Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як хонанда бо дасти ҳамсинфаш дар мактаб


Як хонандаи мактаби миёна дар ноҳияи Файзобод ҳангоми дарс ҳамсинфи худро ба ҳалокат расондааст.

Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 28 сентябри соли ҷорӣ рух додааст. Ба гуфти як манбаъ аз вазорати корҳои дохилӣ, Одил Бузургов, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи шумораи 50-и деҳаи Қашқараҳаи ҷамоати Мискинобод ҳамсинфи худ Шодмон Касирови 16-соларо латукӯб карда, ба ҳалокат расондааст.

Наздикони Шодмон Касиров мегӯянд, куштор соати 10:35 ҳангоми дарс, вақте рух додааст, ки муаллими фанни биология ва ҳамзамон ҷонишини мудири мактаб - Назар Чалишов - вориди синфхона шуда, аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки чанд дақиқа ором бошанд, то ӯ ба занги телефони дастиаш посух гӯяд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, вақте муаллим берун меравад, бачаҳои синф сару садо мекунанд ва Шодмон Касиров аз онҳо хоҳиш мекунад, ки амри муаллимро ба ҷо оранд ва хомӯш нишинанд. Ин манбаъ афзуд, ин кори ҳамсинф ба Одил Бузургов писанд намеояд ва ахирӣ як мушт ба соҳаи дилу бо китоб ба сари Шодмон Касиров мезанад. Шодмон Касиров бар асари ин зарбаҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Одил Бузургов, бино ба қавли манбаъи мо, ҳоло дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Файзобод нигоҳ дошта мешавад. Ин аввалин мавриди куштори як ҳамсинф аз сӯи ҳамсинф дар мактабҳои Тоҷикистон ва он ҳам дар мактаби миёна ва ҳангоми дарс дар соли ҷорист. Бино ба хулосаи экспертизаи тиббӣ, Шодмон Касиров бар асари хунравии дохили сар ба ҳалокат расидааст.

Куштор дар мактаби ноҳияи Файзобод дар пасманзари нигарониҳои мақомот аз «ҷавон» шудани синни ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон рух додааст. Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2012 ноболиғон дар 575 ҷиноят (433 - дуздӣ, 50 - авбошӣ, 23 - ғоратгарӣ, 12 - қаллобӣ, 8 - таҷовуз, 5 - куштор ва ғайра) даст доштаанд ва дар 46 маврид ҳатто духтарони тоҷик низ даст ба ҷиноят задаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб чанде аз мактабҳои Тоҷикистон муҳофиз киро кардаанд ва убуру мурур ба саҳни мактаб ва дохили биноро таҳти назорат гирифтаанд. Вале бо сабаби он ки маблағи харҷи кирои ин муҳофизон аз ҷайби падару модарон аст, баъзе аз мактабҳо бе муҳофиз мондаанд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд барои таъмин кардани мактабҳо бо муҳофиз аз тарафи давлат маблағ ҷудо нашудааст.
XS
SM
MD
LG