Пайвандҳои дастрасӣ

"Мушовири низомӣ ва сарбозгир". Гулмурод Ҳалимов дар руйхати нави СММ


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро дар руйхати тозаи таҳримҳояш ҳамчун “мушовири низомӣ ва сарбозгир”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дубора таҳти таҳрим қарор дод.

“Феҳристи афроди таҳримшуда тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид” рӯзи 20-уми август дар шакли нав нашр шуд. Ин руйхат дар 6 моҳ як бор такмил мешавад.

Борҳо хабари марги ӯ расонаӣ шуд, вале расман аз ҷониби давлате тасдиқ нагардид

​Дар феҳрасти нав гуфта мешавад, ки ӯ ҳамчун узви баландмақоми созмони “Давлати исломии Ироқу Шом”, ки аз ҷониби СММ гурӯҳи марбут ба “Ал-Қоида” дониста мешавад, таҳти ҷустуҷӯи давлати Тоҷикистон, Интерпол ва Шӯрои амният қарор дорад. Аз Ҳалимов дар рӯйхати нав, “мушовири низомӣ, узв ва сарбозгири ДИИШ” ном бурда мешавад.Афродеро, ки кушта ё боздошт шуданашон тасдиқ мешавад, аз ин руйхат мебардоранд. Дар руйхати қаблӣ, ба ҷуз таҳти таҳрим қарор доштани Гулмурод Ҳалимов, маълумоти дигаре дар бораи ӯ набуд.

Таҳримҳои СММ кишварҳои узвро вазифадор мекунад, ки аз додани ҳамагуна силоҳу муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ ва кумаку омӯзишҳои низомӣ ба шахсони мавриди таҳрим худдорӣ варзанд. Инчунин СММ аз ҳама кишварҳои узв талаб мекунад, ки ҳамагуна суратҳисоб, дороиҳо ва воситаҳои иқтисодии марбут ба шахсони зери таҳрим қарордоштаро таъҷилан мунҷамид кунанд (банданд), то афроди зери таҳрим қарордошта, минбаъд аз он истифода карда натавонанд. Таҳримҳои СММ инчунин кишварҳоро ӯҳдадор мекунад, ки шахсони таҳримшуда аз тариқи қаламрави кишварҳои узв ҳаракат накунанд.

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

​Гулмурод Ҳалимов, полковники Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дубора дар ин феҳраст, исмаш ҷой гирифтааст, моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад. Моҳи майи ҳамон сол дар навори таблиғотии ДИИШ пайдо шуд ва эълон кард, ки ба ин созмони тундрав пайвастааст.

То ҳанӯз дар бораи макони дақиқи зист ва мурда ё зинда буданаш маълумот нест. Дар маълумотномаи кӯтоҳи СММ гуфта мешавад, ки соли 2015 дар Сурия қарор дошт. Маъмулан, ин созмон афродеро, ки ҳалокаташон тасдиқ мешавад, аз рӯйхат хориҷ мекунад.

Борҳо хабари марги ӯ расонаӣ шуд, вале расман аз ҷониби давлате тасдиқ нагардид.

Бори охир, моҳи сентябри соли 2017, Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки дар як ҳамла дар минтақаи Дайр-Аз-Зори Сурия Ҳалимов “сахт захмӣ шудааст”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии моҳи феврали соли 2017 гуфт, Душанбе дар бораи сарнавишти Ҳалимов иттилое надорад.

Тоҷиддин Назаров ҷустуҷӯ мешавад
Тоҷиддин Назаров ҷустуҷӯ мешавад

Рӯзи 6-уми август Тоҷиддин Назаров, таблиғгари тоҷики узви ДИИШ, ки бо номи Абу Усомаи Норакӣ шинохта мешавад, дар навори савтӣ бе ишора ба мурда ё зинда будани Гулмурод Ҳалимов гуфт, ки ӯ ҳама сири низомии Тоҷикистонро ба онҳо фош кардааст. Ин таблиғгари ДИИШ соли гузашта хабарҳо дар бораи марги Ҳалимовро рад карда буд ва гуфт, ӯ зинда аст.

Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ буд.

Ӯ аз ду ҳамсар ҳашт фарзанд дорад. Ҳамсари дуввумаш, Ҳумайро Мирова соли 2016 ҳамроҳ бо чаҳор фарзанди хурдсолаш аз Тоҷикистон фирор кард ва ба шавҳараш ҳамроҳ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG