Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмудҷон Эшонов дар орзуи бозиҳои NHL


Аксро Алишер Шаҳидӣ ирсол кардааст
Аксро Алишер Шаҳидӣ ирсол кардааст

Тоҷикистони субтропикӣ, яке аз кишварҳои гарми Осиёи Марказӣ имкон дорад рӯзе ба сабқати ҷаҳонии ҳоккей дар NHL роҳ ёбад.

Албатта ин нақша дар ояндаи наздик амалӣ намешавад, вале аз ҳоло заминаҳои чунин имконият пиёда шудааст. Дар 70-километрии Душанбе, дар дараи Варзоб, варзиши нав ва то андозае экзотикӣ барои мардуми ин кишвар - ҳоккеи рӯи ях эҳё мешавад. Нахустин тими ҳоккейбозон дар назди мактаби махсуси кудакону наврасон оид ба намуди варзишҳои зимистона, дар маҷмааи варзишии “Сафед-Дара” таъсис ёфт.

«Тоҷикон тарсу нестанд, аммо ҳокей бозӣ намекунанд»

Ин мақоли маъруфи русӣ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон дигар ба кор

Мо умед дорем, ки ҳоккей дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард ва чун футболу гуштӣ маъруф хоҳад шуд

намеравад. Наврасону ҷавонони тоҷик аз мавзеи лижаронии «Сафед-Дара» дар минтақаи Такоб ба ин хулоса омаданд, ки дар Тоҷикистони камбарф варзиши ҳоккейи рӯйи яхро зинда кунанд.

Ин имконият ҳам ба онҳо пас аз сохтмони нахустин майдони лижаронӣ ё яхмолакбозӣ даст дод. Расман майдони бозии ҳоккей декабри соли 2016 пас аз азнавсозии маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» муаррифӣ шуд. Ин мавзеъ бо 80 миллион сомонӣ бозсозӣ шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводааш яке аз аввалин меҳмонони он буд.

Роҳбари давлат дар бораи ҳоккей чӣ андеша дорад ва он ҷо чиҳо гуфт, рӯшан нест, вале ин боздиди ӯ боис ба омодасозии босуръати ҳоккейбозони хурдсол шуд. Зимнан, натиҷаҳои нахустин варзишгарони ҳоккей ҳам бад нест.

Тими ҳаваскорони ҳоккей

Ба гуфтаи масъулини ширкати «Сафед-Дара» кӯдаконе, ки ин ҷо дар мактаби лижаронӣ омӯзиш мегиранд, аллакай хуб лижаронӣ мекунанд ва аз ҳама қоидаҳои ҳоккей огаҳанд. Тамрин дар ин мактаб тамоми фасли сол, ҳатто баҳору тобистон ҷарраён дорад. Дар фаслҳои гарм наврасон бештар ба машқи ҷисмонӣ машғуланд. Вале зимистон онҳо ҳар рӯз машқ доранд. Ҳаракат дар рӯйи ях ва шайбапартойиро аз худ мекунанд.

“Ошкор мегӯям, ки тими мо ҳанӯз касбӣ нест. Мо бештар чун ҳаваскорон ба ҳоккейбозӣ машғулем”, мегӯяд, Алишер Шаҳидӣ, масъули бахши ташвиқу тарғиб дар «Сафед-Дара». Ба гуфтаи ӯ ҳоккейи касбӣ аслан дар майдонҳое бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр иҷро мешавад, вале ҳоккейбозони навраси тоҷик ҳоло дар майдоне бо андозаи 20х40 тамрин мекунанд. Алишер Шаҳидӣ мегӯяд: “Мо умед дорем, ки бачаҳои наврасе, ки ба ҳоккей машғуланд, муваффақ ва бозингарони маъруф хоҳанд шуд.”

Ба гуфтаи Алишер, нахустин тими калонсолон, ки “Сафед-Дара” ном гирифтааст аз кормандони худи бунгоҳи лижаронӣ ва сокинони атрофи он иборат аст. Чангаки ҳоккейбозиро онҳое ба даст гирифтаанд, ки тавонистанд ба зудӣ, конкитозиро омӯзанд ва ҳамчунин ҳаводори бозии ҳоккей ҳастанд.

Аз миёниварзишгарони ҷавоне, ки дар ин мактаб дарс мегиранд, Маҳмудҷон Эшонови 14 ва Фирдавс Нарзуллоеви 15-сола муваффақтаранд. Ин ду наврас ҳам дар ҳоккей ва ҳам дар намуди лижаронӣ натиҷаҳои чашмрас доранд. Маҳмудҷон бозии тимҳои Лигаи миллиии ҳоккеи Амрико (NHL ИМА)-ро дӯст медорад ва орзу дорад, ки рӯзе ба он ворид ва яке аз маъруфтарин ҳоккейбозон шавад.

Декабри соли 2016 президент Раҳмон дар расми кушоиши "Сафед-Дара" ширкат кард
Декабри соли 2016 президент Раҳмон дар расми кушоиши "Сафед-Дара" ширкат кард

Соле қабл гуфта мешуд, ки дар сурати тамрини муваффақи барои ҳоккейбозони маҳаллӣ дар «Сафед-Дара», аз Русия муррабӣ даъват мешавад, вале Алишер Шаҳидӣ ин овозаҳоро рад кард. «Бачаҳои моро, ҳоло варзишгаронӣ маҳаллӣ - Илҳомиддин Абдуллоев ва Саидакбар Эшназаров омӯзиш медиҳанд. Ҳайати даста дорои маҷмӯи либосу ҷиҳози зарурӣ барои ҳоккей аз қабили чангак, сарпуш ва конки ҳастанд. Аммо меҳмонон метавонанд ин ҳамаро аз ин маҷмаа кироя бигиранд», - гуфт Алишер.

Умедворӣ ба рушди ҳоккей дар Тоҷикистон

Ба таъкиди масъулини бунгоҳи лижаронии «Сафед-Дара» дар мавзеъ на танҳо ҳайати даста, балки ҳама метавонанд ба ҳоккей машғул шавад. Чун ҳадафи аслии таъсиси тими мазкур ва ба роҳ мондани тамринҳо ҳам, оммавӣ кардани намудҳои варзиши зимистона ва тарғиби имкониятҳои нахустин маҷмааи лижаронӣ дар Тоҷикистон аст. “Ин як намуди хеле ҷолиби варзиш аст. Мо умед дорем, ки ҳоккей дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард ва чун футболу гуштӣ маъруф хоҳад шуд”, - афзуд Алишер.

Осоишгоҳи лижаронии куҳии «Сафед-Дара» соли 2016 дар заминаи бунгоҳи лижаронии “Сафеддорак” ки аз шӯравӣ мерос мондааст, дар минтақаи Такоби Варзоб таъсис ёфт. Дар ҳоли ҳозир ин маҷмаа, ки бо сармоягузории ширкати “Фароз” бозсозӣ шуд, аз як меҳмонхонаи замонавӣ, мактаби лижаронӣ, тарабхона, хатти нав ҳавоӣ, майдончаи яхмолакбозӣ ва ду бинои нави хидматрасонии маиширо иборат аст.

XS
SM
MD
LG