Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "футболбози ришдори" тоҷик дар Белорус


Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Белорус Парвиз Турсунов, як футболбози собиқи тоҷикро дастгир кардаанд, ки бинобар риши дарозаш аз дастаи футболи ноҳиявӣ хориҷ карда шуд ва дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт.

Дар ин бора яке аз дӯстони Парвиз ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки баъди боздошти футболбози собиқи тоҷик дар фурудгоҳи Минск, мақомоти интизомӣ ӯро дар ин шаҳр нигаҳ дошта ва ҳамсару чаҳор кӯдаки ноболиғашро ба Украина фиристодаанд.

Парвиз Турсунови 43 - сола, ки 7 сол пеш яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и Ваҳдат буд, ба далели риши дарозаш ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ надодаанд. Ҳамсараш Сайёра Субҳонова, рӯзи 23-уми сентябр зимни суҳбат аз шаҳри Киев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Парвизро рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир карданд.

Сабаби боздошти ӯ, зоҳиран дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор доштани Парвиз Турсунов будааст, ки ӯро ба гуфтаи ҳамсараш ва дӯсташ ба пайравӣ ба ҷараёни «Салафия» ва ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.

Парвиз Турсунов
Парвиз Турсунов

«Мо мехостем, аз Минск ба истгоҳи роҳи оҳани Брест рафта ва худро ба (мақомоти Лаҳистон) супорем, чунки шавҳари ман ҷустӯҷу мешавад. Ҳарчанд шавҳари ман ҳеҷ гуноҳе надорад” - гуфт, Сайёра Субҳонова, ки бо чаҳор кӯдакаш дар як хонаи иҷора мунтазири шавҳараш аст.

Ҳамсари Парвиз Турсунов гуфт, ки дар фурудгоҳ баъди тафтиши санадҳои онҳо шавҳарашро ба утоқи дигар бурданд ва дигар наоварданд. Ӯро дар фурудгоҳ се рӯз нигаҳ дошта ва сипас ба Украина фиристодаанд.

Парвиз Турсунов ба гуфтаи дӯсташ Радиои Озодӣ, чанд сол боз «аз дасти кормандон, (мақомоти интизомӣ) гурехта буд ва дар хориҷ зиндагӣ мекард.

Сайёра Субҳонова гуфт, мушкили шавҳараш бо мақомот баъди сару садо дар бораи ришаш шуруъ шуд.

“Вақте, ки футбол бозӣ мекард, мушкилаш сар шуд. Аввал намонданд, ки футбол бозӣ кунад, вале баъд гуфтанд, ки интихоб кунад, ё риш ва ё футбол. Он кас бозиро бас карданд. Баъд 6 сол баромаданду Дубай омаданд” - гуфт, Сайёра Субҳонова. Ба қавли ӯ, баъдан мақомот ӯро ба салафигарӣ муттаҳам карданд.

Дар ин муддат ба гуфтаи Сайёра Субҳонова, ӯ ва шавҳараш ба корҳои гуногун аз ҷумла фурӯши ғизо машғул шуданд, вале дар ин миён бинобар пеш омадани мушкилот дар сабти иқомати Парвиз Турсунов, ӯро аз Дубай ихроҷ кардаанд.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ аз Дубай навишт, ки дар воқеъ дар Дубай дар бораи Парвиз Турсунов шунидааст ва палави уро ҳам хӯрдааст.

“Ман як бор шоҳидам дар як хона 10 тоҷик буд саҳван меҳмон шудам. Пешам оши палав оварданд, пурсидам аз куҷо овардед, гуфтанд Парвиз равон кардааст барои бачаҳои тоҷик”- навиштааст, ин корбари вебсайт дар паёме дар Вотсаппи Радиои Озодӣ.

Ҳамсараш мегӯяд, ки ӯ баъди ихроҷ ва пас гирифтани шиносномааш аз мақомоти пулиси Дубай, аз тарси боздошт дар Тоҷикистон ба Туркия рафт ва онҷо се моҳ монданд.

Азбаски натавонистанд, ҳаққи иқомат бигиранд, се моҳ баъд низ Туркияро тарк карданд ва ба Украина омаданд, то аз инҷо ба Ҷумҳурии Белорус ва сипас ба кишварҳои аврупоӣ бираванд. Вале сафарашон дар Минск хотима ёфт ва Сайёраву чаҳор кӯдаки хурдсол аз ҷумла навзоди 5-моҳаашонро ба кишваре, ки аз онҷо омадаанд, яъне Украина баргардонданд.

“Баъди боздошти шавҳарам (мақомоти Белорус) чизе нагуфтанд, намемонанд, гап занем. Надидам ӯро. Либосҳояшу телефонашро доданд, ҳама чизашонро доданд. Гуфтам, ки мо дар бораи ӯ чӣ гуна хабар мегирем, гуфтанд, ки шаҳри худатон меравед, ё консулгарии худатон мепурсед ва ғайра. Ҳеч чизи дақиқ нагуфтанд” - гуфт, Сайёра Субҳонова.

Гуфтугӯи пешини Радиои Озодӣ бо Парвиз Турсунов

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:46 0:00
Линки мустақим

Дар Хадамоти марзбонии Белорус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асоси муқаррарот боздошти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави кишварро шарҳ намедиҳанд ва фақат консулгарии кишвари марбутаро аз сарнавишти ӯ дар ҷараён мегузоранд.

Парвиз Турсунов, ки 7 сол пеш яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и Ваҳдат буд, ба далели риши дарозаш ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ надодаанд. Парвиз Турсунов он замон гуфтааст, агар барояш интихоб байни футболу ришро пеш гузоранд, аз бозӣ даст мекашад, вале теғ ба риши худ нахоҳад зад. Ӯ гуфтааст, футбол моли ин дунёст ва риш – суннати паёмбари Ислом.

Сайёра Субҳонова дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё Парвиз ришашро гирифтааст, гуфт, ҳанӯз ҳам ришаш ҳамон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG