Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломдорҳои бозорнишин. Менеҷерҳои таксирон. ВИДЕО


Саймурод Муҳриддинзод, менеҷер аст, аммо дар бозор ба тиҷорат машғул шудааст.
Саймурод Муҳриддинзод, менеҷер аст, аммо дар бозор ба тиҷорат машғул шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, маоши ночиз ва набуди манзили зист боиси рафтани мутахассисони ҷавон аз кор шудааст.​

Мақомоти тоҷик мегӯянд, маоши ночиз ва набуди манзили зист боиси рафтани мутахассисони ҷавон аз кор шудааст.​ Аз ҷумла мақомоти Вазорати фарҳанг гуфтаанд, ин омилҳо сабаб шудаанд, ки мутахассисони ҷавон соҳаро тарк кунанд.

Камбуди маош ва ҳам дастгирии мутахассисони ҷавон дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест, аммо иқрори мақомот нишон медиҳад, ки масъала нигаронкунанда шудааст. Саймурод Муҳриддинзод чаҳор сол аст, ба тиҷорат машғул аст. Ӯ аз курсии донишҷӯӣ ба растаи бозор омадааст. Саймурод соли 2015 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷер хатм кард. Пеш аз ин се сол дар Литсейи алоқа таҳсил кардааст. Орзу дошт, ки дар ташкилот ё бонке кор мекунад, аммо бо шунидани ҳаҷми маош аз райъаш баргашт.

“Чанд ҷой барои кор рафтам 600-700 сомонӣ маош гуфтанд. Бо ин нарху наво дар Тоҷикистон ҳеҷ чиз намешавад. Маҷбур шудам дар бозор гӯшаеро гирифта, ба соҳибкорӣ машғул шавам. Ҳоло дар як моҳ қариб ду ҳазор сомонӣ меёбам, шукр ба зиндагӣ мерасад”, гуфт Саймурод.

Бо ин ҳама ин мутахассиси ҷавон мегӯяд, орзуи менеҷер шуданро аз дил берун накардааст ва агар ҷойи кор ва маоши муносиб пайдо кунад ҳатман ба касби омӯхтааш машғул мешавад.

“То кай дар бозор кор мекунам? Агар ҷойи кори хуб ва маоши нағз бошад, албатта кор мекунам. Ҳоло чанд ҳамсабақамро мебинам, ки кор мекунанд, ҳавас мехӯрам. Аммо баъзе онҳо мегӯянд, ки кори худат хуб аст,” афзуд, ҳамсуҳбати мо.

“Аз орзуи корманди андоз то курсии ронандагӣ”

Омори онҳое, ки ғайри тахассуси худ кор мекунанд, маълум нест. Аммо суҳбатҳои сарироҳии мо дар хиёбон ва бозорҳои Душанбе нишон дод, ки чандин нафар ночор дипломро таги сандуқ гузошта, ба тиҷорат, ронандагӣ ё касби дигар машғул шудаанд.

Чаро ҷавонони тоҷик аз ҷойи кор мегурезанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Баҳодур Зокиров, 15 сол аст, ки ба таксиронӣ машғул аст. Орзуи корманди андоз шудан 18 соли пеш Зокировро ба курсии Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ бурд. Аммо баъди хатми донишгоҳ ва наёфтани ҷойи кори муносиб ӯ курсии идораро ба муҳоҷират иваз кард.

Зокиров мегӯяд, бо кор дар Русия тавонист, соҳиби хона шавад, аммо пушаймон аст, ки натавонист, ба орзуяш бирасад ва дониши гирифтаашро дар амал татбиқ кунад.

“Ҳозир агар бисёр маоши хуб диҳанд, 1500 сомонӣ медиҳанд. Дар як рӯз 4-5 сомонӣ роҳпулӣ мекунед, боз харҷи хӯроку дигар чизҳо. Хулоса ба ҳеҷ чиз намерасад. Барои ҳамин маҷбур мешавӣ, кори дигаре кунед”-мегӯяд Баҳодур.

Мутахассисон мераванд, вале ба куҷо?

Нигаронӣ аз тарки соҳа кардани мутахассисони ҷавон бо сабаби ночиз будани маош аз забони масъулини Вазорати фарҳанг садо дод. Онҳо дар гузориши солонаи худ ин ду мушкилро аз омилҳои аслии берун рафтани мутахассисон аз соҳа номбар кардаанд.

“Бо манзили зист ва хобгоҳ таъмин набудани мутахассисони ҷавон ва нокифоя будани музди меҳнати онҳо боиси тарк кардани соҳа шудааст,”-мегӯянд, масъулини вазорат. Як ҳамсуҳбати мо дар вазорат гуфт, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг низ аз ин масъала нигаронӣ кардааст.

Дар вазорат аз ин бештар шарҳ надоданд, вале таъкид карданд, ки барои ҳалли ин ду мушкил талош доранд.

Вазорати фарҳанг ягона ниҳоде нест, ки аз фаъолият накардани мутахассисони ҷавон изҳори нигаронӣ мекунад. Пештар аз ин вазорати маориф ва илм низ аз ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ба кор дар мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

“Мехоҳанд, маош ҳазор доллар бошад”

Мақомоти тоҷик то ҳол барои дастгирии мутахассисони ҷавон иқдомҳоеро амалӣ кардаанд. Аз ҷумла ба кормандони ҷавон ва бахусус омӯзгорон барои хона замин медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ин иқдомҳо кофӣ нестанд ва барои нигоҳ доштани мутахассисони ҷавон бояд чораҳои бештаре рӯи даст гирифта шавад.

Ба таъкиди таҳлилгарон, ҳоло иқтисод ва ҷомеаро танҳо мутахассисони ҷавон бо дидгоҳҳои тоза метавонанд, пеш баранд ва зарур аст, ки дар навбати аввал дастгирӣ шаванд. Дар ин миён баҳси “фирори мағзҳо” низ аз масъалаҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Зулфиқор Азизов, масъули тарҳи “Job-service”, ки ба таъмини бекорон бо кор машғул аст, мегӯяд, танҳо додани имтиёзҳои бештар метавонад, мутахассисонро аз рафтан ба хориҷ нигоҳ дорад.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, рӯзона чандин ҷавонони соҳибилм ва аксаран хатмкардагони донишгоҳҳои хориҷ барои пайдо кардани ҷойи кор ба онҳо муроҷиат мекунанд. Аммо ба гуфтаи Азизов, вақте ба шароити кор ошно мешаванд, фикрашон тағйир меёбад.

“Ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, мехоҳанд, маошашон аз 1000 доллар боло бошад. Аммо ба ҷуз аз ташкилотҳои хориҷӣ дигар ниҳодҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ наметавонанд, чунин муздро пешниҳод кунанд. Касе, ки дар ташкилотҳои хориҷӣ ҷойи кор намеёбад, кӯшиш мекунад ба беруни кишвар равад” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Коршиноси тоҷик мегӯяд, бо назардошти шароити феълии Тоҷикистон метавон, барои мутахассисони ҷавон имтиёзҳоеро пешбинӣ кард. Аз ҷумла додани қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ, ки мутахассиси ҷавон тавонад аққалан соҳиби манзили зист шаваду дар ин хона бимонад ва ба коре машғул шавад.

XS
SM
MD
LG