Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик ба чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт


Умед Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон, ки дар шаҳри Киеви Украина ҷараён дорад, ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфт.

Умед Ёқубов дар давраҳои муқаддамотӣ бар Давид Асатрян аз Арманистон ва Смайл Бенидирӣ аз Алҷазоир аз рӯи имтиёз пирӯзӣ ба даст овард. Умед Ёқубов шаби 12-уми сентябр дар даври чорякниҳоӣ бо Даниел Гонзалес аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақобат мекунад.

Вале муштзанҳои дигари тоҷик аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш дар чунин мусобиқот дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар вазни то 48 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шуда буд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон. Киев, Украина
Натоиҷи қувваозмоиҳо бо ширкати муштзанҳои тоҷик
Вазни 44-46 кг
Даниел Лапин (Украина) - Файзен Раҳматшоев (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 48 кг

Умед Ёқубов (Тоҷикистон) – Давид Асатрян (Арманистон) - 2:1
Умед Ёқубов (Тоҷикистон) – Смайл Бенадирӣ (Алҷазоир) – 3:0

Вазни то 52 кг

Шакур Стивенсон (ИМА) - Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 57 кг

Мичалл Такакс (Словакия) – Далерҷон Ҳусейнов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 63 кг

Томас Хрибик (Словакия) – Фарзод Наҷотов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 70 кг

Сандро Полетан (Босния ва Герсоговиня) – Аюбҷон Азизов (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни то 75 кг

Абубакр Мирзоалиев (Тоҷикистон) – Тургут Мададӯғлӣ (Туркия) - 2:1
Веплонг Донг (Чин) - Абубакр Мирзоалиев (Тоҷикистон) - 3:0

Вазни +80 кг

Давид Михалёк (Словакия) – Аминҷон Муродов (Тоҷикистон) - 3:0
XS
SM
MD
LG