Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунари панирпазӣ Саидаро аз фақр наҷот дод. ВИДЕО


Зиндагии Саида Раҷабова, сокини ноҳияи Шаҳринав, баъди он ранги дигар гирифт, ки кори маъмулии говдӯширо ба ҳунари панирсозӣ табдил дод.

Саида Раҷабова соли 2014 ҳамроҳи беш аз 200 зан шомили як барномаи омӯзишии хоса гашт, ки бо сарпарастии Бонки Осиёи Рушд ташкил шуда буд. Пас аз хатми бомуввафақияти ин давраи таҳсилбизнес-лоиҳаи Раҷабова дар баробари 100 нафари дигар беҳтарин дониста шуда сармоягузорӣ шуд.

Вай мегӯяд, давраи омӯзишӣ ду сол тӯл кашид ва ӯ дар ин муддат роҳи таҳияи панир ва фурӯши онро дар бозори маҳаллӣ ҳам ёд гирифт: “Аммо барои истеҳсоли панир ба ман маблағ лозим буд. Хушбахтона, лоиҳаи ман дастгирӣ ёфт ва ман бо ҳамроҳии ҳамкорам 26 ҳазор сомонӣ маблағи грант дарёфт кардем. Ин маблағро самарнок истифода бурда таҷҳизотҳои заруриро харидем”.

Дар коргоҳи Раҷабова, ки дар таҳхонаи манзили ӯ ҷойгир аст, ҳоло ду нафар – худи ӯву як ҳамсоя машғули коранд. Ҳосили ҳаррӯзаи кори ин занон 10 килограмм панири навъи «осетинӣ» аст. Муштариёни ин коргоҳи хурди навтаъсис, ки қариб як сол боз фаъолият дорад, асосан тарабхонаҳо ва супермаркетҳои пойхтахтанд: “Муштариёни мо бисёранд. Ҳоло, ки зимистон аст, истеҳсоли шир камтар мешавад. Дар мавсимаш дар як рӯз то 20 килограмм панир ҳам омода мекунем. Тарабхонаҳо як килограмми онро 33-сомонӣ ва супермаркетҳо 35-сомонӣ мехаранд.”

Шурӯи пухтани панир зиндагии аҳли хонаводаи хонум Раҷабоваро ба марҳилаи “пеш аз панирсозиву баъди он” тақсим кардааст. Чун даромад ва вазъи иқтисодиву маишии ин хонавода якбора тағйир ёфт. Падари хонадон, ки аз муҳоҷират баргашт, бо ривоҷ ёфани кори коргоҳи панирпазии ҳамсараш, дигар ба Русия нарафт. Ҳоло дар тараддуди васеъ кардани корхона ва сохтани иморати нави ин коргоҳ аст. “Дар ноҳияи Шаҳринав коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ нест. Мо як гуруҳ занон ҳастем (16 нафар) ва мехоҳам бо ташкили як корхона онҳоро ба кор ҷалб кунам”.

Саида Раҷабова ва "панири тоҷикӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Масъулини Бонки Осиёии Рушд мегӯянд, ки аз пешрафти тиҷорати хонум Раҷабова онҳо ҳам дилгарм мешаванд ва ҳоло барои 200 зани дигари тоҷик дар чаҳорчӯби лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода маҳорати пешбурди бизнесро таълим медиҳанд.

Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Мо занонро ҳам омӯзиш додем ва ҳам барои беҳтарин лоиҳаҳо кӯмакҳои хурди пулӣ додем. Дар доираи ин лоиҳа, беш аз 100 зан 2000-долларӣ ба ҳайси грант кӯмак ба даст оварданд. Тавассути ин маблағ занон тавонистанд корхонаҳои хурде таъсис дода. Корхонаи хурди истеҳсоли панир яке аз онҳост.”

Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон
Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон

Ба таъкиди ин мақоми Бонки Осиёи Рушд, натиҷаи кори як ширкати хурди истеҳсолӣ баъди ду сол санҷида мешавад ва дар сурати муваффақ будани натиҷаи он, занон аз сармоягузории бештар бархурдор мешаванд.

Си Си Ю гуфт, бинобар муҳоҷирати кории густардаи мардон аз Тоҷикистон, Бонки Осиёи Рушд тасмим гирифт махсус бо занон кор кунад, ки дар набуди мардон танҳо бори рӯзгорро мекашанд. Ҳамасола Тоҷикистонро бо ҳадафи кор дар Русия беш аз 1 миллион нафар тарк мекунад ва аксари онҳо мардон мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо, мардон ба Русия рафта ҳамсар ва фарзандони худро фаромӯш мекунанд ва занҳои бекору бедаромад дар шароити сангину бечорагӣ ба сар мебаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG