Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони биринҷии муштзани навраси тоҷик


Шаббос Неъматуллоев, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Киеви Украина медали биринҷӣ ба даст овард.

Шаббос Неъматуллоев, ки дар даври аввали мусобиқот дар вазни то 66 кило озод буд, дар даври дувум бар Олкай Йилдирим аз Туркия бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд. Баъдан вай дар даври чорякниҳоӣ бар Адития Маан (AIBA, Ҳиндустон) бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард ва ба нимфинал баромад. Вале Шаббос рӯзи 14-уми сентябр дар даври ниманиҳоӣ аз рақибаш Равшан Мӯсоев(Озарбойҷон) мағлуб гашт ва мақоми севумро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки муштзани дигари тоҷик Умед Ёқубов, ки дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфта буд, аз Даниел Гонзалес (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд. Умед дар даврҳои муқаддамотӣ бар Давид Асотириён аз Арманистон ва Исмоил Бенидирӣ аз Алҷазоир пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ду сол пеш дар чунин мусобиқот дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар вазни то 48 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шуда буд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон. Киев, Украина
Натоиҷи қувваозмоиҳо бо ширкати муштзанҳои тоҷик


Вазни 44-46 кг

Даниел Лапин (Украина) - Файзен Раҳматшоев (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 48 кг

Умед Ёқубов (Тоҷикистон) – Давид Асатрян (Арманистон) - 2:1
Умед Ёқубов (Тоҷикистон) – Смайл Бенадирӣ (Алҷазоир) – 3:0
¼ финал. Даниел Гонзалес (ИМА) - Умед Ёқубов (Тоҷикистон) – 3:0

Вазни то 52 кг

Шакур Стивенсон (ИМА) - Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 57 кг

Мичалл Такакс (Словакия) – Далерҷон Ҳусейнов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 63 кг

Томас Хрибик (Словакия) – Фарзод Наҷотов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 66 кг

Шаббос Неъматуллоев (Тоҷикистон) - Олкай Йилдирим (Туркия) –3:0
¼ финал. Шаббос Неъматуллоев (Тоҷикистон)- Адития Маан (АIBA, Ҳиндустон) –3:0
½ финал. 14-уми сентябр. Шаббос Неъматуллоев (Тоҷикистон)-Равшан Мӯсоев (Озарбойҷон) – 0:3.

Вазни то 70 кг

Сандро Полетан (Босния ва Герсоговиня) – Аюбҷон Азизов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 75 кг
Абӯбакр Мирзоалиев (Тоҷикистон) – Тургут Мададӯғлӣ (Туркия) - 2:1
Веплонг Донг (Чин) - Абубакр Мирзоалиев (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни +80 кг

Давид Михалек (Словакия) – Аминҷон Муродов (Тоҷикистон) - 3:0
XS
SM
MD
LG