Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гонг"-и хомӯши нахустин Биржаи фондӣ дар Тоҷикистон


Нахустин биржаи фондӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳафт моҳ пеш дарҳои худро барои муштариён боз кард, аммо аз замони ифтитоҳ то ба ҳол саҳмияҳои ин ё он ширкат дар он хариду фурӯш намешаванд.

Аввалин биржаи фондӣ дар Тоҷикистон ҳануз моҳи октябри соли гузашта дарҳои худро ба рӯи муштариён боз кард ва аввалин гонги ин биржа бо зарбаи Давлаталӣ Саидов, муовини нахуствазири Тоҷикистон баланд шуда буд. Аммо пас аз маросими ифтитоҳ то кунун ҳар садои гонг дар ин биржа ба гуш намерасад ва саҳмияҳои ин ё он ширкат ҳам хариду фурӯш намешавад.

Наврӯз Ҳотамов, масъули Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми апрел дар ин робита гуфт: “Ҳоло дар биржа саҳмияҳои ширкатҳо хариду фурӯш намешавад. Вале се-чор ширкат бо биржа ва ширкатҳои брокерӣ дар иртибот ҳастанд. Мо умедворем, ки шояд дар анҷоми фасли тобистони ин сол хариду фурӯши аввалин саҳмияҳо дар биржа шурӯъ шавад”.

Аммо ин ҳамсуҳбати мо нагуфт, ки кадоме аз ширкатҳои Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Душанбе талош доранд. Аммо афроди ворид ба ин арса мегӯянд, дар қадами аввал бонкҳо ва ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон саҳмияҳои худро барои харидуфурӯш дар биржаи мазкур омода мекунанд.

Иқтисоддонҳо мегуянд, барои ворид кардани саҳмияҳо ба бозор ширкатҳоро зарур аст, ки аз аудити мустақил гузаранд, дахлу харҷи ширкат ва ҳамчунон моликонро онро ошкор намоянд. Аммо моликони ширкатҳо дар Тоҷикистон ба хотири эмин мондани сармояҳояшон намехоҳанд худро ошкор созанд ва аз сӯи дигар ошкор сохтани дахлу харҷи воқеии корхона, метавонад таваҷҷуҳи нозирони андозро ба бор орад. Аз ин рӯ, ширкатҳо барои ворид шудан ба биржа чандон талош намекунанд.

Аммо иқтисоддон Константин Бондаренко мегӯяд, барои рушди иқтисод дар Тоҷикистон, фаъол шудани биржаи фондӣ ниҳоят муҳим аст ва он метавонад ба яке аз гардонандаҳои иқтисод бадал шавад. Вай афзуд: “Муҳоҷирони тоҷик аз хориҷа як миқдор маблағ мефиристанд ва бо худ ҳам меоранд. Аммо ин сармояҳо куллан харҷ мешавад ва ё дар кунҷи ҷевон мехобад, вале мардум ин пулҳоро ба ягон соҳа сармоягузорӣ намекунанд. На ҳама қобилияти ташкил кардани ширкат ва пеш бурдани бизнесро дорад. Аммо агар биржа фаъол бошад, мардум бо харидани саҳмияҳо метавонанд доимо фоида бигиранд”.

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Бондаренко мегӯяд, дар сурати фаъол будани биржа, ширкатҳо низ фоида мебинанд, чунки бо қиммати аз суди қарзҳои бонки арзонтар барои пешбурди фаъолияташон сармояи иловагӣ ба даст меоранд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, фаъол шудани биржа ҳамчунин ба бозори қарзҳои бонкӣ низ меатвонад таъсир расонад: “Замоне, ки бонкҳо мебинанд ширкатҳо бо нархи нисбатан арзон аз фурӯши саҳмияҳо ба мардум срамоя ба даст меоранд, онҳо низ мизони фоизҳои кредитҳоро поин хоҳанд бурд.”

Нахустин Биржаи фондии Осиёи Марказӣ моҳи октябр дар пойтахти Тоҷикистон фаъол шуд. Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкати Бритониёии GMEX ҳастанд. Аз ширкатҳои тоҷикистонии таъсисдиҳандаи ин биржа ном бурда намешавад, аммо ба маълумоти ғайрирасмӣ, биржаро ширкатҳои наздик ба ҳукумат таъсис додаанд. Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи сеюми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст.

Тоҷикистон солҳо боз талош дорад як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд. Аммо дар гузашта талошҳо барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода рӯи коғаз монд. Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва иҷозаномааш ҳам дигар тамдид нашуд. Биржаи фондии Душанбе, ки низ чанд сол пеш сабт шуд ва як вазифааш хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, аслан фаъолият накард ва маълум нест, сарнавишти он чӣ шуд.

Ин барои аввалин бор аст, ки талошҳо барои ташкили биржа аз рӯи коғаз ба амал гузашт ва дари Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ба рӯи муштариён боз шуд. Ҳамзамон бо ин, ҳукумат харидуфурӯши саҳмияҳоро ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз ё молиёт озод кард. Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард, гуфта буд ин тасмим ба хотири рушди бозори коғазҳои қимматнок гирифта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ва ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар вазорати молия сабт кардаанд. Аммо дар байни онҳо муомилот вуҷуд надорад, тиҷорати саҳмия ва коғазҳои гаронбаҳо парокандаву ноустувор сурат мегирад ва тоҷирону афроди алоҳида гоҳ-гоҳе бастаи назоратии саҳмияҳоро мехаранд. Гузашта аз ин, саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз сабаби набудани биржа нархнома (котировка) ва баҳои расмии дар “listing” сабтшуда надоранд.

XS
SM
MD
LG