Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонон ба ИА: "Ба ҷои сару садо, биёед, вазъро аз наздик бубинед". САДО


Рӯзи ҷумъаи 17-уми июн ҳудуди 60 тан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар толори Донишгоҳи миллӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд ва ба изҳороти ахири Иттиҳодияи Аврупо, ки гуфтааст зиндониёни сиёсӣ ва вакилони мудофеъ аз маҳбас озод шаванд, эътироз карданд.

Дар ин нишаст ҷавонон санадеро бо номи "Таклифнома ба унвони Иттиҳодияи Аврупо" қабул карданд, ки дар он дар баробари маҳкум кардани раҳбарони зиндонишудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҳукми додгоҳҳои кишвар дар баробари онҳо ва вакилони дифоъ, пуштибонӣ шудааст.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, раҳбари гурӯҳи “Пешоҳанг” дар сӯҳбат бо РадиоиОзодӣ гуфт, ки онҳо ҳамчунин аз масъулони Иттиҳоди Аврпуо даъват карданд, ки ба Тоҷикистон биёянд ва вазъро бо чашми худ бубинанд. Зеро ба таъкиди Давлатов, он чӣ дар изҳороти ахири Иттиҳодияи Аврупо дарҷ шудааст, воқеияти Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва факту далелҳои овардашуда асосе надоранд.

Ҷавонҳои рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо интиқод карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00
Линки мустақим

Рӯзи 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз ҳуқумати ин кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар 12 аъзои дигари раёсати ҳизбро талаб карданд. Онҳо ҳамчунин хостори лағви парвандаҳои зидди соҳибкор Абӯбакр Азизхоҷаев ва вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов шудаанд

Дар тӯли солҳои ахир гурӯҳҳое бо номи "занҳои фаъол" ва донишҷӯёни фаъол борҳо бо талаби боз гардони мухолфони ҳукумат дар хориҷ дар назди сафорату намояндагиҳои хориҷӣ тазоҳурот ва давлатҳои ғарбиро барои пуштибонӣ аз мухолифини ҳукумат танқид кардаанд.

Дастандаркорони тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар Донишгоҳи Миллӣ мегӯянд, ҳар ҳукме, ки додгоҳҳои кишвар нисбати намояндагони ҲНИТ ва вакилони мустақил содир кардаанд, мунсифона аст ва агар вакилони Иттиҳодияи Аврупо ба кори додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надоранд, пас биёянду ин ҳамаро аз наздик биёмӯзанд.

Ин пешниҳодро ҷавонони фаъол дар ҳоле матраҳ кардаанд, ки мурофиаҳои додгоҳии намояндагони ҲНИТ, ки ба терроризм муттаҳам шудаанд, пушти дарҳои баста мегузарад ва чандин талоши созмонҳои байналмилалӣ барои ворид шудан ба толори додгоҳ, натиҷаи мусбат надодааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ ва вакилони парлумони Аврупо борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки дар вақти муҳокимаи додгоҳии чеҳраҳои сиёсӣ ё ҳомиёни ҳуқуқ ба қонунҳои худи ин кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиро бо далели қотеъ собит намояд.

Ин "ҷавонон фаъол" мегӯянд, изҳороти созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупоро дар мавриди поймол шудани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон асос надорад, зеро теъдоди масҷидҳо дар Тоҷикистон аз мактабҳо бештар аст ва мардум озода намоз мегузоранд ва рӯза медоранд.

Рустам Асроров, раҳбари ҷавонони фаъоли минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман дар Кӯлоб мушоҳида кардам, ки дар моҳи Рамазон ҳама рӯза медорад, намоз мехонанд ва ба хотири гарм будани ҳаво дар майдони кушод таробеҳ мехонанд. Вақте мегӯянд, ки масҷидҳоро мебанданд, аммо фикр намекунанд, ки агар як нафар хона созад, аввал барои хонааш ҳуҷҷат дуруст мекунад ва мақомот ҳам танҳо дари масҷидҳоеро мебандад ки ҳуҷҷат надоранд, на масҷидҳои расмиро”.

Мақомоти Тоҷикистон даст доштани худро дар ташкили эътирози фаъолон рад мекунанд ва баъзе тарафдорони ҳукумат онҳоро "эътрозҳои худҷӯш" меноманд.

XS
SM
MD
LG