Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Фаластин дар Ҳеврон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Фаластин дар шаҳри Ҳеврон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Фаластину Тоҷикистон шаби сешанбеи 6 сентябр дар майдони чаманаш сунъии Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Ҳеврон баргузор шуд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 39-ум ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 50-ум, Карлос Салом, бозигари мизбонон, аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро баробар кард.

Зимнан, ин аввалин дидори дастаҳои мунтахаби Фаластину Тоҷикистон буд. Ҳоло дар рейтинг ё раддабандии ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мунтахаби Фаластин дар мақоми 115-ум ва тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 144-ум қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ин чорумин бозии мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов ба шумор мерафт. Дар ду бозии пешин футболбозони тоҷик бар тими миллии Бангладеш бо ҳисобҳои 5:0 ва 1:0 пирӯз шуда, як бозиро бо мунтахаби Сурия бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буданд.

Доварони бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Фаластину Тоҷикистон аз Урдун буданд. Довари ФИФА Мурод Аҳмад Баҳит Ал-Заваҳреҳи 37-сола сардовари бозӣ, ҳамватанони ӯ - ёварони довари ФИФА Обид Ар-Раҳмон Ноҷӣ Муҳаммад Оқили 39-сола ва Маҳмуд Тоҳир Муҳаммад Абу Тоҳири 37-сола – доварони марзи майдон буданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 бозигар шомил буд. Дар байни онҳо чаҳор легионер - шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов аз дастаи «Олой»-и Қирғизистон, нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов аз бошгоҳи «Дунав»-и Булғористон, Парвизҷон Умарбоев аз дастаи «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев аз тими «Динамо»-и Брести Беларус - буданд.

Мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Фаластин бо чунин ҳайат бозӣ кард: Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Фарҳод Тоҳиров, 63), Умедҷон Шарифов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 63), Нуриддин Давронов (капитан, Ойбек Абдуғаффоров, 90+3), Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 80), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 85).

XS
SM
MD
LG