Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боғ ҷои ишқу ошиқӣ нест"?


Пулиси Душанбе ба истироҳаткунандаҳо ва ҷуфтҳои ҷавон тавсия додааст, ки дар нуқтаҳои тангу торики боғҳо мулоқот ва сайругашт накунанд.

Пулиси Душанбе ба истироҳаткунандаҳо ва ҷуфтҳои ҷавон тавсия додааст, ки дар нуқтаҳои тангу торики боғҳо мулоқот ва сайругашт накунанд. Нозирони милиса, ки масъулияти назорати боғҳои фароғатии кишварро бар дӯш доранд, аз ҷавонон даъват мекунанд, барои амнияти худашон, махсусан шабонгаҳ дар маҳалҳои рӯшану намоёни боғ бо ҳам мулоқот кунанд. Ин даъват ба он хотир будааст, ки милисаҳо дар ин авохир даҳҳо ҷавондухтари то 18-соларо бо гумони муносибатҳои маҳрамона дар ин боғҳо боздошту ҷарима кардаанд. Аммо иддае аз ҷавонони шаҳри Душанбе, ки дилдода ва ё ҳамсарони худро барои мулоқот ба “Боғи Рӯдакӣ” ва “Парчам” даъват мекунанд, аз шеваи бархӯрди нозирони минтақавӣ дар ин маконҳои фароғатӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин авохир пулис ҷуфтҳоеро, ки бо ҳам наздик нишастаанд ё дасти ба даст роҳ мераванд, мавриди бозпурсии “бемаврид” қарор медиҳад.

Маҳбуба, як зани ҷавон, ки ҳамроҳ бо шавҳараш дар берун аз “Боғи Рудакӣ” сайругашт мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дахолати нозирони милиса ба фароғати худу истироҳаткунандаҳои ин боғ шикоят кард. Ӯ гуфт, чанд дафъа, ки ҳамроҳи шавҳараш дар ин боғ менишаст ва ё гашутугузор мекард, милисаҳо ба наздашон омода хостаанд, то шиносномаи худро нишон диҳанд ва ё ҳамроҳи онҳо ба шӯъбаи милиса раванд. Маҳбуба мегӯяд, пулис баъди баҳси зиёд, танҳо дар ҳоле аз онҳо дур шудааст, ки ба зану шавҳар буданашон бовар кард. Ҳол он ки, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ӯ ҳам мисли даҳҳо ҷавони дигар шояд ба милисахона бурда мешуд ва ё ба хотири раҳо шудан аз пулис ба онҳо “чойпулӣ” медод.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, аз муносибати дағал ва рафтори нодурусти баъзе аз нозирони боғ дилсард шудааст ва аз ин рӯ кӯшиш мекунад, на дар дохили боғ, балки бо вуҷуди садои зиёди мошинҳо, дар курсиҳои сари роҳ нишинанд. Вай гуфт, милиса меояду мепурсад, ки “ин одам ба ту кӣ мешавад?”, “Ин ҷо чӣ кор мекунед?”. Бештар назди ҷуфти духтару писарҳое меравад, ки бо ҳам сӯҳбат карда менишинанд. Баъд, мегӯяд вай, “мисле, ки шантаж карданӣ мешаванд ва ба писарҳо мегӯянд, ки “бирав, ба ту кор надорем, аммо ин духтарро бояд ба шӯъбаи милиса барем”. Дар асл, мегӯяд вай, ин ҳамааш дурӯғ аст ва ба эътимоди ӯ, ҳадафи онҳо ситонидани пул асту бас. Мисли Маҳбуба даҳҳо нафар аз истироҳаткунандаҳои боғҳои “Устод Рӯдакӣ” ва “Парчам” ҳам гуфтанд аз пурсишҳои ноҷои милисаҳо хаста шудаанд. Анвар, як ҷавони дигар ҳам дар ҳоле ба дасти милисаҳои боғ афтодааст, ки дар канори дӯстдухтараш нишаста бо ҳам сӯҳбат доштанд.

Ҷуфтҳои ҷавонро аз гӯшаҳои хилвати боғҳо берун мекунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Анвар гуфт, як шахсияти тарбиядидаву бофарҳанг аст ва ҳаргиз ба худаш иҷозат намедиҳад, ки дар ҷои ҷамъиятӣ рафтори ноҷое бикунад. Ӯ мегӯяд, аламовар ин буд, ки нозир ӯро бо баҳонаи нишастан дар канори духтаре ба шӯъбаи милиса даъват кард. Вай гуфт, ба хотири ин ки ба дӯстдухтараш гап нарасад, дар роҳ ба сӯи милисахона ба қавле “дили пулисро ёфт”. Аммо дӯстдухтараш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис бо ин шева мехоҳанд ҷавонҳоро беобрӯ ва “шантаж” карда аз онҳо пул ситонанд. Ин духтар гуфт, ки омода буд ба идораи полис рафта ба саволҳои онҳо посух диҳад, чунки ҳеҷ кори баде накардааст.

Аммо дар баробари ҷавонҳо, зани 35-солае ҳам аз он нигаронӣ мекард, ки бо хоҳарзодаи 30-солааш дар боғ нишаста маслиҳати хонаводагӣ дошт, аммо милиса омада, онҳоро ошиқ гумон кард. Ӯ мегӯяд, ҳар қадар ба милиса фаҳмонидааст, ки ин ҷавон “фарзанд мешавад” ва “айб аст чунин муносибат ба инсон”, пофишорӣ мекарданд, ки бояд ба шӯъбаи милиса барои баёнот бираванд. Дар ҳамин ҳол як нозири боғ бидуни бурдани номаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо воқеан ҳам «истироҳаткунандагони “шубҳанок”-ро, ки соатҳои зиёд дар боғ менишинад ва ё бо рафторҳои ноҷои худ дигарҳоро нороҳат мекунанд, ҳатман мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд». Вай гуфт, боғҳои “Парчам” ва “Боғи Рудакӣ”-ро на камтар аз даҳ милиса назорат мекунанд. Ин нозири минтақавӣ дар мавриди шикояти сокинон гуфт, таваҷҷӯҳи онҳо бештар ба онҳое равона шудааст, ки дар боғҳои ҷамъиятӣ «вохӯриҳои ошиқона» барпо карда, дар «кунҷҳои нонамоён аз чашми мардум» пинҳон мешаванд.

Вай гуфт, ҳар сӯҳбате дар доираи ахлоқи инсонӣ маъмулан дар рӯи курсиҳои истироҳатӣ ва дар пеши чашми дигарон сурат мегирад. Ин нозири минтақавӣ дар мавриди шикояти баъзе ҷавонон дар бораи таҳдиди бурдан ба шӯъбаи милиса ва пулситонӣ гуфт: “Сокиноне ҳастанд, ки ҳангоми истироҳат дар боғ тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд ё гулу буттаҳоро мешикананд ва дар ин ҳолат милисаҳо дар ҷои ҳодиса протокол тартиб дода пули ҷаримаро талаб мекунанд”. Айни замон, ин нозири боғ пешниҳоди додани пора аз сӯи бархе ҷавононро рад накард ва гуфт: “Бештар онҳо ноболиғ ҳастанд. Ва ин тоифа ноболиғоне, ки сигор мекашанду нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунанд, намехоҳанд, ки волидонашон инро фаҳманд, барои пӯшонидани гуноҳашон ба милисаҳо пул пешниҳод мекунанд, то ба шӯъбаи милиса нараванд ва аз ин рафторашон падару модар хабар наёбанд”.

Қонуни масъулияти падару модар сайругашти ноболиғонро дар боғу хиёбонҳо то соати 21:00 маҳдуд мекунад. Аммо қонунгузорӣ фароғати нафарони синнашон аз 20 гузаштаро танзим намекунад. Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, барои боло бурдани боварии мардум ба маъмурони милиса чораҳои заруриро меандешанд ва чандин афсарро барои бадрафториашон бо шаҳрвандон ё аз кор рондаанд ва ё танбеҳ додаанд. Роҳандозӣ шудани телефонҳои боварии милиса, ки ҳар нафар метавонад, занг зада арзу додашро бигӯяд, яке аз ин тадбирҳо будааст. Вазорати умури дохилӣ омори умумиро дар бораи арзу доди мардум нисбат ба кормандони милиса нашр накардааст, вале тибқи иттиллои ин ниҳод танҳо дар шаш моҳи соли 2015 барои риоя накардани қонун ва интизоми хизматӣ 977 нафар корманди сохторҳои корҳои дохилӣ ба ҷазои интизомӣ ҷалб шуда, аз ин теъдод 187 нафар аз кор озод шудаанд.

XS
SM
MD
LG