Пайвандҳои дастрасӣ

2 паҳлавони тоҷик - соҳиби ҷоизаҳои Аляксандр Лукашенка


Хушқадам Хусравов

Паҳлавонони тоҷик дар даври Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ду медал ба даст оварданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Беларус -- Аляксандр Лукашенка дар шаҳри Минск, ки даври дувуми Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешуд, соҳиби ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ - гардиданд.

Хушқадам Хусравов дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ардашер Исмоилов дар вазни зери 52 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ин мусобиқа барои самбочиёни тоҷик дар мавсими имсола дувумин мусобиқаи байналмилалӣ ба шумор мерафт. Дар ин мусобиқа, ки барои бори нӯҳум дар пойтахти Беларус баргузор шуд, гуштигирони 12 кишвар ширкат доштанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

52 кг

1. Кубарков Андрей (Русия)

2. Тотоев Ричард (Русия)

3. Умбоев Насимӣ (Озарбойҷон)

3. Исмоилов Ардашер (Тоҷикистон)

57 кг

1. Козлов Роман (Русия)

2. Пономаренко Данил (Русия)

3. Купатадзе Ираклий (Гурҷистон)

3 . Раимқулов Болатбек (Қазоқистон)

62 кг

1. Анискевич Иван (Беларус)

2. Хусравов Хушқадам (Тоҷикистон)

3. Азаров Александр (Беларус)

3. Туҳфатуллин Иля (Русия)

68 кг

1. Аҷемян Манук (Русия)

2. Смолин Дмитрий (Беларус)

3. Сериков Нурбол (Қазоқистон)

3. Жарилгассов Багдат (Қазоқистон)

74 кг

1. Алкей Ассилбек (Қазоқистон)

2. Сарсенбин Арман (Қазоқистон)

3. Табурченко Павел (Русия)

3. Седракян Сипан (Русия)

82 кг

1. Сцепанков Алексей (Беларус)

2. Емилянов Тимофей (Беларус)

3. Теженов Тежен (Туркманистон)

3. Манукян Арутюн (Русия)

90 кг

1. Казусионок Андрей (Беларус)

2. Коновалов Антон (Русия)

3. Кирюхин Сергей (Русия)

3. Полянсков Михаил (Русия)

100 кг

1. Сёмочкин Евгений (Беларус)

2. Минаков Дмитрий (Русия)

3. Матско Николай (Беларус)

3. Решко Виктор (Латвия)

Беш аз 100 кг

1. Рибак Юрий (Беларус)

2. Бердзенишвили Бека (Гурҷистон)

3. Пискунов Александр (Беларус)

3. Тунаков Александр (Русия)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG