Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе форуми соҳибкорони тоҷику қирғиз доир мешавад


Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ин тавофуқ дар дидори ҳайати соҳибкорони қирғиз бо раҳбарии Руслан Актамбек, раиси Анҷумани соҳибкорони ҷавони Қирғизистон бо Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳосил шудааст.

Масъулони дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 10-уми март зимни тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки ҷонибҳо омодагии худро барои баргузории форуми соҳибкорони тоҷику қирғиз дар моҳи апрел дар шаҳри Душанбе баён карда ва баргузории онро барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя муҳим хонданд.

Руслан Актамбек, раиси Анҷумани соҳибкорони ҷавони Қирғизистон барқарории иртиботи мустақими соҳибкорони қирғизу тоҷикро омили рушди ҳар чӣ бештари фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ унвон кардааст. Зеро ба таъкиди ҷаноби Актамбек, "ҳамкориҳои иқтисодии Қирғизистону Тоҷикистон ба созмон додани ҳамкориҳои мустақими марбут ба интиқоли ашёи хом, молу колои мавриди ниёзи мардум ва ҳамчунин иртиботи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни минтақаҳои ду кишвар зарурат дорад."

Ҳасан Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон истифода аз имконоти фаровони ҳамкориҳо бо Қирғизистонро барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар боаҳамият арзёбӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба дунболи баста шудани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар ду моҳи гузашта, мизони тиҷоратӣ хориҷӣ байни ҳамсоякишварҳо 11 маротиба коҳиш ёфтааст. Тибқи иттиллои мақомоти гумруки Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2013 аз тариқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ ба маблағи 1 миллион доллар мол интиқол ёфтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки моҳи январи соли 2012 ин рақам 11 миллион доллар буд.

Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъд аз тирпаронии рӯзи 11-уми январ дар марзи Исфараву Бодканд баст. Дар охирон музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба раёсати Муродалӣ Алимардон ва Токон Маметов, муовинони нахуствазири Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таърихи 3 март, тавофуқ шуда буд, ки ҷониби ҳамсоякишвар ба зудӣ марзро боз хоҳад кард. Аммо бо гузаштаи ҳудуди як ҳафта аз ин нишаст, то кунун марз ҳамчунон баста аст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 6-уми март, аввалин корвони мошинҳо гузаргоҳи "Қарамик" "Гулистон" дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз он убур карданд, ки мақомот гуфтаанд, ки ин амр дар пайитавофуқ бо Чин барои воридоти таҷҳизот ба сохтмони Маркази гармидиҳии Душанбе - 2, сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG