баранд.

Ба гуфтаи вазири дифои Тоҷикистон, размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки бо ҳузури 50 ҳазор нафар баргузор шуд, собит кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳолати хуби омодабоши ҷангӣ қарор доранд ва метавонанд ба ҳаргуна ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз хориҷ, посухи фаврӣ ва кӯбанда бидиҳанд.

Размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия рӯзи сешанбеи 15-уми март оғоз ёфт ва имрӯз шанбеи 19-уми март дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и ноҳияи Қубодиён воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, бо намоиши амалиёти ҷангӣ ба манзури саркӯбии "гурӯҳи террористӣ", ба анҷом расид.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар ин размоиш 950 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артилериву автомобилӣ, 20 адад ҳавопаймоҳои ҷангиву нақлиётӣ, бомбаандозу қиркунанда, авиатсияи дурпарвоз, 12 адад чархболҳои мухталифи ҳарбиву нақлиётӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, истифода шуданд.

Дар ин тамринҳои низоми муштарак 15 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои низомии Тоҷикистон, 30 ҳазор нафар нерӯҳои эҳтиётӣ, ки дар комиссариятҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карданд. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода -- раиси Хатлон --- вилояти ҳаммарз бо се вилояти ноамн дар шимоли Афғонистон -- Бадахшон, Тахор ва Қундуз дар ин маросим гуфт, ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" мояи ташвиш ва нигаронист ва баргузории размоиш дар ин минтақа, саривақтӣ будааст.

Дар размоиши муштарак, ҳамчунин наздик ба ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Русия, аз ҷумлаи нерӯҳои пойгоҳи 201-и он кишвар мустақар дар Тоҷикистон, ширкат карданд. Владимир Зарубинтский, фармондеҳи кӯшунҳои ҳавзаи марказиии ҳарбии Русия гуфт, онҳо дар ин размоиши муштарак нишон доданд, ки метавонанд дар ҳар ҳолат ба кӯмаки кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна бирасанд ва барои амнияти мардуми ин кишварҳо, омода бошанд. Владимир Зарубинтский ба чанд нафар афсарону масъулини қисмҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия, сарбозону афсарон, раисони се ноҳияи вилояти Хатлон тӯҳфаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо тақдим кард.

Ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати Исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад. Ба ин далел баргузории размоиши фарогир дар размоишгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон бесабаб нест ва як бори дигар ҳолати омодабошии нерӯҳои низомӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ ба манзури муқобила бо хатарҳои эҳтимолӣ санҷида хоҳад шуд. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG