Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Назаров сукутро шикаст ва аз мухлисонаш хост, ӯро дарк кунанд


Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик баъд аз сукут дар бораи ҳаёҳу дар атрофи номаш бо як баёнияе аз мухлисонаш хостааст, дигар масъалаи ҷоиза додан ба ӯро дар миён нагузоранд.

Ӯ рӯзи 27-уми июл дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, дархост барои унвон додан ба Далер Назаров, “боиси нороҳатиаш мешавад” ва барои ӯ муҳаббати мухлисонаш кофист.

Дар баёнияи овозхон, ки ба зудӣ 60-сола мешавад ва бо вуҷуди маҳбубияташ дар миёни оммаи васеъ, ҳеҷ унвони давлатӣ надорад, омадааст: “Як рӯзе ин масъаларо дар куҷое баҳс карданд ва ман гуфтам, ки мусиқӣ барои ман кор нест, балки зиндагӣ аст, истироҳат аст. Чаро ба ман барои коре, ки аз он лаззат мебарам, ҷоиза бидиҳанд. Ман ин корро барои он мекунам, ки бе он наметавонам. Худи онки ман бо (мусиқӣ) машғулам ҷоиза аст.”

Далер Назаров гуфтааст, агар баҳс дар бораи номи ӯ дар Фейсбук аз ҳоло ҳам доманадортар мебуд, сукутро пеша мекард, вале азбаски номи вазири фарҳанги Тоҷикистон дар миён аст, водор шуд, баёнияе бидиҳад.

Баҳси доғ сари номи Далер Назаров дар Фейсбук ва ҷамъоварии имзо барои унвон додан ба ӯ баъд аз он сар зад, ки вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, ҳамин ҳафта дар як нишасти хабарӣ ба суол дар бораи инкӣ чаро ба Далер Назаров бо вуҷуди хидмату маҳбубияташ ҷоизае намедиҳанд, гуфт, “бояд муассисае ё созмоне ӯро ба унвон пешниҳод кунад.”

Садҳо нафар дар Фейсбук зери як муроҷиатномае имзо гузошта ва хостаанд, ки ба Далер Назаров, унвони "Овозхони мардумии Тоҷикистон" дода шавад. Далер Назаров гуфтааст, маҳз ба хотири Шамсиддин Орумбекзода, ба ин баҳс ҳамроҳ шуд, зеро ба шахсияташ эҳтиром мегузорад ва намехоҳад, “ки ӯ барои ман ҷавоб гӯяд.”

Дар баёнияи Далер Назаров, ки бо забони русӣ навиштааст, омадааст: “Ман арбоби давлатӣ нестам, дастовардҳои адабӣ ва пирӯзие надорам. Ман собиқаи корӣ дар муассисаҳои давлатӣ надорам, барои ҳамин суол ба вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода комилан беасос аст.” Ӯ аз мухлисонаш «аз самими қалб» хостааст, ки дигар масъалаи унвонро набардоранд ва касеро ҳам барои унвоне надоштани ӯ гунаҳкор надоданд. Ба қавли ӯ, баҳсҳо дар бораи онки бо гуноҳи касе Далер Назаров унвон надорад, аслан дуруст нест.

Овозхони тоҷик навиштааст: «Нақши ман, наздик кардани одамони зиёде бо ҳам аст, на барангехтани баҳс дар гирди номам. Мусиқӣ барои тамоми мавҷудоти зинда сулҳу созандагӣ меорад. Ман аз замони таваллудам хушбахтам ва аз он хушбахтам, тамоми мардум ба ман муҳаббат доранд.» Ба қавли Далер Назаров, барои ӯ муҳаббати мухлисонаш кофист ва аз онҳо ҳеҷ чизи дигар намехоҳад.

Далер Назаров гуфтааст, баръакс унвон ба ӯ дар зиндагӣ халал мерасонад. «Барои ман бе унвон будан беҳтар аст» навиштааст ӯ ва афзудааст, ҳамчун фарди беунвон метавонад ақидаи шахсӣ ва мустақилро баён кунад. Овозхони тоҷик аз мухлисонаш хостааст, ки дигар ӯ ва афроди дигар аз ҷумла вазири фарҳангро дар вазъи ноҳинҷор нагузоранд, чун Шамсиддин Орумбекзода то кунун ба ӯ борҳо кӯмак карда ва бисёре аз пешниҳодҳояшро пазируфтааст.

Далер Назаров изҳори умедворӣ кардааст, ки мухлисонаш ӯро дарк мекунанд. Ӯ баёнияаашро бо ду калима ва он ҳам «хушбахт бошед», хотима додааст.

Далер Назаров, 8-уми сентябри соли 1959 ба дунё омадааст ва соли 1980 яке аз овозхонҳои маҳбубтарин дар Тоҷикистон шуд ва ҳамчунон аз шӯҳрати зиёд бархурдор аст. Ӯ мисли дигар овозхонҳо ҳар соле як тарона намесозад, вале ҳама сурудаҳояш баъди берун омадан, зуд маҳбуб мешаванд. Далер Назаров, гоҳ дар Душанбе ва гоҳе дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад. "Турки шерозӣ", "Чак-чаки борони баҳор" фақат ду таронаи Далер Назаров аст, ки дар Тоҷикистон аксарият медонанд ва мехонанд.

Бисёре аз корбароне, ки баёнияи ӯро хондаанд, ба Далер Назаров барои «хоксорӣ» ташаккур гуфтаанд. Ва яке аз шарҳҳо, ки Хуршеда Назарова дар зери навиштаи овозхон дар Фейсбук гузоштааст ин аст:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе,ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Шарҳҳоро бинед (43)

XS
SM
MD
LG