Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Душанбе чанд шабакаи қочоқбарро маҳв карданд


Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохили Афғонистон.
Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохили Афғонистон.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёти муштарак бо маъмурони амниятии Тоҷикистон дар ду тарафи марз, чанд шабакаи қочоқбари маводи мухадирро ба ҳам заданд.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Афғонистон, дар ҷараёни амалиёт, 12 қочоқбарро дастгир ва аз онҳо садҳо килограм маводи мухаддир ва аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ гирифтанд.

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохили Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, амалиёт дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои Тоҷикистон ва ҳамкории Муассисаи Созмони Милал дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ раҳандозӣ шуда ва натиҷаи мусбат додааст.

Ба гуфтаи ӯ, амалиёти панҷрӯза дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки яке аз маҳалҳои осонгузари марз барои қочоқбарони маводи мухаддир ба шумор меравад: "Чаҳор бандаи мофиёии мусаллаҳ бо 12 нафар, ки тамоми маводи мухаддири вилоёти шимолу шарқиро ҷамъоварӣ ва баъдан дар ҳамоҳангӣ бо қочоқбарони тоҷикӣ ба Тоҷикистон ва Осиёи Миёна қочоқ мекарданд, дастгир шуданд. Аз онҳо бо миқдори 420 килограм маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин тарёк ва чарз ва 42 мил аслиҳаи гуногун кашфу забт шуд. Чаҳортои онҳо, қочоқбарони бузург, яъне сардори гурӯҳҳо ҳастанд, ки ду нафарашон бо пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон даргир ва захмӣ шуданд.“

Дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки баъзе аз ин гурӯҳҳо дар рабудани занону кӯдакон даст доштаанд ва аз банди онҳо ду зани тоҷикро раҳо карда ва ба дипломатҳои Тоҷикистон супурдаанд. Зайниддин Қурбонов, намояндаи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон дар Афғонистон низ аз натиҷаҳои амалиёти мазкур ибрози хушнудӣ кардаст ва гуфтааст, ки ҳарду тараф, азм доранд, талошҳои муштарак дар заминаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддиро бештар кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон, ин кишвар ва Тоҷикистон ду моҳ қабл тафоҳумномаеро имзо карданд, то дар ҳамкории муштарак амалиётҳоеро дар марзҳои байни ду кишвар бар зидди қочоқбарон раҳандозӣ кунанд. Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул, Жан Люк Лемаей, раиси дафтари Муассисаи Созмони Милал дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, иҷрои чунин амалиётҳоро комёбӣ хонда ва таъкид кард, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин замина бояд афзоиш ёбад.

Жан Люк Лемаей афзуд: “Набояд тамоми масъулиятҳоро ба дӯши Афғонистон гузошт, ин як кор ва мушкили муштарак аст. Маводи мухаддир як чолиши минтақавӣ ва байналмилалӣ аст ва бояд ҳама ба гунаи муштарак саҳм бигиранд. Ман бисёр хушҳолам, ки ҳамкоронам аз Тоҷикистонро бо худ мебинам. То ин ки ҳамкории муштарак ва чандҷониба надошта бошем, расидан ба ҳадафе, ки мехоҳем, мушкил аст. Ва ман хушбин ва тарафдори ҳамкориҳои минтақавӣ ҳастам.“

Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва Тоҷикистонро яке аз роҳҳои аслии қочоқи ин мавод ба хориҷ аз Афғонистон медонанд.
XS
SM
MD
LG