Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо дар Туркия


Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап аввал)
Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап аввал)

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси тоҷик, дар Ҷоми ҷудои Аврупо байни наврасони то 18-сола (Cadet European Judo Cup Antalya 2017), ки рӯзҳои 4-5-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 килограмм баъди се пирӯзӣ бар Амонтур Зумалӣ Уулу (Қирғизистон), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Иван Юрескул (Украина) ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Мерт Сисманлар (Туркия) мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон се варзишгар дохил буд. Вале ду нафари дигар – Саидшо Ёқубов ва Ҷамолиддин Абдуллоев, ки ҳарду дар вазни зери 66 кг ширкат доштанд, дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 362 варзишгар (218 писар ва 144 духтар) аз 18 кишвар иштирок дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Бразилия бо касби 14 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (4-2-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Туркия (3-5-10) ҷойи севумро гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ҷойи 8-умро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 18-сола дар шаҳри Анталияи Туркия соҳиби як медали тилло гардида буд. Гуштигири навраси тоҷик Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 килограмм баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш, дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод.

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, дар рейтинг ё раддабандии нави ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кг миёни навҷавонон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 282 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Гоча Гвачлиани аз Гурҷистон бо 112 имтиёз дар ҷойи дувум ва Саид Гаҷиев аз Русия бо 100 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Ҷаҳонгир аз оилаи паҳлавонон Маҷидовҳо мебошад. Бародари бузурги ӯ Хуршед Маҷидов ду сол пеш қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар вазни беш аз 90 кило, барандаи Ҷоми Аврупо байни наврасон гардида буд. Соли гузашта бошад, ӯ Ҷоми мири шаҳри Иркутскро дар миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар вазни беш аз 100 кило ба даст оварда, инчунин дар Ҷоми Осиё соҳиби медали нуқра шудаааст.

XS
SM
MD
LG