Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи Садриддин барои кӯдакони Роҳинҷа. САДО


Садриддин Наҷмиддин, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар бораи тифлони фирории қавми роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш, оҳангеро иҷро кардааст. Ин суруд, ки "Тифли Мянмар" ном дорад, рӯзи 25-уми декабр дар шакли савтӣ пахш шуд.

Олим Ширинов, танзимгари овоз, ки дар таҳияи ин суруд саҳм гузоштааст, рӯзи 25-уми декабр дар саҳифаи "Фейсбук"-аш навишт, ки суруд ҳанӯз моҳи ноябр таҳия шуда буд, вале тасмим шуд, онро қабл аз Соли Нав пахш кунанд. Дар ин суруд тифлони фирории Мянмар “тифлаки олуда ба селоби хун” унвон шудааст, ки “рӯи ҷисми модараш намедонад, ки аз ҷисми ӯ қатра-қатра оби гулгун ва аз синааш хун меравад”.

Таронаи Садриддини Наҷмиддинро дар инҷо бишнавед:

"Тифли Мянмар" дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин

Дар ин суруд сӯхтани хонаҳои мардуми мусалмони Мянмар ва вазъи даҳшатбори кӯдакон тасвир мешавад. Оташ задани хонаҳои мардуми мусалмо ва қатлу куштори онҳо, вокуниши ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Тоҷикистон низ ин хушунтаҳоро маҳкум карда буд.

Охири моҳи августи соли равон дар пайи муноқиша миёни аксарияти буддоиҳо ва мусалмонони роҳинҷа дар Мянмар, ҳазорон нафар ба Бангладеш фирор карданд. Тибқи иттилои созмони “Табибони бидуни марз”, дар пайи хушунатҳо 6 ҳазору 700 мусалмони роҳинҷа кушта шуданд, ки бештари онҳо кӯдакон будаанд.

Ин суруди Садриддин Наҷмиддин низ зоҳиран як вокуниш ба куштори тифлони қавми роҳинҷа ҳаст. Дар гузашта низ сарояндаҳои тоҷик дар бораи ҳодисаҳои ҳассоси ҷаҳон бо сурудани суруд вокуниш нишон додаанд.

Ҷонибеки Мурод, сарояндаи тоҷик соли 2015 дар бораи марги Олони Курдӣ, тифли сесолаи курд, ки ҷасади беҷонаш аз соҳиле дар Туркия пайдо шуд, суруд эҷод карда буд. Олон ҳамроҳи хонаводааш аз ҷангҳои Сурия мехост ба Аврупо фирор кунад, вале дар баҳр ғарқ шуданд.

XS
SM
MD
LG