Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сокини Ҳисорро барои "миллатгароӣ" ҷазо доданд


Бурҳониддин Сафаралиев.
Бурҳониддин Сафаралиев.

Додгоҳи олии Тоҷикистон се сокини ноҳияи Ҳисорро бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ" ба зиндон маҳкум кард. Дар миёни онҳо Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳалла аст, ки борҳо номаш дар сархати хабарҳо дар Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Ҳамроҳ бо раиси деҳаи Сайёд, муовинаш Фахриддин Раҷабов ва сокини узбектабори маҳалла Шокирҷон Исмоилов ҷазо гирифтанд. Додгоҳ гуфт, ки ҳарсе Сафаралиев, Раҷабов ва Исмоилов ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" гунаҳкор дониста шуданд. Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабов ва Шокирҷон Исмоиловро ба як солии зиндон маҳкум карданд.​​

Худи Бурҳониддин Сафаралиев ҳам гуфта буд, ки иддаоҳо дар бораи барангехтани адовати қавмӣ ва нажодӣ дар бораи ӯ дуруст нест ва мақомот мехоҳанд, барои ошкор кардани камбудиҳо дар маҳалла ва дигар деҳоти атроф, аз ӯ интиқом бигиранд.​ Аз котиботи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 24-уми июл сурат гирифт ва ба сабаби ним сол дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани Бурҳониддин Сафаралиев ва муовинаш Фахриддин Раҷабов, онҳо ним сол дар зиндон мемонанд.

Манбаъ афзуд, Шокирҷон Исмоилов, сокини узбектабори маҳаллаи Сайёдро, ки дар авоили ҳамин моҳ аз толори додгоҳ боздошт шуд, як солро дар зиндон пушти сар хоҳад кард. Додситон хоста буд, се нафар ба панҷ солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Мастура Наимова, модари Бурҳониддин Сафаралиев, ки дар мурофиаи рӯзи 24-уми июл ҳузур доштааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ дар нисбати писараш розӣ аст ва аз раёсати додгоҳ ташаккур намуд, ки хизматҳои писарашро ҳамчун раиси маҳалла, ба эътибор гирифт.

Додситонии Ҳисор бар асоси шикояти чанде аз сокинони узбекзабонони маҳаллаи Сайёд дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ алайҳи Бурҳониддин Сафаралиев ва муовинаш бо иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати миллӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ба гуфтаи муфаттишон, сокинони узбекзабон дар аризаи шикоятиашон Бурҳониддин Сафаралиев ва Фахриддин Раҷабовро ба миллатгароӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо номи масҷиди маҳалла "Мулло Аҳмадқулибобо"-и узбекро ба "Масҷиди панҷвақтаи Сайёд" иваз кардаанд. Аввали моҳи июл Шокирҷон Исмоилов, сокини узбектабори маҳаллаи Сайёд, ки Бурҳониддин Сафаралиевро ба "узбекситезӣ" муттаҳам мекард, низ бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ", боздошт шуд.

Наздикони Бурҳониддин Сафаралиев мегуфтанд, ӯ бегуноҳ аст ва дар ҳаққи касе кори баде накардааст. Бародараш Бадриддин Сафаралиев қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, тағйири номи масҷид аз тарафи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст ва ин кори дасти Бурҳониддин нест. Сафаралиев дар гузашта дар бораи мушкилоти деҳа ва маҳаллаҳои атроф бо расонаҳо сӯҳбат кардааст. Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллае аст, ки дар он тоҷикону узбекони зиёд зиндагӣ мекунанд. То кунун дар байни онҳо муноқишаву даъво мушоҳида нашудааст.

XS
SM
MD
LG