Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қолини эронӣ мефурӯшад


Дар ҷануби Тоҷикистон як коргоҳи хурди қолинбофӣ ба кор шурӯъ кардааст ва дастандкорон умедворанд, рӯзе аз Тоҷикистон ҳам қолинҳои маъруфи эронӣ содир кунанд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ширкати хусусии "Гулвард" даҳҳо занро ҷамъ оварда ва ба онҳо бофтани қолинҳои форсӣ ё эрониро меомӯзонад. Духтарони қолинбоф мегӯянд, ҳоло бофтани қолинҳоеро ёд гирифтаанд, ки мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда аз қолинҳои воридотӣ аз Эрон нисбатан арзонтар аст.

Соҳиба Тошпулотова, мудири коргоҳ мегӯяд, айни ҳол 34 коргар дар ин марказ ба қолинбофӣ машғуланд ва онҳо дар навбати худ 20 нафари шогирд доранд. Соҳиба Тошпӯлодова мегӯяд, ки худи ӯ ҳам замоне дар ин ҷо се моҳ усто шуда кор мекард ва ба шогирдон ин ҳунарро ёд медод ва айни замон шогирдонаш корро омӯхтанд ва боз шогирдҳо омода мекунанд.

Барои боз кардани коргоҳ ва ёд додани қолинбофӣ ба духтарони тоҷик, худи эрониҳо ба Тоҷикистон омадаанд ва мегӯянд, бовар доранд, ки рӯзе аз Тоҷикистон ҳам қолини воқеии форсӣ ба хориҷ содир мешавад.

Муҳаммадризо Меҳрпарвар, як тоҷир ва қолибофи эронӣ, ки як сол беш ба духтарони тоҷик ин ҳунарро омӯзонидааст, мегӯяд, ки “духтарон салиқа ва фаҳми хубе доштанд. Ошно шудем ва дидем, ки санъати қолинбофиро инҷо равнақ диҳем. Қаблан имконот буд, аммо мутобиқ ба страндарти ҷаҳонӣ набуд. Баъд аз соҳиб шудани ин меъёр, ба кор шурӯъ кардем. Духтарҳо ки корро тез меомӯхтанд, зуд пеш рафтем. Худи эрониҳо ҳам қабул доранд, усуле, ки мо дар ин ҷо роҳандозӣ кардем, қолинҳо бо меъёрҳои ҷаҳонӣ омода мешаванд.”

Тоҷикистон қолии форсӣ мефурӯшад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Занону духтароне, ки инҷо кор мекунанд, мегӯянд, қолинбофӣ кори сахту заҳматталаб аст, вале муҳим барояшон доштани ҷойи кор ва манбаи даромад мебошад. Зулайхо Холматова, яке аз занон, ки ба бофтани ҷойнамоз машғул аст, мегӯяд: “Ин дуюмин қолин аст, ки ман мебофам. Якумашро каме пештар супоридам. Нақши қолин камтар, ки аст, бофтанаш ҳам осон мебошад. Барои ҷойнамоз се моҳ даркор аст, барои қолин бошад, аз чаҳор моҳ ва зиёда аз он."

Мағфират Хоҷаева, як сол қабл хонашин буд, ҳоло бошад коргари пешбар аст ва шогирд ҳам дорад. Вай мегӯяд, аз се сол ба ин сӯ дар инҷо фаъолият мекунад ва зиёда аз 20 шогирд омода кардаст, ки худашон мустақилона кор мекунанд. Мағфират Хоҷаева ба ин назар аст, ки қолинбофӣ барои духтарон шуғли муносиб аст ва метавонанд, ки бо ин роҳ ба хонаводаи худ кӯмак кунанд.

Муҳаммадризо Меҳрпарвар, тоҷири эронӣ мегӯяд, ҳоло ҳадафи аслӣ ёд додани қолибофӣ ба духтарон аст ва то кунун ҳамин шогирдон 7 қолии зебо бофтаанд, ки аз қолинҳои дастбофи Эрон ҳеҷ тафовуте надоранд.

Дар Тоҷикистон айни замон як қолини хурди дастбофи форсӣ аз 500 то 1200 доллар арзиш дорад ва дастандаркорон мегӯянд, умедворанд, ин коргоҳ оғози саноати қолинбофӣ дар Тоҷикистон шавад ва занонро, ки аксаран бекоранд, бо шуғлу даромад таъмин намояд.

XS
SM
MD
LG