Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: "Ҳаҷ дар байни тоҷикон ба худнамоӣ ва бизнес табдил шудааст" ВИДЕО


Дар Озодӣ Онлайн имрӯз дар бораи марги 14 зиндонӣ, талаби рӯҳониён барои нарафтан ба Ҳаҷ ва бедодгарии ҷину аҷинаҳо дар Фархор мегӯем.

Марги зиндониён дар дохили мошин ва ба гуфтаи мақомот заҳролудшавӣ баҳсу суоли зиёде барангехтааст. Амирҷони Аминҷонӣ дар "Фейсбук" навиштааст, ки сабаби марги маҳбусон беэҳтиётӣ ва саҳлангории мақомот. Шарҳаш ин аст: "Маълум аст, ки зуд табибонро даъват накарда, роҳро давом додаанд. Агар зуд ёрдам мерасониданд, маҳбусон ҳалок намешуданд. Онҳоеро, ки хунукназарӣ кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашанд."

Як корбаре дар "Инстаграм" бо номи kamakawiwoolehegevara чунин муносибат бо зиндониёнро танқид карда гуфтааст, ки бо вуҷуди ин касе барои марги зиндониён ҷавоб намегӯяд: "Муносибат бо онҳо ғайриинсонӣ будааст. Метавонистанд, зуд ба шифохона муроҷиат кунанд. Инҷо саҳлангории посбонон ва раҳбаронашон аст. Ва касе ҳам барои ин ҷавоб намегӯяд."

Як гузорише, ки баҳси дарозеро барангехт, дар бораи даъвати чанд рӯҳонии бонуфуз буд, ки аз мусулмонон хостаанд, имсол ҳаҷ накунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ пули зиёрати онҳоро барои сиёсатҳои нодуруст, аз ҷумла ҷанг ба зидди мусулмонон истифода мебарад.

ОЗОДӢ ОНЛАЙН: "Ҳаҷ ба худнамоии тоҷикон ва бизнес табдил ёфтааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00


"Корбар" дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштаст, "бисёр фатвои хуб! Саудия як режим аст. Барои онҳо ҳаёти инсон қадру қиммат надорад. Вале тоҷики мо барои худнамоӣ ҳатман бояд ба ҳаҷ равад. Ҳаҷ ба худнамоӣ ва бизнесу фасод табдил ёфтааст.

Корбари дигаре аз мардум хостааст, ба ҷойи тавофи Каъба дар ҳалли як мушкили сахти деҳаи онҳо кӯмак кунанд. Муроҷиаташ ин аст: "Бародарон бо ҳамон пул намешавад ба деҳаи мо, ки 180 нафар аҳолӣ дорад, об биёред. Бовар кунед, ин кори шумо аз ҳазорон тавоф беҳтар аст."

Дар бораи ҷину аҷина ҳам сӯҳбат мекунем, ки ба қавли як сокини Фархор, аҳли хонаводаашро безор кардааст. Рустамбек Сафиев аз деҳаи Файзобод мегӯяд, ки ҷин бо корҳои аҷибу ғарибаш онҳоро ба дод овардааст.

Баъзеҳо ба иддаоҳои ӯ бовар доранд, аммо Вендетта ал Бадахшӣ не. Ӯ дар Фейсбук навиштааст: "Ягон гап нест, ҳоло асри технология аст. Камераҳои наворбардорӣ гузоранд, бо ҳамин кори хирс ҳал мешавад".

Гулрухсор Қаюмова гуфтааст, "агар камера гузоранд, бисёр чизҳо аён мешавад. Худашон гуфтаанд, ки на мулло мондаасту, на милиса, ҳамаро овардаанд. Кӣ чунин шӯхӣ мекунад ва дар бадани кӯдакон иероглиф менависад".

Шумо ҳам назару андеша ва видеову аксҳои худро ба мо фиристед, то дигарон бубинанд. Аз тариқи ВОТСАПП, ВАЙБЕР, ТЕЛЕГРАМ ВА Ё ИМО. Шумораи мо +420 724 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG