Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Русия дар Универсиадаи Қазон-2013


Дастаи мунтахаби Русия дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазон пешсафи ягона аст.

Баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот мунтахаби Русия бо касби 77 медал (39 тилло, 16 нуқра ва 22 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Кореяи Ҷанубӣ (6+3+2) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (5+8+8) дар ҷойи севум қарор доранд. Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Украина (4+12+10), Чин (4+7+4), Олмон (3+2+4), Африқои Ҷанубӣ (3+1+2), Литва (3+1+1), Қазоқистон (2+4+3) ва Туркманистон (2+3+6) ҷойгир шудаанд.

То ҳоло варзишгарони 26 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 47 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 31-ум қарор дорад.

Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 1. Русия (39+16+22). 4.Украина (4+12+10), 8. Литва (3+1+1). 9. Қазоқистон (2+4+3). 10. Туркманистон (2+3+6). 11. Қирғизистон (2+1+6). 14. Беларус (1+3+1). 16. Озарбойҷон (1+2+1). 28. Узбакистон (0+2+4). 30. Молдова (0+1+5). 31. Тоҷикистон (0+1+2). 39. Латвия (0+0+2).

Бояд гуфт, ки ҳарсе медали мунтахаби Тоҷикистонро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар сабқати гуштии камарбандӣ ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Абдуазим Бойназарови 20-сола дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Намояндагони Тоҷикистон боз дар 7 ришта - дзюдо, варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии озод ва юнониву румӣ, самбо ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона то рӯзи 17-уми июл идома хоҳад кард. Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон бо ширкати варзишгарони 162 кишвар баргузор шудааст. Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар чаҳор рӯзи мусобиқот аз 351 маҷмӯи медалҳо 89 маҷмӯи медалҳоро соҳибӣ карданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 33 иншооти варзишӣ ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки дар чаҳор соли ахир дар Қазон 29 иншооти нави варзишӣ сохта шудааст. Барои қабули варзишгарон Деҳаи Универсиада бунёд ёфтааст, ки аз 28 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои зисту фароғати варзишгарони донишҷӯ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои баргузории Универсиада дар Қазон аз буҷаи Русия 228 миллиард рубл масраф шудааст. Маблағе, ки барои сохтмони варзишгоҳи Kazan-arena, ки дар он маросими кушодашавии Универсиада баргузор шуд, тахминан 15,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG