Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Душанбе таҷаммӯи хоҳишмандони кӯчидан ба Русияро пароканда кард.ВИДЕО


Дар пайи бетартибиҳо дар навбати сабтиноми хосторони ширкат дар барномаи давлатии “Муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия” дар пушти дари намояндагии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия дар пойтахти Тоҷикистон мақомоти ин хадамот полисро барои барқарории тартибу интизом ҷалб кард. Дар навбат садҳо нафар қарор доштанд. Дар пайи ин мақомоти рус тасмим гирифтанд, ки ҷараёни номнависи хоҳишмандони кӯч бастан ба Русияро на ҳузурӣ, балки тавассути телефони ин ниҳод номнавис кунанд.

Пулис издиҳомро пароканда кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз идомаи беназмӣ дар миёни алоқамандони муҳоҷират ба Русия дар назди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар пойтахти Тоҷикистонро ҷилавгирӣ кард. Замоне, ки қабл аз зӯҳри 9-уми январ ба маҳалли ин намояндагӣ дар наздикии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон расидем, ҳанӯз таҷаммӯи маъмурони пулис ва хоҳишмандони кӯч бастан ба Русия мушоҳида мешуд. Талоши хабарнигорони Радиои Озодӣ барои ворид шудан ба дохили бинои намояндагӣ бенатиҷа монд.

Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо Русия созишномаи душаҳрвандиро дорад ва ҳар касе, ки шаҳрвандии ду тарафро дорад, метавонад, дар кишвари дилхоҳаш кору зиндагӣ кунад.

Рӯзи 9-уми январ дар як тамоси телефонӣ Галина Александрова, ки худро котиби кордори дафтари намояндагӣ муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи бетартибиҳо онҳо водор шуданд, нерӯҳои пулисро даъват кунанд. Вай афзуд: “Бо дастури мақомоти пулиси Душанбе ҳамакнун хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия метавонанд танҳо тавассути телефони намояндагӣ дар Тоҷикистон худро барои шомил шудан ба феҳрасти алоқамандони кӯчидан ба Русия сабти ном кунанд. Мо дигар онҳоро ҳузурӣ қабул намекунем”.

Дар атрофи бинои намояндагӣ бархе аз алоқамандони муҳоҷират ба Русия ҳамчунон ба умеди сабти ном шудан дар рӯйхати довталабон гаштугузор доштанд. Ба гуфтаи онҳо, шаби 8 ба 9 январ ҳудуди 2,5 ҳазор хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия дар назди ин намояндагӣ таҷаммӯъ карданд ва рӯзона дар навбат бетартибиҳо сар зад. Аз ҷумла, шишаҳои таблоҳои иттилоотии ин намояндагӣ шикаставу сокинони биноҳои атроф аз садоҳои баланди муроҷиаткунандаҳо бедорхобӣ доштаанд.

Пулиси Душанбе таҷаммӯи хоҳишмандони кӯчидан ба Русияро пароканда кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:20 0:00

"Ин ҳама аз бефарҳангӣ аст"

Сурайё Раҷабова, устоди Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ва сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нимаи шаби гузашта ба назди намояндагии ХФМ Русия омада, дар рӯйхати хоҳишмандони сабти ном шумораи 673 доштааст. Аммо худи хоҳишмандон дар пайи беназмиҳои кормандони намояндагӣ бетартибӣ карда, корро то қатъи қабул расонидаанд.

Вай афзуд: “Ин ҳама аз бефарҳангии мардуми мост. Бештаре аз хоҳишмандони муҳоҷират на танҳо аз фарҳанги Русия иттилоъ надоштанд, балки ҳатто забони русиро намедонистанд. Ман муддате дар Русия дар назди шавҳарам ва фарзандон зиндагӣ карда, ҳатто дар мактабҳои русӣ ба унвони устоди забони русӣ кор кардаам. Аммо акнун дар пайи ин бетартибиҳо намедонам чӣ замоне ҳаққи кӯчидан ба Русияро дарёфт мекунам”.

Чӣ тоҷиконро ба фикри ҳиҷрат андохтааст?

Умед Орипов, ҳуқуқшиноси тоҷик низ дар фикри муҳоҷират ба Русия аст ва мехоҳад тавассути барномаи «Переселение» ё кӯч додани ҳамватанони Русия ба ин кишвар муҳоҷират кунад. Далели ин тасмимашро Умед Орипов ба мушкили дарёфти ҷойи кор дар Тоҷикистон рабт медиҳад:

Умед Орипов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “12 сол ба унвони ҳуқуқшинос фаъолият кардаам, вале тӯли 8 соли ахир наметавонам барои худ ҷойи кор пайдо кунам. Дар Русия хешованде надорам, аммо агар маро ба ин барнома шомил кунанд, ҳам ҷойи кор ва ҳам ҷойи зист фароҳам мекунанд. Мехоҳам ҳамроҳи оилаи шашнафариам ба Русия биравам”.

Умар Чориев, сокини ноҳияи Шаҳритуз низ асосан ба далели пайдо кардани шароити беҳтари зиндагӣ мехоҳад ба Русия муҳоҷират кунад. Ба гуфтаи вай, на танҳо дар ноҳияи Шаҳритуз, балки ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон низ дар шароити феълӣ пайдо кардани ҷойи кор душвор шудааст: “Ман ҳоло ночорам барои рӯзгузаронӣ дар Душанбе машғули мардикорӣ шавам. Вале ҳатто маблағе, ки аз ин шуғл ба даст меоварам, барои зиндагии оилаи чаҳорнафариам кифоят намекунад. Ман наметавонам тамоми умр мардикорӣ кунам. Мехоҳам шароити беҳтаре дошта бошам. Ба ин далел, мехоҳам шомили барномаи кӯчидани ҳамватанон шаваму дар Русия зиндагии беҳтареро соҳиб шавам”.

Барномаи «Переселение», ки аз ҷониби ҳукумати Русия барои собиқ сокинони ҷумҳуриҳои шӯравӣ роҳандозӣ шудааст, мавриди таваҷҷӯҳи он қишри ҷомеа мебошад, ки тавассути роҳҳои нисбатан осони соҳиб шудан ба ҳаққи шаҳрвандии Русия нияти кӯчидан ба ин кишварро доранд. Бисёре аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, тавассути ҳамин барнома ба Русия кӯч бастаанд.

"Доштани шиносномаи кишвари дигар мӯд шудааст"

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар солҳои ахир мушкилоти иқтисодӣ сокинонро водор месозад, ки ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд. Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки агар дар даҳаи 1990 масоили амниятӣ ва сиёсӣ боиси муҳоҷирати сокинон шуда бошад, дар солҳои ахир камбуди ҷойи кор бархеро водор мекунад, ки Тоҷикистонро тарк кунанд:

«Ҳоло барои сокинони Тоҷикистон мӯд шудааст, ки дар канори шаҳрвандии Тоҷикистон, шиносномаи кишвари дигареро дошта бошӣ. Ба далели сатҳи пасти забондонӣ, тоҷикон асосан озими Русия мешаванд. Далелаш набуди ҷойи кор ва шароити хуби зиндагӣ дар Тоҷикистон аст. Русия низ то ҷое ба ин раванд алоқаманд аст ва барои муҳоҷирати тоҷикон ба минтақаҳои худ маблағ медиҳад»,-афзуд Раҳмон Ӯлмасов.

Мақомдорони Русия мегӯянд, ҷалби шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ барои зиндагӣ ва пазируфтани шаҳрвандии ин кишвар метавонад то ҳадде масъалаи суръати кунди афзоиши аҳолӣ дар ин кишварро ҳал кунад. Шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки забону фарҳанги русиро аз он солҳо медонанд, ба унвони қишри нисбатан ошно ва наздик ба менталитети мардуми Русия арзёбӣ мешаванд. Вале тавре коршиносон мегӯянд, агар ҳам ин барнома ба манфиати Русия ва бахше аз шаҳрвандони Тоҷикистон бошад, барои ояндаи Тоҷикистон ва кишварҳое, ки аҳолиаш аз ин барнома истифода мекунанд, паёмадҳои номатлуб хоҳад дошт.

"Кӯч бастан ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мегузорад"

Азизи Нақибзод.
Азизи Нақибзод.

Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик, ки пайваста мавзӯи муҳоҷирати тоҷиконро пайгирӣ мекунад, аз афзоиши алоқамандони муҳоҷирони кишвар нигарон аст. Вай бар ин назар аст, ки кӯч бастани тоҷикон ба Русия ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мегузорад, зеро умдатан нафарони солиму таҳсилкарда кишварро тарк мекунанд.

Вай дар бораи омилҳои дигари ин раванд гуфт: “Бо гузашти 26 соли истиқлолият мо ҳамчунон ба ваҳдати миллӣ нарасидаем. Дуруст аст, ки бештаре аз муҳоҷирон ба далели мушкилоти иқтисодӣ кишварро тарк мекунанд. Ба дунболи муҳоҷирони сиёсӣ муҳоҷирони иқтисодӣ аз ҷумлаи соҳибкорон низ пайдо шуданд. Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ тақрибан мушоҳида намешавад ва ба ин далел, соҳибкорону равшанфикрон талош мекунанд кишварҳои дигареро барои зиндагӣ интихоб кунанд”.

Зимнан, барномаи кӯч додани ҳамватанони Русия аз соли 2006 мавриди иҷро даромада, соли 2016 аз Тоҷикистон 1830 хонавода барои зиндагии доимӣ озими минтақаҳои мухталифи Русия шудаанд. Мақомоти Русия ба ин афрод кӯмакҳои молӣ карда, барои чунин довталабон ҷойи кор ва зист фароҳам мекунад. Маблағи кӯмакпулиҳои давлати Русия аз минтақаи дурдаст будани интихобкардаи довталабон вобастагӣ дорад.

Яке аз шартҳои асосии шомил шудан ба ин барнома таваллуд дар солҳои замони шӯравӣ, яъне то соли 1991 мебошад. Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки дар солҳои ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд, ба маротиб бештар аз он аст, ки дар матбуот нашр мешавад. Тоҷикистону Русия дар баробари ин барномаи душаҳрвандиро низ доранд, ки ҳуқуқи доштани шиносмномаҳои ду кишварро ба сокинони ин кишвар фароҳам меоварад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG