Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сегоникҳои Парвинаро ба хона оварданд. ВИДЕО


Фотимаву Зӯҳро ва Ойиша рӯзи 20-уми январ таваллуд шуданд.
Фотимаву Зӯҳро ва Ойиша рӯзи 20-уми январ таваллуд шуданд.

Имрӯз ба хонаи яке аз сокинони Тоҷикистон аз шифохона меҳмонони деринтизорро оварданд ва сегоникеро, ки 10 рӯз пеш ба дунё омаданд.

Рӯзи 30-уми январ, як рӯзи сербарфу сард хешовандон дар хонаи Усмоновҳо дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Фотимаву Зӯҳро ва Оишаро пешвоз гирифтанд.

Бахусус кӯдакон шод буданд, ки “янгаашон меояд” ва бори аввал сегоникро мебинанд. Дар видеое, ки Усмонов Раҷабалӣ, амаки тифлони навзод ба Радиои Озодӣ фиристод дида мешавад, ки чӣ гуна кӯдакони хонавода бо дидани мошине, ки ба самти хона меояд, хурсандӣ мекунанд.

Ҳангоми қабули меҳмонон барои кӯдакон ширинӣ ҳам доданд, то ки коми онҳо ҳамеша ширин бошад ва рӯзи хонавода ҳамеша бо хурсандӣ бигзарад.

Сегоникро Парвина Усмонова, бомдоди 20-уми январ дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овард. Ҳангоми таваллуд як навзод 2 килову 300 грам ва ду навзоди дигар 1 килову 300 граммӣ вазн доштаанд.

Видеоро инҷо бубинед:

Парвина бо сегоникҳояш ба хона баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Модари кӯдакон баъди таваллуд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз пеш медонист, ки соҳиби сегоник мешавад: “Моҳи саввум ё чаҳорум буд, ки барои ташхис ба шифохона рафтам, гуфтанд, ки сето ҳастанд. Медонистам, ки сето ҳастанд. Шаш ҳафт бор дида будамашон»

Парвина Усмонова, айни замон ҷое кор намекунад. Шавҳараш Зикриё Усмонов, гоҳ-гоҳе барои кор ба Русия меравад ва имсол баргаштааст ва дар канори ҳамсараш мебошад. Бо таваллуди сегоник, Парвинаву Зикриё соҳиби 5 духтар шуданд. Духтарони калонашон 9 ва 6 - сола ҳастанд.

XS
SM
MD
LG