Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нагӯ-нагӯ"-и Нозия дар иҷрои овозхоне аз Шри-Ланка


Ошанӣ Сандипа
Ошанӣ Сандипа

Як таронаи овозхони тоҷик Нозияи Кароматуллоҳро дар иҷрои хонандае аз Шри-Ланка  дар шабакаи Ютуб қариб 1 миллион нафар тамошо кардаанд.

Таронаи “Нагӯ-нагӯ”-и овозхони тоҷик Нозияи Кароматуллоҳ дар иҷрои Ошанӣ Сандипа ном овозхони ҷавон аз Шри-Ланка дар тӯли ҳамагӣ 5 моҳ таваҷҷӯҳи қариб 1 миллион нафарро дар пойгоҳи интернетии Ютуб ҷалб кардааст. Ошанӣ Сандипа ин таронаро моҳи сентябр дар як барномиа телевизиони миллии Шри-Ланка – TNL – иҷро кардааст. Гуфта мешавад, таронаи «Нагӯ-Нагӯ» нахустин таронае буд, ки дар телевизионҳои Шри-Ланка ба таври зинда иҷро шудааст.

Ошанӣ Сандипа аз хонандаҳои шинохтаи Шри-Ланка ба шумор рафта, ҳанӯз аз даврони хурдсолӣ дар саҳнаи эстрадаи ин кишвари воқеъ дар Осиёи ҷанубӣ намои ҳунар мекунад. Ӯ дар соли 2013 баъди касби мақоми аввал дар мавсими панҷуми озмуни миллии Derana Little Star дар шабакаи телевизионии Derana маъруф шуд.

Як масъули маҳфили мухлисони Ошанӣ Сандипа, ки саҳифаи ӯро дар Фейсбук низ гардонандагӣ мекунад, рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Ошанӣ таронаи Нозияро бар пояи маҳбубияташ дар Интернет интихоб ва иҷро кардааст.

Марҳабо Азизова, продюсери Нозияи Кароматуллоҳ рӯзи 8 феврал ба Озодӣ гуфт, ӯву Нозия аз шунидани хабари дар Шри-Ланка маъруф шудани таронаи “Нагӯ-нагӯ” хушҳол шудаанд: “Ҳамаи таронаҳои Нозия дар Шри-Ланка тамошобини зиёд пайдо кардаанд, вале сатҳи маъруфияти “Нагӯ-нагӯ” фавқулодда аст. Мисли шлягер шудааст “Нагӯ-нагӯ”. Дар онҷо ин таронаро ҳам ба тоҷикӣ ва ҳам ба забони худашон иҷро мекунанд, кӯдакон ҳам онро мехонанд, ҷавонон низ бо ҳамин тарона ба дӯстдоштаҳои худ изҳори ишқ мекунанд.”

Нозияи Кароматуллоҳ
Нозияи Кароматуллоҳ

Марҳабо Азизова гуфт, маҳбубияти Нозия дар Шри-Ланка чунон боло рафтааст, ки ӯро имсол ҳатто дар Соли нав ба он кишвар даъват карданд, вале ӯ ба сабаби таваллуди фарзандаш сафар карда натавонист: “Умедворем, ки баъди каме бузургтар шудани духтарчааш Нозия ба Шри-Ланка сафар карда, барои мухлисони сершумораш дар онҷо консерт хоҳад дод.”

Яке аз нашрҳои таронаи “Нагӯ-нагӯ” дар иҷрои Ошанӣ Сандипаро, ки дар Ютуб қариб 700 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст, инҷо тамошо кунед:

Нозияи Кароматуллоҳ, фарзанди овозхони зиндаёд Кароматуллоҳи Қурбон, соли 1988 ба дунё омада, аз ситораҳои ҷавони эстрадаи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ таронаи “Нагӯ-нагӯ” бар матни Орзу Исоевро ҳанӯз дар соли 2011 иҷро кардааст. Танҳо ду нашри ин тарона – дар шакли клип ва бо сабти HD - дар иҷрои худи Нозия то имрӯз дар Ютуб қариб 2,5 миллион тамошобинро ҷалб кардааст.

Таронаи “Нагӯ-нагӯ” дар иҷрои худи Нозияи Кароматуллоҳ:

​Нозияи Кароматуллоҳ соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанбе ва соли 2010 консерваторияи Ҳиндустонро хатм кардааст. Ӯ дар соли 2007 дар Ҳинд дар озмуни рақси классикии “Катак” низ пирӯз шудааст.

Аммо дар моҳҳои охир Нозияи Кароматуллоҳ дар саҳна зиёд зоҳир намешуд. Наздиконаш ду моҳ пеш хабар доданд, ки Нозия рӯзи 7 декабр соҳиби духтар шудааст. Марҳабо Азизова, продюсери Нозияи Кароматуллоҳ рӯзи 8 феврал ба Озодӣ гуфт, Нозия ҳанӯз баъди таваллуд ба саҳна барнагаштааст ва машғули тифлаш аст.

XS
SM
MD
LG