Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи тоҷик -- пайванди душвори фақр ва хушбахтӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон имрӯз оилаеро хушбахт меноманд, ки ҳеҷ касеаш дар Русия муҳоҷир нест ва даромадаш барои таъмини рӯзгор кифоят мекунад.

Агар дар Рӯзи ҷаҳонии оила, дар кӯчаҳои Душанбе аз даҳ нафар суол кунед, ки меъёри хушбахтӣ дар оила чӣ аст, ҳатман ҳашт нафар ҳангоми сабт фарзанддорӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҳамсаронро аз ченакҳои аслии хушбахтии як оила унвон мекунанд. Аммо агар ин сӯҳбат бидуни микрафон бошад, аксаран ба шумо хоҳанд гуфт, ки агар вазъи молии оила хуб набошад, самимитарин ишқ ҳам аз он мегурезад.

Барои Мадина Пирумқуловаи 23-сола хушбахтӣ як зиндагии орому осуда ва бидуни дахолати модаршӯ ва хоҳаршӯ аст. Ӯ пулу молро дар ҷойи дуввум мегузорад ва мегӯяд, муҳаббат ва самимияти шавҳараш барои ӯ муҳимтар аз моли дунё аст. Аммо барои Фарангис Юсуфова, вазъи иқтисодии оила омили аслии оромишу хушбахтист. Ӯ корманди соҳаи беҳдошт аст ва мегӯяд, оилае, ки дар пойгоҳи фақр ва ниёзмандӣ бунёд шавад, дер намепояд.

Нигарони Фарангисро равоншиноси Кумитаи кор бо занони ҳукумати Тоҷикистон Заррина Кенҷаева низ эътироф мекунад. Ӯ мегӯяд, танҳо дар се моҳи аввали соли 2013 беш аз 2000 оила аз ҳам пошидааст. Гуфта мешавад, ки аксари занҳои талоқшуда ҳадди ақал ду кӯдак доранд. Ин рақам дар тули сол чанд баробар афзоиш меёбад.

Сабабҳои азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон ба андозае маъмулӣ ва такрори якдигаранд, ки дар бисёр ҳолатҳо фикр мекунед, ки ин қиссаро боре дар куҷое шунидаед:

  • набудани пул,
  • набудани хона,
  • набудани ҷойи кор,
  • набудани ҳамдигарфаҳмӣ
  • набудани эҳтирому муҳаббат.

Хадича Ҳошимоваи 55-сола дар оилаи суннатӣ бузург шуда ва 37 солро бо як ҳамсар сипарӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, дар 18-солагӣ дар хонаи серфарзанд ва сермеҳмоне арӯс шуд, ки аз саҳар то шом дараш боз буд ва пойи меҳмонҳо аз он канда намешуд. Ӯ мегӯяд хобро ба серӣ намедид, чун бояд баъди ҳама мехобид ва саҳар пеш аз дигарон бедор мешуд. "Сахт буд албатта", - мегӯяд ӯ ва меафзояд -- "ман ба хотири бепадар нашудани фарзандон ҳатто хиёнати шавҳарамро таҳаммул кардам, ҷавонони имрӯза ин таҳаммулро надоранд ва шояд ҳақ ҳам бошанд."

Аз сӯи дигар ҳамон тавр, ки шеваи зиндагӣ ва хулқу хӯи тоҷикон дар замони умумишавӣ ё глобалазация ба андозаи назаррас тағйир кардааст, ҳамин тавр оилаҳо низ то ҷойе арзишҳои худро бознигарӣ кардаанд. Ба думболи суқути Шӯравӣ суботи арзишҳои оиладорӣ дар Тоҷикистон ба чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд.

  • Аввалин тамоюл бекор мондани мардҳо ва бозорнишин шудани занҳо буд, ки ба сари худ мувозинатро дар оилаҳо баҳам зад.
  • Тамоюли дуввум, авҷ гирифтани полигамӣ ва ё бисёрзанӣ буд, ки пойдевори институти оиладориро такон дод ва занҳоро беарзиш ба намоиш гузошт.
  • Тамоюли сеюм, ки ҳоло бар ҳар оилаи чаҳорум дар кишвар сар задааст, муҳоҷирати меҳнатист, ки агар аз як тараф оилаҳоро аз фақру нодорӣ раҳо мекунад, вале аз тарафи дигар онҳоро нимаву ноқис мекунад.

Падидаи ҳайратоваре, ки ин раванд дар солҳои аввал ба думбол дошт, талоқи занҳо аз тариқи СМС буд, ки баъдан аз тарафи руҳониён маҳкум шуд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон интизорот аз як зан, ба сифати афрӯзандаи оташи хонадон, бисёр бузург аст. Ин аст, ки дар мавридҳои талоқ ангушти иттиҳом бештар ба сӯи занҳо баланд мешавад.

Сурайёи Шуҷоат, рӯзноманигори тоҷик ба ин ақида, ки вазъи молӣ боиси бесуботӣ дар оилаҳо шудааст, розӣ аст. Ӯ мегӯяд, "Талоқ дар хонаводаҳое, ки ду се "келин" дар як ҳавели зиндагӣ мекунанд, қобили пешгӯӣ аст. Ҳоло ҷавонон мисли 15-20 соли қабл интизор намешаванд, ки кай падару модар онҳоро ба хонаи алоҳида гусел мекунанд, онҳомехоҳанд соҳиби сарпаноҳи худ бошанд."

Хонум Сурайё низ муҳоҷиратро аз сабабҳои дигари афзоиши фурӯпошии оилаҳо медонад. Ӯ мегӯяд, "Агар ҳоло ба деҳкадаҳо назар кунем мебинем, ки аксари занҳои талоқгирифта, онҳое мебошанд, ки шавҳарҳояшон дар Русия ҳастанд. Он гапу хабарҳое, ки тариқи телефон ба шавҳар мерасад боиси ҷудо гардидани зану шавҳар мешавад."

Ба андешаи ин коршинос ҷавонони муҳоҷир бо сахтиҳое, ки дар ғурбат мекашанд хеле асабонӣ ҳастанд ва тавони нозбардорӣ надоранд. Ин аст, ки оддитарин баҳс метавонад ба се талоқ бубарад. Аммо, бо вуҷуди чунин таконҳое, ки оилаи тоҷик дар ду даҳаи охир дидааст, тоҷикон ҳамоно оиласолор боқӣ мондаанд ва онро яке аз муҳимтарин бахшҳои зиндагии худ мешуморанд. Идома ёфтани ин суннат ба фишори омилҳои номбаршуда бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG