Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ: "Иштибоҳ аз ронанда буд, на аз марзбонон"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния хабарҳои нашршуда дар бархе аз расонаҳо дар мавриди бо иштибоҳи марзбонони тоҷик рух додани ҳодисаи тирпаронӣ дар минтақаи қисми марзбонии "Исфара"-ро радд кард. Дар ин ҳодиса, ки шаби 7-уми январи соли ҷорӣ рух дод, як сокини маҳаллӣ захмӣ ва як тани дигар дар бемористон ҷон бохтааст.

Дар изҳороти расмии Сарраёсати марзбонии КДАМ, ки рӯзи 23-юми январ пахш шуд ва як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешавад, ки соати 21:20 дақиқаи 7-уми январ дар гузаргоҳи марзии Исфара дар наздикии рустои Маҳрами шаҳри Конибодом марзбонони тоҷик як мошини навъи "Жигули"-ро, ки дар он панҷ шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, барои тафтиш манъ карданд.

Аммо бар пояи ин изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ронанда ба сабабҳои номаълум мошинро ба зудӣ аз маҳал ронд ва ҳангоми ҳаракати тунди мошин пойи яке аз марзбонон осеб дид. ​Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси муқаррароти марзбонӣ, низомиён дар оғоз ба ҳаво тирпаронӣ карданд, аммо ронанда ба ҳушдорҳои онҳо итоат накард ва марзбонон маҷбур шуданд, ки ба тарафи мошин ду маротиба тирандозӣ кунанд.

Ба пояи ин изҳорот, дар натиҷа ду нафар аз афроде, ки дар мошин ҳузур доштанд, захмӣ шуданд ва яке аз онҳо -- Абубакр Бобоев рӯзи 17-уми январ дар бемористон даргузашт. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир Додситонии низомии гарнизони Суғд дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG