Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи китоби адиби тоҷик дар Бритониё


Толибшоҳи Давлат
Толибшоҳи Давлат

Асари “Турнаҳо дар баҳорон”-и адиби тоҷик Толибшоҳи Давлат дар Бритониёи Кабир бо забонҳои англисиву русӣ чоп шудааст.

Асари “Турнаҳо дар баҳорон”-и адиби тоҷик Толибшоҳи Давлат дар Бритониёи Кабир аз сӯи нашриёти “Hertfordshire Press” бо ду забони англисӣ ва русӣ чоп шудааст. Ин китоби иборат аз 192 саҳифа, ки ба англисӣ “Cranes in spring” ном дорад, дар фуруӯшгоҳи интернетии Амазон низ бо қимати 14,50 фунт стерлинг, муодили тақрибан 22 доллар, ба фурӯш гузошта шудааст.

Толибшоҳи Давлат рӯзи 21 декабр дар як тамоси телефонӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, дар баҳори соли оянда бо ширкати намояндагони нашриёти бритиониёӣ дар Душанбе низ расми муаррифии нашри русиву англисии “Турнаҳо дар баҳорон” доир шавад.

Ӯ мегӯяд, “ин асар қиссаи як муҳоҷири солманд ва як муҳоҷири ҷавони тоҷик аст ва ба сурати умум, азоби машаққати мардуми тоҷик дар ғурбат, аз ҷумла дар Русияро қисса мекунад. Ман мехостам зиндагии мардуми тоҷикро аз зовияи муҳоҷират, ки як мушкили доғи имрӯзаи мардуми мост, ба риштаи тасвир бикашам.”

Қаҳрамони асосии китоб як ҷавони тоҷикест, ки пас аз хатми мактаб мехоҳад ба донишгоҳ дохил шавад, аммо бо далели бепулӣ маҷбур ба муҳоҷират меравад, то пули мактаби олиашро кор кунад. Аммо дар ниҳоят аз Русия тобуташро ба Тоҷикистон меоранд.

“Турнаҳо дар баҳорон”-и Толибшоҳи Давлат соли гузашта дар озмуни “Новеллазия”-и бунёди «НюЕвразия» ва ба дунбол, аз байни 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ё “Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ-2014” пирӯз шуда буд.

Толибшоҳи Давлат ба Озодӣ гуфт, “баъди пирӯзӣ дар озмуни «OCABF-2014» ноширони бритониёӣ барои нашри ин китоб изҳори омодагӣ карданд ва ман ҳаққи нашри онро ба нашриёти "Hertfordshire Press”, ки ба таблиғи асарҳои адибон аз минтақаи АвроОсиё машғул аст, супурдам.”

Намояндаи нашриёти Hertfordshire Press” гуфтааст, ки онҳо қасд дорад дар соли ояндаи 2016-ум адиби дигари тоҷик Гулсифат Шаҳидиро бо номи “Шаҳре ки орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд” (Город где сбываются мечты”) чоп кунанд.​

Толибшоҳи Давлат феълан дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” кор мекунад. Ӯ мегӯяд, фаъолияти хабарнигорӣ барои ӯ ҳамчун адиб дар пайдо кардани мавзӯъҳо кумак мекунад, вале ба сурати умум, “худи талотуми ҳодисот дар рӯзгори мо барои навиштан ба ман ҳар рӯз мавзӯъҳои зиёде медиҳад ва ман ҳам пас аз “Турнаҳо дар баҳорон” бекор нанишастаам. Маҷмӯаи навам дар дасти чоп аст ва умедворам, ки низ ба хонандагон – чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он – писанд биояд.”

Толибшоҳи Давлат соли 1955 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, соли 1982 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. То кунун чанд китоб - «Лолаҳои бетурна», «Ханҷари Чингизхон», «Ҷароҳатҳои пурхун», «Сокинони кишвари сангин» ва «Гуларӯсакон барои сарватмандон» - навиштааст.

Нашри китоби ин адиби тоҷик аз сӯи як нашриёти Бритониё дар ҳолест ки ба ақидаи нозирони умур, адабиёти тоҷикро дар дастикам ду даҳсолаи охир бӯҳрони амиқе фаро гирифтааст.

Мунаққидон мегӯянд, бо онки зиндагии пурталотуми мардуми тоҷик дар ин солҳо, бахусус оқибатҳои манфии ҷанги шаҳрвандӣ ва сели муҳоҷират, метавонист барои адабиёти мавзӯъҳои фаровонеро бидиҳад, дар бозори китоби Тоҷикистон асарҳои нав хеле кам пайдо мешаванд. Камбуди молӣ ва, муҳимтар аз он, камбуди хонанда, ба ақидаи худи адибон, дили онҳоро аз иншои асарҳои нав сард мекунад.

XS
SM
MD
LG