Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҷавонон аз фарҳанги миллӣ фосила мегиранд?


Ҷомеашиносон афзоиши фосила миёни ҷавонони тоҷик ва фарҳангу анъанаҳои миллиро гуногун шарҳ медиҳанд.

Сабоҳат Раҳимзода, раҳбари Асcотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар мавриди риоя нашудани анъанаҳои миллӣ мегӯяд, ки набояд аз ҷавонон гиребонгир бошем, зеро ҳар давру замон расму оини худро дорад ва ҳар як нафар вобаста ба синну солаш дар мавриди риояи анъанаҳои миллии худ тасмим мегирад: «Бубинед, дар Тоҷикистон мардуми гуногунзабон зиндагӣ мекунанд ва ҳар як миллат, расму анъанаҳои худро дорад. Фарҳангҳои гуногун якдигарро такмил медиҳанд. Аммо пеш аз ҳама бояд ба ҷавонон фаҳмонд, ки ҳар як миллатро бо фарҳанг ва расму оинаш мешиносанд.»

Далер Даминов, як ҷавони тоҷик риоя нашудани бархе аз расму анъанаҳои миллии тоҷиконро ба рушди технологияи ҷадид ва татбиқи қонуни танзим дар кишвар рабт медиҳанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, нисбат ба анъанаҳои миллӣ камтаваҷҷуҳ аст ва бори охир кай ба маросимҳои «бузкашӣ» ва «гуштингирӣ» рафтанашро ёд надорад:

«Пеш аз қонуни расму оин, ин анъанаҳо дар деҳаи мо роиҷ буданд ва онро натанҳо дар иди Наврӯз балки дар маросимҳои хатнасури писарон низ риоя мекарданд. Лекин дигар қонуни танзим баромад ва бо ҳамин маросимҳои маъракаороӣ дар кишвар тағйир ёфт.»

Аммо Мартаба Мӯъминова, сармутахассиси Раёсати танзими анъана ва расму оинҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, анъанаҳои миллии тоҷикон, ки таърихи ҳазорсола дорад, ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад ва бо гузашти вақт ҷавонон низ ба ин анъанаҳо рӯ меоваранд: «Дар ҳоли ҳозир тарақиёт ба мушоҳида мерасад ва насли ҷавони имрӯз, аллакай хеле ҷаҳонбинии дигар доранду намехоҳад вақташонро беҳуда сарф кунад. Аммо то имрӯз дар минтақаҳои гуногун анъанаву расму оинҳои тоҷикон маъмул аст ва он риоя мешавад. Барои мисол, нест хонаводаи тоҷике, ки маросими «Гаҳворабандон» ва ё «Арусбинон»-ро таҷлил накунад.»

Мартаба Мӯъминова ҳамчунин гуфт, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳеҷ гоҳ анъанаҳои миллии моро аз байн намебарад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҷомеашиносон иддао доранд, ки на ҳамеша ҳифзу нигаҳдории анъанаҳои миллӣ метавонад барои рушди фарҳанг мусоидат кунад, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ намешавад аз анъанаҳои кӯҳна истифода кард.

Дилошӯб Бобоҷонова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, бо дигар шудани замона бояд аз риояи бархе анъанаҳо чашм пӯшид: «Анъанаҳое ки то имрӯз истифода мешаванд, кам нестанд. Вале анъана ҳам вақту замони худро дорад. Агар барои мисол шумо имрӯз анъанаи гузаштагони худро риоя карданӣ ҳастед, бояд тарзи либоспӯшиатонро тағйир надиҳед.»

Коршиносон мегӯянд, таҳмил шудани фарҳанги бегона ба бетаваҷҷуҳии ҷавонони тоҷик нисбати маросимҳои миллӣ боис гардидааст.

Зимнан, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007-ум қабул шуда, ҳадафаш ба танзим даровардан ва камхарҷ гузаронидани расму оинҳои мардум аст. Аммо коршиносон мегӯянд, новобаста ба назорати мақомот, миёни аҳолӣ маросимҳои пурхарҷ ба назар мерасад ва анъанаҳои наве низ дар маросимҳои хурсандиву мотам роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG