Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҷавонон аз хидмати сарбозӣ мегурезанд? (ВИДЕО)


Бо шурӯи даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон дигарбора ин саволҳо матраҳ мешаванд, ки оё имсол ҳам "облава" хоҳад шуд? Чаро ҷавонони синни даъватӣ аз хидмати сарбозӣ мегурезанд?

Бо шурӯи даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, сӯҳбатҳо аз даъвати иҷборӣ ё "облава" низ гарм мешавад. Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 марти соли ҷорӣ фармони даъвати ҷавонон ба артишро имзо гузошт ва вазорати дифоъ мегӯяд, ин маърака расман дар моҳи апрел оғоз меёбад.

Баҳодур, сокини 19-солаи Душанбе яке аз чунин ҷавонҳои синни даъватист, вале мегӯяд, то ҳол даъватномаи комиссариати ҳарбиро нагирифтааст. Мусоҳиби мо худро як нафари ватандӯст муаррифӣ кард ва гуфт, омодааст, хидматро ҳамчун ӯҳдадории шаҳрвандиаш қабул кунад.

Солҳои охир, воқеан, сафи ҷавонони довталаб барои хидмат дар артиши Тоҷикистон афзудааст. Аммо дар ин қатор ҷавононе низ ҳастанд, ки аз хидмати аскарӣ сар мепечанд ва барои "халосӣ" аз он аз маҳалли зисти худ ё фирор мекунанд ё ба донишгоҳ паноҳ мебаранд ва ё рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд. Ба ақидаи коршиносон, чунин рӯҳия дар миёни ҷавонон аз солҳои муноқишаҳои мусаллаҳона ё ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Чаро баъзе ҷавонон аз хидмат дар артиш фирор мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Тарси баъд аз ҷанг?

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, "аз касе пинҳон нест, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе ҷавонон аз ҷабҳа бо ҷароҳатҳои гуногун бармегаштанд ва ҳатто дар даргириҳо кушта мешуданд. Вале Тоҷикистон аз он солҳо хеле фосила гирифтааст ва акнун насли нави ҷавононе, ки ба синни аскарӣ расидаанд, ҷангро ёд надоранд."

Абдумалик Қодиров, коршиноси умури иҷтимоӣ мегӯяд, тарси ҷавонони ҳозира за хидмати сарбозӣ дар ҳолест, ки дар гузашта хидмати аскарӣ мояи ифтихор буд. Ҳатто ҳангоми гусели ҷавонон ба аскарӣ ва баъд аз адои хидмат ҳангоми пешвози онҳо дар хонаводаҳо маросим баргузор мекарданд ва он ба ҷавони хидматкарда як навъ рӯҳияи ифтихор мебахшид. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Қодиров, ҷавононе, ки баъд аз хидмат бармегаштанд, барои дохил шудан ба донишгоҳҳо имтиёзи “нонавишта” доштанд.

Вале бо касби истиқлоли давлатӣ ва аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҷои ин ифтихорро дар вуҷуди ҷавонон тарс пур кард. Худи падару модарон низ майл надоштанд фарзандонашонро ба хидмат, яъне ба ҷанг, фиристанд.

"Нони сериро намедиданд"

Муддате низ баъд аз ҷанг таъминоти моддии артиш хуб набуд ва мавридҳои фирори сарбозон аз хидмат мушоҳида мешуд. Тоҷикистон, кишвари фақири Шӯравии пешин, аз ин ҷанги фарсояндаи дохилӣ нотавону нодортар берун омад ва барои таъмини сарбозонаш бо маводи ғизоӣ ҳатто дастнигари кумакҳои башарии хориҷӣ буд. Сарбозон ба қавле дар хидмат "нони серӣ"-ро намедиданд. Онҳо аз деҳоти атроф нон металабиданд.

Вале Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, "бо фосила гирифтан аз ҷанги шаҳрвандӣ вазъ дар артиш низ ба ҳолати маъмулӣ бармегардад. Сафи довталабони хидмат афзудааст."

Бо вуҷуди ин, Абдумалик Қодиров мегӯяд, то ҳол мушкилиҳои "дедовшина" ё "кеҳтарпарастиву меҳтарситезӣ" боқӣ мондааст ва муносибати дурушти афсарон бо сарбозон яке дигар аз сабабҳои фирори онҳо аз артиш ва даъвати иҷборӣ ё "облава" низ ба шумор меравад.

Ҷазо барои саркашӣ

Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ҷалби иҷбориро қонун замонат медиҳад ва ҳатто барои саркашӣ аз хидмат ҷазо пешбинӣ шудааст. Муҳаммадалӣ Ватанов, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик низ мегӯяд, дар сурати саркашӣ Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст ва ба истилоҳ “доғи судӣ” дар ҳуҷҷатҳои чунин одамон боқӣ мемонад.

Ватанов мегӯяд, албатта, чунин ҷалби иҷборӣ ба ин маъно нест, ки ҳангоми даъвати иҷборӣ масъулон пой аз қонун берун гузоранд ва ба саломатии даъватшаванда осеб расонанд.

Рӯзи 3 марти соли ҷорӣ 21 созмони мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар бо пахши изҳороте аз тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Созмонҳои аз муаллифони лоиҳа даъват кардаанд, қисми 5-уми моддаи 36-и онро тағйир диҳанд.

Дар қисми 5-и моддаи 36-и лоиҳаи қонуни мазкур гуфта шудааст:“Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад.”

XS
SM
MD
LG