Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули сувенири порлумон баробари пули як мактаб


Ҷамъи хароҷоти порлумон ва як оҷонсии давлатии Тоҷикистон барои харидории армуғону нишони сарисинагӣ аз хароҷоти сохтмони бинои як мактаби миёна бештар шудааст.

Аз аввали сол то кунун давлати Тоҷикистон тавассути Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот 1542 тендер ва ё музояда баргузор кардааст. Ниҳодҳои гуногуни ҳукумат тавассути ин Оҷонсӣ барои харидории молу маҳсулот ва ё иҷрои ягон кор, ё хадамот миёни ширкатҳо озмун эълон мекунанд. Бинобар талаботи қонун дар рӯзи ҷамъбасти озмун мутахассисони ин оҷонсӣ ширкатеро, ки бо маблағи таъиншуда беҳтарин маҳсулот, кор ва ё хадамотро иҷро кунад он ғолиб шуморида мешавад.

Аксарияти кулли қисмати даромадҳои буҷаи Тоҷикистон ва ё беш аз 90 дар сади он аз ҳисоби молиёту пардохтҳои аҳолӣ ва корхонаҳои хусусӣ аст. Танҳо камтар аз се дарсади даромадҳои буҷа аз ҳисоби ду фурӯши маҳсулоти асосии содиротӣ нахи пахта ва алюминий аст.

Идораҳои давлатӣ бо пули буҷа чӣ харидаанд?

Дар миёни 1542 музоядаи анҷомдодаи Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот, ки дар торнамои расмии ин ниҳод ҷой дода шудааст, харидҳое пурхарҷе низ ҳаст, ки бисёриҳо ба зарурати он шак доранд.

Барои мисол Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 14-уми июли соли равон бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ- бештар аз 6 ҳазор доллар танҳо армуғон ва ё сувенир харидорӣ кардааст.

Палатаи поёнии порлумон Маҷлиси намояндагон бошад бо харҷи як маротиба бештар аз ин – бо харҷи 60 ҳазору 552 сомонӣ муодили 12 ҳазор доллари амрикоӣ, армуғони хотиравӣ, бланк барои ҳуҷҷатҳо ва нишонҳои сарисинагӣ харидорӣ кардааст.

Ҷамъи хароҷоти ин ду ниҳод танҳо барои харидории армуғону нишони сарисинагӣ аз хароҷоти сохтмони бинои як мактаби миёна бештар аст. Барои мисол, бинобар бар иттилои торнамои Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хадамот шӯбаи маорифи ноҳияи Варзоб барои сохтмони бинои мактаби миёна дар деҳаи Зуманд 84 ҳазор 462 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Панҷ ҳазору 538 сомонӣ камтар аз пули армуғонҳои хариданим парлумон ва Оҷонсии зидди маводи мухаддир.

Ниҳодҳои давлати Тоҷикистон барои хариди мошинҳои сабукрави хидматӣ низ пули буҷаро дареғ намедоранд. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо сарфи 79 ҳазор сомонӣ (15800$), Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн бо 136 ҳазору 680 сомонӣ (27336$) ва Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ба қиммати 193 ҳазору 800 сомонӣ (32600$) мошини сабукрав харидаанд. Дар ҳоле ки президент Раҳмон қаблан дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат хариди мошинҳои хизматиро барои роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ то ба се сол манъ карда буд. Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ низ дар нишасти ахири хабариаш дигарбора ба ин нукта таъкид кард.

Бино бар додаҳои торнамои Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот соли ҷорӣ бештар аз ҳама Кумитаи андоз баҳри ниёзҳои идории хеш пул масраф кардааст.

Барои таъмири биноҳо, хариди мебел, мошини хизматӣ ва эҳтиёҷоти дигар Кумтитаи андоз 14 милллиону 390 ҳазору 542 сомонӣ масраф кардааст. Рустамҷон Ҷабборов муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Кумитаи андози Тоҷикистон барои сохтмони биноҳои хизматӣ ду сарчашмаи маблағгузорӣ дорад. Яке буҷети давлатӣ ва дигар фоизи ҷаримаҳои андоз, ки дар суратҳисобаш ҷамъ мешавад. Ҳамаи ин хароҷот дар қонуни буҷаи давлат тасдиқ карда мешавад”.

Ҷаноби Ҷабборов афзуд, ки сохтмони баъзе аз биноҳо, аз ҷумла барои такмили ихтисоси нозирони андоз аз ҳисоби гранти Бонки Ҷаҳонӣ сохта мешаванд.

Зимнан бинобар муқарарроти қонуни буҷҷа Кумитаи андози Тоҷикистон ҳақ дорад то 50 дарсади ҷаримаҳои андозро, ки ситонида мешаванд барои эҳтиёҷоти дохилии худаш сарф кунад. Амре, ки ба таъкиди коршиносон нозирони андозро ба бештар ҷарима кардани андозсупорандагон манфиатдор мекунад.

Зимнан шеваи баргузории харидҳои давлатӣ низ аҷибу шубҳабарангез аст. Бархе аз ширкатҳои алоҳида дар аксар тендерҳо ғолиб меоянд ва мисли ин ки “холаҳои ҳамакораанд”.

Барои мисол ширкати “Хумайро” аз моҳи март то август дар 12 музоядаи давлатӣ дар ҳаҷми 2 миллиону 636 ҳазору 770 сомонӣ (бештар аз 500 ҳазор доллар) ғолиб шудааст. Ин ширкат ба давлат ҳам кӯчати лола ва ҳам қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро мефурӯшад. Айни замон ин ҶДММ “Хумайро” дар биноҳои ҳукуматӣ ҳавополо ё кондисинер ҳам насб мекунад ва ба ҳукумат мӯзаҳои сарбозӣ мефурӯшад.

Нозим Ишонқулов, иқтисоддон ва роҳбари «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» дар робита ба мегуяд: “Ман намехоҳам, ки касеро гунаҳкор кунам, аммо ин гуна музоядаҳо як зумра саволҳоро дар зеҳни кас халқ мекунад. Як ширкат наметавонад то ба ин ҳад дар ҷабҳаҳои гуногун фаъолият дошта бошад. Яъне ҳам биноҳоро таъмир кунаду ҳам ниҳоли лола фурӯшад. Танҳо консернҳои бузург ба ин қодиранд”.

Ҷаноби Ишонқулов афзуд, барои ҷилавгирӣ аз фасод ҳангоми хариди давлатӣ бояд шумораи чунин харидҳо бояд кам карда шавад. Ба таъкиди Ишонқулов агар бархе аз масъулиятҳои ниҳодҳои давлат ба души бахши хусусӣ вогузашта шавад, зарурати ташкили хадриҳои давлатӣ- музоядаҳо ва муттаносибан хавфи фасодкорӣ дар ин арса кам хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Зафар Раҷабов як масъули Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ба ҷуз аз ин оҷонсӣ 20 ниҳоди дигари давлати Тоҷикистон низ ҳаққи баргузор кардани музояда ва ё тендерро барои харидори молҳои мавриди ниёзашонро доранд. Вай афзуд: “Ҳамаи музоядаҳое, ки дар тавассути Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот анҷом шудаанд тибқи қонун сурат мегиранд ва дар озмунҳо ба ҳамаи ширкатҳо шароиту имконоти баробар фароҳам оварда мешавад. Дар давоми ду сол Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод ва ҳам Палатаи ҳисоб ҳамаи он музоядаҳое, ки тавассути Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот анҷом дода мешаванд тафтиш мекунанд”.

Тавассути Оҷонсии давлати хариди мол, кор ва хадамот ниҳодҳои давлат барои харидории молу маҳсулот ва иҷрои ягон кор, ё хадамот миёни ширкатҳо озмун эълон мекунанд. Бинобар талаботи қонун дар рӯзи ҷамъбасти озмун мутахассисони ин оҷонсӣ ширкатеро, ки бо маблағи таъиншуда беҳтарин маҳсулот, кор ва ё хадамотро иҷро кунад он ғолиб шуморида мешавад.

XS
SM
MD
LG