Бино ба иттилоъи вазорати маориф, имсол ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 36 866 довталаб қабул мешаванд, ки аз ин шумора 12 900 нафар ба шӯъбаҳои буҷавӣ ва боқимонда дар шӯъбаҳои шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард.
Дар кӯчаҳҳои Душанбе мо ин бор аз мардум ин суолро пурсидем, ки оё дохил шудан ба кадоме аз мактабҳои олии Тоҷикистон имконпазир аст ва барои ин чӣ лозим аст? Яке гуфт, ки ин аслан имкон надорад, чунки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба таъбири маъруф, “бепул суханат асар надорад.” Дигаре гуфт, ки на, агар одам савод дошта бошад, ҳатман дохил мешавад ва онҳое “тағо” меҷӯянд, ки ба саводи худ мутмаин нестанд. Аммо ба ақидаи яке дигар аз ҳамсӯҳбатони мо, бе пардохти пул ва танҳо бо такя ба савод даромадан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон мушкилтар аст.
Зимнан дар як пурсиши Радиои Озодӣ дар моҳи июн низ дар посух ба ин суол ки “Барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон чӣ муҳим аст?” танҳо 10,6 дарсад аз 1756 нафар саводро муҳим хонда, 7,9 фоиз ба ҳатмӣ будани доштани як “тағо” таъкид кардаанд. 56,5 фоиз, ё беш аз нисфи назардодаҳо бар ин боваранд, ки муҳимтарин чиз барои дохил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон пул аст. 24,9 фоиз ё ҳар нафари чорум бар ин назар аст, ки бояд кам-кам аз ҳамааш дошт, яъне ҳам савод, ҳам пул ва ҳам “тағо.”
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар гузоришҳои қаблиаш сохторҳои вазорати маориф, аз ҷумла донишгоҳҳоро аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии ин кишвар ном мебурд. Аммо Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти ахири хабариаш гуфтааст, ки имсол дар мавсими дохилшавӣ танҳо як мавриди боздошти устоди донишгоҳ бо иттиҳоми ришвагирӣ ошкор шудааст.
Шарҳҳоро бинед (61)
Боз кардани шарҳи бештар