Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони тоҷик ва амнияти интернетӣ


Донандагони хуби соҳаи компютер ва интернет мегӯянд, дар Тоҷикистон амнияти интернетии наврасону ҷавонон қариб ки таъмин намешавад.

Ва аксар вақт наврасону ҷавонони тоҷик ба ҳама гуна саҳифаҳои интернетии тарғибкунандаи фаҳш, зуроварӣ, худкушӣ, истеъмоли маводи мухаддир дастраси доранд. Қосим Исмоилов, корманди маркази фанноварии итилоотӣ, мегӯяд, онҳо аввал ба саҳифаҳои шиносоӣ ворид мешаванд ва баъдан аз он ҷо саҳифаҳои хурди дигар бо суханони ҷолиб таваҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб карда, вориди ҳар гуна сомонаҳои хатарнок мекунад ва аз он ҷо баромадани онҳо душвор аст.

Қосим Исмоилов меафзояд, ҷавонону наврасон маъмулан бемушкил ба сомонаҳои порнографӣ дастрасӣ доранд ва ҳудуди 70 дарсади муштариёни интернеткафеҳо аз чунин сомонаҳо васеъ истифода мебаранд, зеро бисёре аз масъулини муасисаҳои хадамоти интернет бо мақсади ҷалби мизоҷон ва бо дар назардошти хоҳиши онҳо чунин имконотро барояшон фароҳам меоранд.

Вай гуфт, амният пурра ва ҳатто қисман ҳам таъмин нест, зеро кормандони интернеткафе худ ҳавасманданд, ки шумори мизоҷонашон зиёд бошад ва аммо қариб 70–80 дарсади истифодарбарандагон аз сомонаҳои шиносоӣ ва ё порнографӣ истифода мекунад. Худи сомонаи шиносоӣ ғайриқонунӣ нест, аммо ба воситаи онҳо ба сомонаҳои хатарнок ворид шудан осон аст.

Аммо Алексей Танин, корманди ширкати сайтсозии «Кафтар», мегӯяд, дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз осонтар мешавад ва тибқи мушоҳидаи ӯ 80 дарсади корбарони интернет аз компютерҳои хонагиашон ба ин шабака васл мешаванд. Вай афзуд, дар хона дар роҳи таъмини амнияти интернетӣ волидон бояд нақши муассир дошта бошанд, яъне онҳо пеш аз ҳама тавассути компютерҳои хонагӣ метавонанд дастрасиро ба сомонаҳои хатарнок маҳдуд кунанд. Онҳо метавонанд аз барномаҳои махсуси назорати интернетӣ истифода баранд. Аммо ба назари ман беҳтар аст, ки волидон ба наврасон имкони истифодаи озоди интернетро дар вақтҳои набудани худ надиҳанд.

Наврасоне, ки ба таври пайваста аз интернет истифода мекунанд, мегӯянд, ки маъмулан аз саҳифаҳои тафреҳии интернетӣ, мисли чатхонаву сомонаҳои мусиқӣ, истифода мекунанд ва ин гуна сайтҳо, ки сирф барои муштарии ҷавон нигаронида шудааст, ҳар гуна таблиғоту маълумоти саргармкунандаро дорад. Аммо нохудогоҳ дар як он кас мебинад, ки вориди як дунёи фаҳшо ва ё пурхушунат шудааст, ки ҳуши ӯро мебарад.

Як мусоҳиби мо, ки Азиз ном дорад ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад, мегӯяд, «вақте ки ба интернет ворид мешавӣ, ҳар гуна рекламаҳои бешармӣ дорад. Онҳо хуб ҳам фаъолият мекунанд. Расмҳо ва сабтҳои видеоии ҷолиб дорад, ки баъзан пинҳонӣ онҳоро тамошо мекунем».

Дар айни замон, аҳли назар ба ин андешаанд, ки мавҷудияти саҳифаҳои дорои маълумоти хатарнок барои наврасон маънои онро надорад, ки фаъолияти интернет бояд маҳдуд шавад, чунки дар баробари чунин истисноҳо, ки дар ҳама гуна расонаҳои чопӣ мавҷуд аст, шабакаи интернет аз муҳимтарин василаҳои хабаррасонӣ дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад, ки кишварҳои дурро ба ҳам пайванд медиҳанд. Танҳо шахс бояд дарк карда тавонад, ки кадом маълумот ба манфиати ӯ буда кадомаш метавонад бар зарари вай кор кунад.

XS
SM
MD
LG