Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се пешниҳоди Шеърдӯст барои оддӣ шудани равобити Эрону Тоҷикистон


Алиасғари Шеърдӯст
Алиасғари Шеърдӯст

Алиасғари Шеърдӯст – сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон – аз сиёсатҳои кишвараш дар баробари Душанбе интиқодҳое кардааст. Ӯ гуфтааст, нофаҳмие, ки миёни Теҳрону Душанбе ба вуҷуд омад, фақат аз роҳи гуфтугӯ, равуо ва эҷоди боварӣ рафъ хоҳад шуд. Шеърдӯст аз соли 2007 то 2013 сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.

  • Дипломати эронӣ дар ин бора дар суҳбат бо пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Фарору” рӯзи 23-юми апрел изҳори назар кардааст.
Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадумро сармоягузорӣ кардааст.

"Эрон якуним сол дар Тоҷикистон сафир надошт"

Сафири пешини Эрон дар мусоҳиба ба "Фарору" гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии кишвараш се сол пеш бо поёни маъмурияти ӯ ба муддати якуним сол касеро сафир таъйин накард аз тарафи сарпараст идора мешуд. Ба қавли Аслиасғари Шеърдӯст, ҳамин масъала сӯитафоҳумҳоеро барои ҳукумати Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

Ӯ дар Тоҷикистон дар идома гуфтааст, дар ин солҳо бисёре аз манфиатҳои Эрон дар Тоҷикистон ба хатар афтод ва ниҳодҳоди Эрон дар Тоҷикистон баста шуд ва мушкилоте ба вуҷуд омад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шеърдӯст, вақте вай ба унвони сафир ба Тоҷикистон рафта буд, талош кард як тафоҳум ва бовариву эътимодро байни ду тараф ба вуҷуд биёварад.

Аз нақби "Истиқлол" то... "Хонаи Эрон"

Нақби "Истиқлол"
Нақби "Истиқлол"

Сипас, ӯ ба амалкардҳои худ дар даврони маъмурияташ ва беҳбуди равобит миёни Душанбе ва Теҳрон ишора кардааст. Ӯ гуфтааст, давоми панҷуним соли сафирии ӯ, нороҳатиҳои қаблӣ бартараф шуд ва ҳамин заминаеро ба вуҷуд овард, ки Эрон битавонад дар Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷиддӣ анҷом диҳад.

Аз ҷумла, ӯ рушди хатти форсӣ бо чопи маҷмӯаи китобҳое ба номи "Баёз", ҳамкориҳои вазоратҳои маорифи ду кишвар, чопи китобҳои омӯзиши хатти форсӣ барои ҳама марҳилаҳои дарсӣ, густариши ниҳодҳои Эрон, аз ҷумла Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ва Ҳилоли Аҳмар, тарҳи калони “Хонаи Эрон”, бунёди бемористони муштарак, сохтани мактаб, толори варзиш ва пажӯҳишгоҳҳоро аз иқдомоти Эрон дар Тоҷикистон донистааст. Тарҳҳои бузурги иқтисодии Эрон аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва туннели "Истиқлол" дар ҳамин марҳила такмил шуданд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Бобаки Занҷонӣ дар додгоҳ
Бобаки Занҷонӣ дар додгоҳ

Баҳси Теҳрону Душанбе - Занҷонӣ, Кабирӣ ва...

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Алиасғари Шеърдӯст дар суҳбат бо пойгоҳи “Фарору” гуфтааст, иддаои ҳимояти Эрон аз амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон ба қабл аз давраи маъмурияти сафирии ӯ бармегардад. “Ин ҳам дар ростои сӯитафоҳумҳои ба вуҷудомада байни Эрон ва Тоҷикистон аст, ки албатта Эрон барои рафъи ин сӯитафоҳумҳо гоме ҷиддӣ барнамедорад”, - афзудааст ӯ.

Сафаралӣ Кенҷаев
Сафаралӣ Кенҷаев

Баҳои Шеърдӯст ба давраи сафириаш ва баъди он

Шеърдӯст дар идома гуфтааст, “дар муддати панҷуним соли сафирии ман дар Тоҷикистон, ҳатто як маврид пеш наёмад, ки Тоҷикистон дар маҳофили байналамилалӣ ба тарафдории Эрон раъй надода бошад. Аммо шароит акнун уфул кардааст. Мо дар гузашта барои Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон сад нафар аз донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба Эрон даъват мекардем. Акнун ҳам барои рафъи суитафоҳумҳо бояд дар сатҳи мухталиф, масъулин, рӯшанфикрон ва андешамандони тоҷикро ба Эрон даъват кард.”

Ин дипломати эронӣ ба манфиатҳои кишвараш дар Тоҷикистон пардохта, гуфтааст, дар гузашта ҳафтае панҷ парвоз миёни Эрон ва Тоҷикистон сурат мегирифт, ки теъдоди он ҳоло ҳамагӣ ду парвоз аст.

Ба қавли ӯ, мизони содироти маводи ғизоӣ, сохтмонӣ ва саноатӣ аз Эрон ба Тоҷикистон тақрибан наздик ба сифр аст. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон, қаблан донишҷӯёни зиёде аз он кишвар дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо наздик ба сифр аст.

XS
SM
MD
LG