Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали панҷуми варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон


Яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Қазон.
Яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Қазон.

Гуштигири тоҷик Нусратшоҳ Имомов дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия дар риштаи самбо барандаи медали биринҷӣ гардид.

Нусратшоҳ рӯзи 15-уми июл дар рақобатҳо дар вазни то 74 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 дастболо шуд.

Нусратшоҳ Имомови 24-сола донишҷӯи Донишкададаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Вай ба Тоҷикистон дар ин Универсиада медали 5-умро овард.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш 4 медали мунтахаби Тоҷикистонро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар сабқати гуштии камарбандӣ (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва самбо (1 нуқра) соҳиб шуданд.

Абдуазим Бойназарови 20-сола дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён
Медали чорумро ба Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириёни 20-сола овардааст. Вай дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар даври 1/16 ниҳоӣ бар рақибаш Нико Ҳорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд. Баъдан ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо Валентин Ҷордан аз Фаронса қувваозмоӣ кард, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бо тасмими доварон Комроншоҳ ғолиб дониста шуд.

Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Сӯҳроб Остонаев ғалаба карда, ба финал баромад. Комроншоҳ дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Русия Павел Румянсев бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, гуштии озод ва шиноварӣ ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Рӯзи 15-уми июл паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 57 кг ноком шуд. Вай дар нахустин рақобати худ аз гуштигири Гурҷистон Геннадий Чиргадзе бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.

Рӯзи душанбе, инчунин, боз ду варзишгари тоҷик – Манучеҳр Алаев ва Наврӯз Арабов дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Манучеҳр дар вазни то 84 кг дар даври муқаддамотӣ аз Даниэл Олсон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 1:3 ва Наврӯз дар вазни 120 кг аз Серго Гогисванидзе аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия то ҳоло варзишгарони 67 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд. Мунтахаби Русия бо касби 250 медал (126 тилло, 67 нуқра ва 57 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Чин (23+26+18) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (20+22+28) дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (15+9+11), Украина (11+24+28), Беларус (11+12+12), ИМА (9+13+11), Африқои Ҷанубӣ (7+3+4), Австралия (6+3+6) ва Литва (6+1+2) ҷойгир шудаанд.

То ҳоло варзишгарони 42 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 67 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 44-ум ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, Узбакистон , Туркманистон ва Қирғизистон дар мақоми аз ҳама поён қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар ҷойи 12-ум мебошад. Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 1. Русия (126+67+57). 5.Украина (11+24+28), 6. Беларус (11+12+12). 10. Литва (6+1+2). 14. Озарбойҷон (4+4+7). 21. Қазоқистон (2+10+14). 22. Узбакистон (2+7+10). 25.Туркманистон (2+3+9). 26. Қирғизистон (2+2+7). 34. Арманистон (1+4+1). 43. Молдова (0+2+10). 44. Тоҷикистон (0+2+3). 47. Латвия (0+1+2). 58. Эстония (0+0+1). Танҳо як кишвари собиқи шӯравӣ – Гурҷистон то ҳоло медал нагирифтааст.

Рӯзи 16-уми июл мусобиқоти самбо дар вазнҳои -62, -82, +100 кг ва гуштии юнониву румӣ дар вазнҳои -60, -74, -96 кг барпо мегардад. Ин охирин мусобиқот барои варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон-2013 маҳсуб мешавад.

Дар мусобиқоти самбо дар 1/16 финал паҳлавони тоҷик - Нозимон Охиров (62 кг) бо Шербек Рӯзиев (Узбакистон), Зайналобиддини Аъзам (82 кг) бо Зиё Намозов (Озарбойҷон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) бо Зивинас Забарскас (Литва) рақобат мекунанд.

Дар мусобиқоти гуштии юнониву румӣ гуштигири тоҷик Аҳмад Қодиров бо Ҷозе Рабадан Инйеста (Испания) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон бо ширкати варзишгарони 162 кишвар ҷараён дорад. Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 10 рӯзи мусобиқот аз 351 маҷмӯи медалҳо 302 маҷмӯи медалҳо ба соҳибонашон супурда шуданд.

Маросими пӯшидашавии Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона 17-уми июл дар Варзишгоҳи нави Kazan-Arena барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG