Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Юсуф ва Зулайхо" - тақдими Ҷонибеку Зулайхо ба ошиқон. ВИДЕО


Ду овозхони попи тоҷик бо таронаи нави худ сокинони Тоҷикистонро бо рӯзи ошиқон ё Валентин табрик карданд.

Дар рӯзе, ки бархе ҷавонон дар Тоҷикистон ҳам мисли аксар гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯзи 14 феврал иди ошиқонро таҷлил мекунанд, Ҷонибек Муродов ва Зулайхо Маҳмадшоева таронаеро бо номи "Юсуф ва Зулайхо" тақдими ҳаводорон кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ин дуэти ошиқона маҳз ба Рӯзи байналмилалии ошиқон бахшида шудааст.

Зулайхо Маҳмадшоева рузи 14-уми феврал дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, эҷоди таронаи муштарак идеяи Ҷонибек буд. Ба гуфтаи ин овозхон, ҳарчанд ин тарона ба зиндагии худи ӯ рабте надорад, аммо чун имкони баргузор кардани консертҳои бузург дар ин рӯз фароҳам нашуд, онҳо хостанд ин таронаро ба ошиқон тақдим кунанд. Зулайхо гуфт, таронаи муштараки "Юсуф ва Зулайхо" бар пояи матни шоир Орзу Исоев ва оҳанги Даврони Раҳматзод таҳия шуда, ишқу муҳаббат ва дарду ғами ҷудоиро ба риштаи тасвир кашидааст.

“Ин идеяи ману Ҷонибек буд ва вақте ки бо оҳангсоз суҳбат мекардем, ба ин хулоса расидем, ки зери номи Юсуф ва Зулайхо тарона хонем. Хондани таронае аз қиссаи ишқи Юсуф ва Зулайхо барои аксар мардуми мо ошно аст. Худам низ борҳо достони Юсуф ва Зулайхоро хондаам ва ҳануз ҳам филмҳояшро тамошо мекунам. Вале тарона ба он мазмуне нест, ки достон навишта шудааст, ин тарона бар пояи идеяҳои ману Ҷонибек тавлид шудааст”.

Рӯзи 14-уми феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Дар кишварҳои ғарбӣ, ки ин ид аз он ҷо маншаъ мегирад, мардум ба ҳамдигар корти табрикиву гул ва паёмҳои идона мефиристанд. Ирсоли паём тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ як василаи маъмули табрики ҳамдигар шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таҷлили Иди ошиқон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Таҷлили иди ошиқон дар Тоҷикистон ҳанӯз бисту сӣ соли пеш чандон маъмул набуд. Вале онҳое, ки ба ин ид таваҷҷӯҳ доранд, фикри аслии ид – шодбоши азизонашонро муҳим медонанд ва мегӯянд, аз тақдими тӯҳфа ба ошиқонашон танҳо паёми нек дорад ва равобити ошиқонро наздиктару мустаҳкамтар мекунад.

Дар ҳоле ки бахши муҳофизакори ҷомеа ба “бегона” ва “ғайриахлоқӣ” будани ин ҷашн таъкид мекунанд ва қишри дигари ҷомеа ғолибан бетафовут аст, аксар ҷавонони сокини шаҳрҳои Тоҷикистон ин идро ҳамчун баҳонае барои табрики дилдодаҳои худ қабул кардаанд.

Дар ду соли пеш ҳам як пурсиши маркази “Z-Analytics Group” дар Тоҷикистон миёни 221 корбари интернет нишон дод, ки 67 дар сади пурсидашудагон аз ин рӯз огаҳ ҳастанд ва ҳар нафари севвуми пурсидашуда гуфтааст, ки мехоҳад дар ин рӯз ба нафари дӯстдоштааш тӯҳфае тақдим кунад.

Ривояти таърихчаи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ - 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG