Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеи ҳукуматӣ мегӯянд, дар Сурияву Ироқ 300 тоҷик кушта шудааст


Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки дар майдонҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ камтар аз 200 шаҳрванди кишвар боқӣ монда, иддае аз онҳо низ дар фикри бозгаштанд.

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, дар як моҳи охир комилан хомӯш шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, далели хомӯшии онҳо ин аст, ки аксари онҳо кушта шудаанд ва қисми зиёди дигар бо эҳсоси пушаймонӣ дар талоши бозгашт ба ватан ҳастанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ 4 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи иттилои онҳо ҳоло камтар аз 200 нафар ҷавони тоҷик дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондааст ва бештар аз 300 нафар кушта шудааст.

Ҷавонони тоҷики пайрави гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" то як моҳи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли “Фейсбук” ва “Одноклассники” наворҳои таблиғии худро ҷой медоданд ва дар баҳсҳои мазҳабӣ хеле фаъол буданд. Аммо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, аксари ҷавонони зиндамонда дар талоши бозгашт ба ватан ҳастанд ва ҳоло беш аз 20 падару модар барои бозгашти фарзандонашон, ки гуфта мешавад, то наздикии марзи Туркия омадаанд, кумак хостаанд.

Мусощиби мо гуфт, "ташвиш аз ин гурӯҳи ҷавонон хеле кам шуд. Ҳоло бозгашт ба ватан ҳам зиёд шудааст. Ҳар нафаре, ки бармегардад, дар доираи қонунҳои амалкунанда нисбат ба онҳо чора мебинем. Онҳое, ки сидқан пушаймон шудаанд, мувофиқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди афв қарор мегиранд." Давоми ду соли ахир ин гурӯҳи ҷавонон, ки шуморашонро беш аз 500 нафар гуфта мешуд, пайваста аз макони зист, саҳнаҳои ҷанг ва кушта шудани ҳамроҳонашон аксу видео нашр мекарданд. Ҳоло наздикони афроде, ки дар минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” қарор доранд, тамосҳои худро ба наздиконашон кам кардаанд ва сӯҳбатҳои охирашон низ оҳанги пушаймонӣ дорад.

Абдулҳафиз Шукуров, падари як ҷавони тоҷике, ки писараш як соли охир дар Сурия қарор дорад, мегӯяд, 10 рӯзи пеш хеле ҳаросон ва мухтасар аз баргаштанаш ба ватан хабар дод, аммо дигар нопадид шуд. Ин мард мегӯяд, писараш даҳ рӯзи пеш гуфта буд, ки баъд аз ду рӯз ба Туркия мерасад ва мақомотро дар ҷараён гузоранд, то ӯро ба Тоҷикистон биёранд. Ӯ гуфт, "мо огоҳ кардем ва кормандони милиса гуфтанд, ки расид, хабар диҳед. Намедонам, ба ӯ чӣ шуд, ки дигар ҳеч занг назад." Фарзанди ин мард 22 сол дорад ва соле пеш аз тариқи Русияву Туркия ба Сурия рафтааст.

Аммо Майрамбӣ Олимова, як модари тоҷик, ки духтараш ҳамроҳ бо шавҳар ва се фарзандаш ба Сурия рафта буд, 4 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта пеш духтараш ба ӯ аз хоки Ироқ занг зад. Хонум Олимова мегӯяд, духтараш моҳҳо боз бо ӯ дар тамос набуд, аммо бори охир гуфтааст, ки аз Сурия ба Ироқ омадааст. "Ӯ занг мезанад, ман аз гиря гап зада наметавонам. Гуфт, ки дар Сурия вазъият хеле бад аст ва онҳо аз он ҷо ба Ироқ рафтанд. Гуфтам, ки "кай меоӣ?", гуфт, пас аз таваллуди фарзанд”. Гулрӯ Олимова ҳамроҳ бо ҳамсараш Лоиқ Раҷабов моҳи сентябри соли 2014 ба Сурия рафта буд. Дар тамосҳои телефонӣ ба модараш ин зан гуфтааст, ки шавҳараш кушта шудааст ва худаш бояд то моҳи ноябр фарзанди чорумашро ба дунё биёрад.

Аммо дар мавриди ғайб задани ҷангиёни тоҷик аз шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳо яксон нест. Ҷаҳонгир Собиров, як ҷавони тоҷик, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мебарад, мегӯяд, бори охир баъзе ҷангиён дар шарҳҳои худ ба якдигар ҳушдор медоданд, ки аз зикри макони будубош ва рақами телефон худдорӣ кунанд, зеро метавонанд мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия, Амрико ва дигар ҳампаймононаш қарор бигиранд.

Ӯ гуфт, "ин ҳарфҳо миёни онҳо пас аз маъюб шудани Гулмурод Ҳалимов ба миён омада буд. Онҳо ақида доштанд, ки Гулмуродро маҳз аз рӯи телефони мобилаш задаанд. Пас аз ин ҳазфи суратҳову гум шудани саҳифаҳояшон оғоз шуд. Ба фикрам, ба хулосае расидаанд, ки дигар интернету телефон истифода накунанд. Зеро истифодаи интернет ва тамошои наворҳои таблиғӣ бисёриҳоро аз ин ҷангҳо пушаймон кард ва онҳо ба ватан баргаштанд".

Ҳанӯз ду соли пеш бо нашри наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони тоҷик аз ҳузури худ дар Сурия ва Ироқ хабар дода буданд. Тибқи охирин иттило, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон - ҷавонони тоҷике, ки ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ба беш аз 500 нафар мерасид. Аммо ҳоло, ба гуфтаи мақомот, беш аз 300 нафари онҳо кушта, беш аз 50 нафар ба ватан баргашта ва танҳо камтар аз 200 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондааст.

Ин матлаб ба забони русӣ дар инҷост

XS
SM
MD
LG