Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти хайрияи Ситора барои муолиҷаи тифли бемори тоҷик. ВИДЕО


Sitorai Karomatullo - Tajik singer
Sitorai Karomatullo - Tajik singer

Ситораи Кароматулло, овозхони ҷавони тоҷик тасмим гирифт, пули аввалин консерти худро барои наҷоти як кӯдаки бемор бубахшад.

Консерти хайриявӣ рӯзи 2-юми май дар Душанбе баргузор мешавад ва маблағи ба даст омадаро барои табобати Абумутолиб - як кӯдаки 12-сола аз шаҳри Кулоб хайр мекунад.

Ситораи Кароматулло тирамоҳи соли гузашта издивоҷ кард ва то чанд моҳи пеш бо шавҳараш дар Амрико зиндагӣ мекард.

Ӯ рӯзи 28-уми апрел дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, гуфт, хоҳиши кӯмак ба кӯдаки бемор ӯро ба баргузор кардани аввалин консерти хайрия водор кард, то аз ин роҳ ба дармондае дасти ёрӣ расонад.

Консерти хайрияи Ситора барои муолиҷаи тифли бемори тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

Ситора, ки худ нахустфарзандашро интизор аст, ба консерт омодагӣ мегирад ва умед дорад, мухлисонаш ӯро дар ин кори хайр дастгирӣ мекунанд.

“Консерт дар ҳамдастӣ бо маркази продюссерии Шоира ва ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар баргузор мешавад”-гуфт ӯ.

Консертҳои хайрия дар Тоҷикистон солҳои ахир бештар мешавад ва овозхонҳои ҷавон мекӯшанд, аз ин роҳ ба кӯдакони бемор ва ё афроде, ки сахт мӯҳтоҷи ёрӣ ҳастанд, кӯмак расонанд.

Дар гузашта ҳам консертҳои зиёди хайрия баргузор шудаанд, вале бори аввал аст, ки Ситораи Кароматулло чунин консерт баргузор мекунад.

Ситораи Кароматулло соли 2016 бо як сафари ҳунарӣ ба Амрико рафта буд ва онҷо шарики ояндаи зиндагиаш ошно шудааст. Ӯ аз ҷавонтарин шашмақомсароҳо дар ансамбли давлатии Шашмақом дар назди кумитаи телевизон ва радиои Тоҷикистон аст.

Ситораи Кароматулло 26 сол дошта, хатмкардаи мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва шӯъбаи мусиқии анъанавии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст. Ғижжакнавоз аст ва аз 16-солагӣ ба иҷрои оҳангҳои “Шашмақом” таваҷҷӯҳ дорад.

XS
SM
MD
LG