Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Насиҳатҳои" раиси Кумитаи ҷавонон ба донишҷӯёни тоҷик


Раиси Кумитаи ҷавонон аз донишҷӯёни тоҷик хост, дӯстии қавӣ дошта бошанд, то дигарон натавонанд, "миёни онҳо тухми душманӣ афкананд."

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар дидор бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, гуфт, "бо ҳам дӯст бошед, то нерӯи сеюм натавонад, миёни шумо душманӣ андозад." Аҳтам Абдуллозода, рӯзи 12 август дар толори Раёсати хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо беш аз 100 донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, мулоқот дошт ва дар ин нишаст намояндагони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин дидор ширкат дорад, иттилоъ медиҳад, ки ҷаноби Абдуллозода зимни суханронӣ, донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекуунанд, ҷавонони хушбахт номид ва гуфт, ки "бо саъйу талоши ҳукумат шароит барои таҳсили шумо фароҳам аст ва метавонед бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ соҳиби тахассуси замонавӣ шавед ва барои миллату давлати худ хизмат кунед."

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷик даъват кард, ки "бо ҳам дӯстии қавӣ дошта бошед, то нерӯи сеюм натавонад миёни шумо тухми душманӣ афканад."

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ки ин ниҳод дар садади ташкили маҳфили донишҷӯён аст, то онҳо битавонанд, ба ҳам равобити наздик дошта бошанд. Ҳатто Аҳтам Абдуллозода, бо ёдоварӣ аз нооромиҳои аввали даҳаи 1990, таъкид кардааст, ки "Тоҷикистон барои ҷавонон имкониятҳои бештаре фароҳам овардааст, то онҳо озодона таҳсил кунанд ва кору фаъолияти мустақилона дошта бошанд."

Ҳамзамон ҷаноби Абдуллозода, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки "имрӯзҳо аз хизмат дар сафи артиш сарпечӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки иддае аз духтарон омодаи хизмат дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишваранд. Магар ин нанг нест, барои бархе аз ҷавонписарони тоҷик, ки бо ҳар роҳ аз хизмат мегурезанд.”

Нуктаи дигаре, ки дар ин дидор аз забони раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон садо дод, ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонони тоҷик ба ҷанг дар Сурия буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин масъулон аз ҷавонон давъат карданд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд ва гуфтаанд, ки ҷавонон аз тариқи Русия ба ҷанг дар Сурия ҷалб мешаванд.

Айни замон, масъулони вазорати маориф, Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро беҳтарин муассисаи исломӣ хонда ва гуфтаанд, ки ин донишкада садҳо маротиба аз донишгоҳҳои исломии кишвархои арабӣ хубтару беҳтар аст.

Масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ҳар ҷавони тоҷике, ки нияти дониши исломӣ гирифтан дорад, беҳтар аст, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳсил кунад ва ба фиреби гурӯҳҳои ифротӣ дода нашавад ва ба кишварҳои арабӣ наравад. Тибқи иттилои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳоло 8 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG